Главная / Гуногун / Козие бо наълбанди сархуш

Козие бо наълбанди сархуш

Козии хамадонро хикоят кунанд, ки бо наълбандписаре сархуш буд ва наъли дилаш дар оташ. Рузгоре дар талабаш муталлахиф буд ва пуёну мутарассид ва чуёну бар хасби вокиа гуён:

Дар чашми ман омад он сихи сарви баланд,
Бирбуд дилам зи дасту дар пой фиканд.
Ин дидаи шух мекашад дил ба каманд,
Хохи, ки ба кас дил надихи, дида бубанд.

Шунидам, ки дар гузаре пеши кози омад бархе аз ин муомила ба самъаш расид ва зоид-ул-васф ранчида, дашноми бетахоши доду сакат гуфт ва санг бардошту хеч аз бехурмати нагзошт. Кози якеро гуфт аз уламои муътабар, ки хамъинони у буд:

Он шохидию хашм гирифтан бинаш,
В-он укда бар абруи турушширинаш.

Дар билоди араб гуян: зарбу-л-хабиби забибун (зарбаи махбуби чун мавиз аст).
Аз дасти ту мушт дар дахон хурдан
Хуштар, ки ба дасти хеш нон хурдан.

Хамоно, к-аз вакохати у буи самохат хаме ояд:

Ангури навоварда туруштаъм бувад,
Рузе ду-се сабр кун, ки ширин гардад.

Ин бигуфту ба маснади казо бомдод. Тане чанд аз бузургон удул дар мачлиси хукми у буданд. Замини хидмат бибусиданд, ки ба ичозат сухане бигуем, агарчи тарки адаб аст ва бузургон гуфтаанд:

На дар хар сухан бахс кардан равост,
Хато бар базургон гирфитан хатост.

Аммо ба хукми он ки савобики инъоми худованди мулозими рузгори бандагон аст, маслихате, ки бубинанду эълом накунанд, навъе аз хиёнат бошад. Тарики савоб он аст, ки бо ин писар гири тамаъ нагарди ва фарши валаъ дарнаварди, ки мансаби казо поёгохе манеъ аст, то ба ин гохе шанеъ мулаввас нагардони ва хариф ин аст, ки дидию хадис ин, ки шуниди.

Яке карда беобруи басе,
Чи гам дорад аз обруи касе.
Басо номи некуи панчох сол
Ки як номи зишташ кунад поймол.

Козиро насихати ёрони якдил писанд омад, бар хусни рои кавм офарин хонду гуфт:
– Назари азизон дар маслихати холи ман айни савоб аст ва масъалаи бечавоб. валекин:

Маломат кун ки маро чандон, ки хохи,
Ки натвон шустан аз занги сиёхи.

***
Аз ёди ту гофил натавон кард ба хечам,
Саркуфта морам, натавонам, ки напечам.

Ин бигуфту касоно ба тафаххуси холи вай барангехт ва неъмати бекарон бирехт ва гуфтаанд: «хар киро зар дар тарозуст, зур дар бозуст ва он ки бар динор дастрас надорад, дар хама дунё кас надорад».

Хар ки зар дид, сар фуруд овард,
В-ар тарозуи оханиндуш аст.

Филчумла, шабе хилвате муяссар шуд ва хам дар он шаб шахнаро хабар шуд. Кози хама шаб шароб дар сару шохид дар бар аз танаъум нахуфти ва ба тараннум гуфти:

Имшаб магар ба вакт намехонад ин хурус,
Ушшок бас накарда хануз аз канору бус
Як дам, ки дусти фитнаи хуфтаст, зинхор.
Бедор бош, то наравад умр бар фусус,
То нашави зи масчиди одина бонги субх.
Ё аз дари сари атобак гиреви кус,
Лаб аз лабе чу чашми хурус аблахи бувад
Бардоштам, ба гуфтани бехудаи хурус.

Кози дар ин холат, ки яке аз мутааликон даромад ва гуфт:
– Чи нишини, хезу то пой дори, гурез, ки хасудон бар ту дакке гирифтаанд, балки хакке гуфта. Магар оташи фитна, ки хануз андак аст, ба оби табдире фуру нишонем, мабодо, ки фардо чу боло гирад, оламе фаро гирад.
Кози мутабассим дар у назар карду гуфт:

«Панча дар сайд бурда зайгамро
Чи тафовут кунад, ки саг лояд,

Пистони ёр дар хами гесуи тобдор
Чун гуи оч дар хами чавгони обнус
Руй дар руи дуст кун, бигзор.
То аду пушти даст мехояд!» .

Маликро хам дар он шаб огахи доданд, ки дар мулки ту чунин мункире ходис шудааст, чи фармои?
Малик гуфт:
– Ман уро аз фузалои аср медонам ва ягонаи рузгор. Бошад, ки муонидон дар хакки вай хавзе карданд. Ин сухан дар самъи кабули ман наёяд, магар он гах ки муояна гардад, ки хукамо гуфтаанд:

«Ба тунди сабук даст бурдан ба тег,
Ба дандон бурад пушти дасти дарег».

Шунидам, ки сахаргохе бо тане чанд хосон ба болини кози фаро омад. Шамъро дид истода ва шохид нишаста ва май рехтаву кадах шикаста ва кози дар хоби мастию бехабар аз мулки хасти. Ба лутф андак-андак бедор кардаш, ки «хез, офтоб баромад!».
Кози дарёфт, ки хол чист, гуфто:
– Аз кадом чониб баромад?
Гуфт: «Аз кабили машрик».
Гуфт:
– Алхамдулиллох, ки дари тавба хамчунон боз аст.

Ин ду чизам бар гунох ангехтанд:
Бахти нофарчому акли нотамом.
Гар гирифторам куни, муставчибам,
В-ар бубахши, авф бехтар к-интиком.

Малик гуфто:
– Тавба дар ин холат, ки бар халок иттилоъ ёфти, суде накунад:

Чи суд аз дузди, он гах тавба кардан,
Ки натвони каманд андохт бар кох?
Баланд аз мева, гу, кутох кун даст,
Ки кутах худ надорад даст бар шох.

– Туро бо вучуди чунин мункири, ки зохир шуд, сабили халос сурат набандад.
Ин бигуфт ва муваккилони укубат дар вай овехтанд. Гуфто, ки маро дар хидмати султон яке сухан бокист. Малик бишунид ва гуфт: «Он чист?» гуфт:
Ба остини малоле, ки бар ман афшони,
Тамаъ мадор, ки аз доманат бидорам даст.
Агар халос мухол аст аз ин гунах, ки марост,
Бад-он карам, ки ту дори, умедвори хаст.

Малик гуфт:
– Ин латифа бадеъ оварди ва ин нукта гариб гуфти, валекин мухоли акл аст ва хилофи шаръ, ки туро фазлу балогат имруз аз чанги укубати ман рахои дихад. Маслихат он бинам, ки туро аз калъа ба зер андозам, то дигарон насихат пазиранду ибрат гиранд!
Гуфт:
– Эй худованди чахон, парвардаи неъмати ин хонадонам ва ин гунох на танхо кардам, дигареро бияндоз, то ман ибрат гирам!
Маликро ханда гирифту ба афв аз хатои у даргузашт ва мутааннитонро, ки ишорат ба куштани у хамекарданд, гуфт:

Хар ки хаммоли айди хештанед,
Таъна бар айби дигарон мазанед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …