Главная / Илм / Косни дар Канзи Шифо (Китоб)

Косни дар Канзи Шифо (Китоб)

kosni-660x330Косни (русс. цикорий) — ин гиёхи маълум аст, баргаш кариб ба барги коху монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх мебошад. Мизочи тару тозаи он дар охири дарачаи аввал хунук ва тар аст. Агар дар чохои гарм ва дар хавои гарм расида бошад, мизочаш гарми ба хушки моил мегардад. Ва мизочи коснии хушк ба хушки моил аст.

Хислатхои шифобахши Косни: оби баргашро батанхои ё бо сирко даромехта бимоланд, дарди сареро, ки аз гарми ва аз чамъ шудани сафро бошад, таскин медихад, бо сирко ва гулоб даромехта бимоланд, шаро (аллергия)-ро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас даромехта бимоланд, варамхои гармро тахлил медихад ва дарди чашмро шифо мебахшад.

Баргашро куфта гузошта банданд, дарди чашмро, ки сабабаш гарми бошад, ба ибро меоварад. Решааш ё тухмашро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Хамин обро бо шароби шохтут даромехта, бо он гаргара кунанд, варами халк ва дарди гулуро, ки дар давраи ибтидо бошанд, шифо мебахшад; инчунин инро бо оби кашнизи тар даромехта, гаргара кунанд низ, хамин таъсирро дорад.

Барги инро куфта, бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, дилтапак (дилбози)-ро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад, дили гарммизочонро кави мегардонад, варамхои сахтро тахлил медихад.

Косниро бихуранд, гирехи чигарро мекушояд, зардпарвин ва истискои гармро шифо мебахшад, гиреххои узвхои даруни шикам, сина ва рагхоро мекушояд, чигарро кувват медихад, тафси хун ва ташнагиро таскин медихад; бехузур (бечо) шудани дил, чушиши сафро ва тафсидани меъда, кайи сафрови, шаро (аллергия), чушиши хуни сафрови, нагзак (гулак), сурхича (кизомук) ва исхоли сафровиро дафъ мекунад.

Оби баргашро чушонида, кафкашро дур карда бошанд, инро оби муравваки косни меноманд. Ин оби муравваки косниро бо сиканчабин (сиркоасал) биёшоманд, меъдаи гарммизочро кувват мебахшад, истиско (водянка)-ро дафъ менамояд: гиреххои узвхои баданро мекушояд, буйи бади рутубатхои баданиро дафъ мекунад.

Баргашро бо сирко бихуранд, чушиши сафроро зер мекунад ва барои банд кардани исхоли сафрови даво мешавад. Оби муравваки онро бо сиканчабин биёшоманд, табхои кухна, таби дуруздармиён ва табхои хунукмизочро шифо мебахшад.

Барги тар, тухм, гул ва решаи инро дар об чушонида, он обро бинушанд, табхои мураккаби кухна, табхои вабои, истиско ва иллатхои сипурзро шифо мебахшад ва инчунин варамидани дасту поро ба ибро меоварад.

Баргашро куфта гузошта банданд, инчунин оби онро бимоланд ё оби онро бо равгани зайтун бинушанд, тарёки давохои захрнок мегардад.

Барг ва решаашро якчо куфта гузошта банданд, захрхои каждум, занбур, калтакалос ва дигар чонваронро аз бадан дафъ мекунад. Косниро куфта, бо орди чав ва сирко хамир сохта гузошта банданд, дарди бугумхоро, ки аз гарми бошад, таскин медихад, никриси гармро шифо мебахшад; варамхои гармро тахлил медихад.

Оби баргашро бо сафедоб (белила) ва сирко даромехта бимоланд, он узвхоро сард мегардонад, агар ин тавраш мурод бошад. Оби барги инро ба сурб (кургошим) соида ва бо равгани гулисурх даромехта бимоланд, барои саратони решгашта давои бемисл аст. Микдори як бор ошомидан аз оби косни дар як руз то 150 грамм аст.

Ошомидани косни ба одамони сурфадошта, ки сурфа аз сабаби варами тарафи барчастаи чигар бошад, зарар дорад ва косни ин кабил варамро ба харакат меоварад, вале дар дигар холат чандон зиён надорад.

Агар косни зарар кунад, давояш шакар, шарбати бунафша ва монанди инхо ошомидан аст. Мизочи тухми косни дар дарачаи дувум сард ва хушк аст, вале муаллифи китоби «Шифо-ул-аском» дар гармиву сарди муътадил ва хушк дар дарачаи дувум донистааст.

Хислатхои шифобахши он: хурдани ин барои дарди сар ва дилтапак (дилбози) дору мешавад, гиреххои узвхои баданро мекушояд; истиско, зардпарвин, табхои сафрови ва табхои аз гиреххо баамаломадаро шифо мебахшад; инро бо обе, ки дар он арпабодиён чушонида шуда бошад, биёшоманд, захрро аз бадан, сустии гурда ва сипурзро дафъ мекунад, хун кай карданро манъ месозад, иштихо меоварад ва дар дигар чихатхо хислатхои баргашро дорад.

Микдори як бор хурдан аз тухми он дар як руз аз 7 то 18 грамм аст. Вале таъми ин ногувор ва дилро бехузур мекунад — давояш давохои хушбу ва сиканчабин хурдан мебошад. Мизочи решааш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, гиреххои узвхои баданро башиддат мекушояд, ахлоти баданро ракик (суюк) мегардонад, роххои гизоро пок месозад, пешобро меронад; барои соф гардонидани хун, варами узвхои даруни шикам ва сина, истиско даво мебошад; моддахои зарарнокро дар бадан пазонида, барои дафъ шудан мухайё менамояд ва онхоро пароканда месозад, табхои мураккаби кухнаро шифо мебахшад, дардхои бугумхоро таскин медихад. Микдори як бор хурдан аз решаи куфтаи ин дар як руз аз 3,5 то 14 грамм аст ва агар инро дар об чушонида, он обро нушидан хоханд, аз 18 то 53 грамми инро андозанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …