Главная / Чамъият / Кормандони макомоти андоз

Кормандони макомоти андоз

Моддаи 85-и Кодекси Андоз. Кормандони макомоти андоз

  1. Ба вазифахои кормандони макомоти андоз хамон шахсоне таъин мешаванд, ки ба талаботи тахассуси чихати ишголи мансабхое, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» ва санадхои меъёрии хукукии дигар мукаррар кардаанд, чавобгу мебошанд. Кормандони макомоти андоз хизматчиёни давлати мебошанд.
  2. Ба кормандони макомоти андоз мутобики тартиби мукарраршуда рутбаи тахассуси дода мешавад.
  3. Рутбахои тахассусии кормандони макомоти андоз аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони макомоти андоз додани рутбахои тахассуси ва иловапулихои вобаста ба онхо аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  4. Ба кормандони макомоти андоз либоси махсуси расми ва тибки рутбахояшон нишонхои фарккунанда дода мешаванд, ки намунахо ва меъёрхои додани онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  5. Ба кормандони макомоти андоз чихати тасдики ваколатхояшон шаходатномаи хизмати дода мешавад, ки намунаи онро макоми ваколатдори давлати тасдик менамояд.
  6. Кормандони макомоти андоз мувофики тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистоназ аттестатсия мегузаранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …