Главная / Чамъият / Коршинос (эксперт)

Коршинос (эксперт)

Моддаи  34-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Коршинос (эксперт) 

  1. Ба сифати коршинос (эксперт) – (минбаъд – коршинос)  мумкин аст, шахсе, ки ба натичаи парванда манфиатдор нест ва дорои дониши махсус дар сохаи илм, техника, фарханг, санъат, касбу хунар ва дигар донишхо мебошад, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи эксперти кифоя мебошад, чалб гардад.
  2. Коршинос хукук дорад:

– аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки масъалахои дар назди у гузошташуда аз доираи дониши махсуси у берун ё маводи ба у пешниходшуда барои додани хулоса нокифоя бошанд;

– бо маводи ба экспертиза дахлдоштаи парвандаи хукуквайронкунии маъмури шинос шавад, ба у пешниход намудани маводи иловагиро, ки барои додани хулоса заруранд, дархост намояд;

– бо ичозати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, ба шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, ба чабрдида ва шохидон доир ба мавзуи экспертиза саволхои дахлдор дихад;

– дар хулосаи худ холатхоеро, ки хангоми экспертиза мукаррар гардида, барои парванда ахамият доранд, вале оид ба онхо саволхо гузошта нашудааст, зикр намояд;

– хангоми баррасии парванда иштирок намояд.

  1. Коршинос ухдадор аст:

– бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури, дар пешбурди у карор дорад, хозир шавад;

– доир ба масъалахои дар наздаш гузошташуда хулосаи холисона ва дар бобати мазмуни хулоса шарху эзохоти зарури дихад.

  1. Коршинос огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани хулосаи бардуруг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
  2. Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои дар кисми 3 хамин модда пешбинишуда коршинос тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …