Главная / Илм / КуХНАВАРДи

КуХНАВАРДи

kuhnavardiКуХНАВАРДи, алпинизм, бо максадхои варзиши ва тадкикот баромадан ба куллахои кух. К. дар одам хислатхои мардонаги, чолоки ва г.-ро тарбия мекунад, нерую тавон мебахшад, хамохангии харакат ва пуртокатиро инкишоф медихад. Дуруст ташкил кардани К. ва нафас гирифтан аз хавои кухистон ба саломати таъсири мусбат расонда, як навъ истирохати фаъол махсуб мешавад. Хамзамон бо ин баромадан ба куххои баланд асабхои устувор ва неруи зиёди чисмониро такозо менамояд. Ин хама зери таъсири фишори патси атмосфера, тагийр ёфтани харорат ва намии хаво, афзоиши радиатсияи ултрабунафш гаронтар хохад шуд. Бинобар ин кухнавардро зарур аст, ки бахри ноил гаштан ба максад омодагии чидди бинад.
Точикистон сарзамини куххои сарбафалак аст. С. 1952 дар Кумитаи тарбияи чисмони ва спорти чумхури федератсияи кухнавардон таъсис дода шуд. Кухнавардони точик куллахои баландтарини куххои Помир – Дусти (6800 м), Известия (6840 м), Галаба (7439 м), Ленин (7134 м) ва г.-ро фатх намуданд. Куллахои фатхнашуда дар чумхури хануз бисёранд.
Омили асосие, ки хангоми баромадан ба куххои баланд ба организм таъсир мерасонад, норасоии оксиген (ниг. Гипоксия) аст; он кори нафаскаши ва системаи дилу рагро халалдор месозад, иштихо гум ва хоб вайрон мешавад, мумкин аст ихтилоли кори дилу раг ва системаи асабхои маркази ба вучуд ояд.
Дар кухнавардон тагйирот ва ихтилоли системаю узвхо, одатан, мувакати буда, тез мегузарад. Дарачаи зухуроти онхо ба обутоби организми кухнавард вобаста аст. Барои ба шароити баландкух мутобик шудан муддате дар лагерхои кухнавардон зистан лозим меояд.
Дар аснои машгулиятхои К. назорати катъии духтур зарур аст. Духтури лагери кухнаварди кухнавардонро аз муоинаи аввалин, инчунин пеш аз баромадан ба кух ва баъди он аз назорати тибби мегузаронад, барои ба куххои баланд баромадан ичозат додан ё надоданро халлу фасл менамояд, режими дурусти акклиматизатсия ва машки махсуси кухнавардонро мураттаб месозад, вояи хурокро вобаста ба шароит ва дарачи душвории кухбарои муайян мекунад.
Либоси кухнавард бояд мувофик, сабук ва муносиб бошад, уро аз хунуки, шамол ва боришот эмин дорад. Пойафзори чармини кухгарди бояд ба пой мувофик ояд. Барои мухофизати чашм айнакхои махсус (ниг. Айнак) заруранд.
Гизои кухнавардон бояд серкалория (на камтар аз 4500 – 5000 ккал) бошад: хурокро 4 – 5 маротиба дар як руз ва ба кадри имкон гарм хурдан лозим аст. Дар шароити кух ангиштоб бехтар ва равган каме бад хазм мешавад, бинобар ин гизо бояд камравган ва серангиштоб бошад. Ба вояи хурок гизохои дуддода, шоколад, канд, витаминхои С, В, нони хушк, фатиркулча, мева ва г. хамрох мекунанд.
Барои тайёрии ибтидои ба лагерхои кухнаварди чавонон ва духтарони 14 – 15-солаи чисман обутобёфта фиристода мешаванд. Ба кухбароихои сабук чавонон ва духтарони аз 17-сола болоро рох медиханд. Барои баромадан ба куххои баланд (6500 – 7000 м) ба одамони аз 22 – 23 то 40 – 42-сола ичозат аст. Ба куххои хеле баланд бошад, факат кухнавардони тачрибадор мебароянд.
Тайёрии нодурусти чисмони ва техники, сарсари интихоб намудани хайат, ба назар нагирифтани душвории сафар, беинтизоми, бадсифати ва норасоии асбобу анчом, хурок ва назорати тибби метавонад мучиби фалокат шавад. Бинобар ин дар чумхури тартиботи катъии ташкил ва гузаронидани сафари кух ва ба куххо баромадан мавчуд аст (максади асосии он пешгирии хавфи зарбу лат ва фалокат мебошад). Барномаи тайёрии кухнавардон хатман омузиши усулхои худёрирасони ва ёрии хамдигарро дарбар мегирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …