Главная / Чамъият / Конуни ЧТ «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН»

Конуни ЧТ «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН»

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон

  1. Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон (минбаъд — Агенти) макомоти ваколатдори назорати давлатии молияви ва хифзи хукук буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблагхои давлати ва молу мулки давлати барои таъмини амнияти иктисодии давлат, бо рохи огохсози, пешгири, ошкорсози, рафъи хукуквайронкунихои коррупсиони, фошнамои, тахкик ва тафтишоти пешакии чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд, инчунин дигар вазифахоеро, ки хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд, ичро менамояд.
  2. Агенти дар фаъолияти худ танхо ба Президенти Чумхурии Точикистон тобеъ ва хисоботдиханда буда, ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба натичахои тафтишу санчишхои молияви хисобот пешниход менамояд. 
gosfinkontrol-korupciya
Сурати Бинои Раёсат: Кучаи М. Курбонов 25, Душанбе 734025 . тел: 2214810

Моддаи 2. Асосхои хукукии фаъолияти Агенти

  1. Асосхои хукукии фаъолияти Агентиро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф кардааст, ташкил медиханд.
  2. Фаъолияти назорати давлатии молиявии Агенти дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон» ба амал бароварда мешавад. 

Моддаи 3. Вазифахо ва самтхои асосии фаъолияти Агенти

Вазифахо ва самтхои асосии фаъолияти Агенти инхоянд:

— иштирок дар амалисозии сиёсати давлати дар сохаи мубориза бо коррупсия;

-дар доираи ваколати худ таъмин намудани хукуку озодихои инсон ва шахрванд, амнияти иктисодии давлат, хифзи хукуку манфиатхои конунии субъектхои фаъолияти сохибкори, чамъият ва давлат;

-амали намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохахои хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва  макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои чамъияти, хизбхои сиёси, бонкхо, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

-муайян ва дар амал татбик намудани тартиб ва тарзу усулхои гузаронидани тахлили хавфхои коррупсия дар макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия; (КЧТ аз 15.03.2016,№3, мод.1284)

-амали намудани назорати давлатии молияви дар тамоми шохахои хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва  макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхонаю муассиса ва ташкилотхои давлати, инчунин дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— гузаронидани чорабинихои оперативию чустучуи бо максади огохсози, пешгири, ошкорсози, рафъ ва фошнамоии чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд, чустучуи шахсоне, ки ин гуна чиноятхоро содир кардаанд;

— гузаронидани тахкик ва тафтиши пешакии чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд;

— гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— дар доираи салохияти худ хамохангсозии фаъолияти макомоти мубориза бар зидди коррупсия;

— амалисозии хамкорихои байналмилали оид ба масъалахое, ки ба ваколати Агенти мансубанд;

— амали намудани дигар вазифахое, ки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136) 

Моддаи 4. Принсипхои фаъолияти Агенти

Фаъолияти Агенти мутобики принсипхои зерин ба рох монда  мешавад:

— конуният;

— эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

— баробарии хама дар назди конун;

— яккасардори ва идоракунии мутамарказонида;

— истифодаи усулу воситахои ошкоро ва махфии фаъолият;

— алокаманди бо ахоли ва ба назар гирифтани афкори чамъияти дар  фаъолият;

— гайрихизбият. 

Моддаи 5. Риояи хукуки шахрвандон дар фаъолияти Агенти

  1. Агенти дар доираи салохияти худ хукуку озодихои инсон ва шахрвандро, катъи назар аз шахрванди, чои истикомат, чинс, миллат, нажод, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, тахсил, вазъи ичтимои ва молу мулки, химоя мекунад.
  2. Корманди Агенти дар хама холатхо вазифадор аст ба шахрванд, шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд асосу сабаби махдуд кардани хукуку озодихояшро фахмонад.
  3. Корманди Агенти хукуки химоя ва дигар хукукхои шахсони дастгиршуда ва хабсгардидаро таъмин мекунад, дар холатхои зарури муоинаи тиббии онхоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онхо ба хешовандон, маъмурияти чои кор ё тахсил ва дар муддати 24 соат ба прокурор хабар медихад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кумаки аввалияи тибби, инчунин барои рафъи хатар, ки ба хаёт, саломати ё молу мулки онхо хангоми дастгиркуни ё хабс тахдид менамояд, тадбирхо меандешад.
  4. Агенти хукуки чамъ овардан, нигох доштан, истифода бурдан ва пахн кардани маълумотро дар бораи хаёти шахс бе розигии худи у, ба истиснои мавридхое, ки Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, надорад. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)
  1. Махдуд кардани хукуку озодихои инсон ва шахрванд, ба истиснои мавридхое, ки конун пешбини намудааст, манъ аст. Агенти вазифадор аст шахсро бо хуччатхои махдудкунандаи хукуку озодихои вай шинос намояд, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)
  2. Агар шахс хисоб кунад, ки хукуку озодихои у аз тарафи макомоти Агенти ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин макомот ва шахсони мансабдор ба макомоти болоии Агенти, прокуратура ё суд шикоят кунад. 

Моддаи 6. Дахолат накардан ба фаъолияти Агенти

  1. Дахолат кардани макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти, хизбхои сиёси, ташкилотхои дини, воситахои ахбори омма, намояндагон ва шахсони мансабдори онхо ба фаъолияти Агенти дар мавриди амали намудани ичрои ваколатхояш манъ аст.
  2. Ба хар восита таъсир расонидан ба кормандони Агенти бо максади монеъ шудан дар амали намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо максади кабул намудани карори гайриконуни мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашидан мегардад.
  3. Кормандони Агенти вазифадор нестанд, ки оид ба мохияти парвандахо ва маводхои дар истехсолоташон буда ягон хел тавзехот диханд, онхоро барои шинос шудан пешниход кунанд, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст. 

Моддаи 7. Хатми будани ичрои талаби кормандони макомоти  Агенти

  1. Талаби кормандони макомоти Агенти, ки аз ваколатхои дар хамин Конун зикршуда бармеоянд, бояд хатман дар мухлатхои мукарраршуда барраси карда шаванд.
  2. Макомоти хокимияти давлати ва идоракунии Чумхурии Точикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотхои давлати, инчунин дигар шахсони вокеию хукуки новобаста аз шакли ташкилию хукуки, вазифадоранд вобаста ба дархости макомоти Агенти иттилооти заруриро пешниход намоянд ва барои ичрои вазифахои ба зиммаи макомоти Агенти гузошта мусоидат намоянд.
  3. Ахбори омори ва дигар маълумот, хуччатхо ё нусхаи онхо, ки барои амали намудани ичрои ваколатхои Агенти ё тафтиши чиноятхо заруранд, бо талаби кормандони макомоти Агенти ройгон дода мешаванд.
  4. Шахсони мансабдор, шахрвандон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд вазифадоранд, ки бо даъвати кормандони макомоти Агенти хозир шаванд ва аз руи мохияти масъалахое, ки дар рафти санчиш муайян карда мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон баёнот диханд.
  5. Шахсони мансабдор, шахрвандон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои бе сабабхои узрнок рад намудан ва саркаши аз пешниходи саривактии иттилоот ё хуччатхои зарурии пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, дидаю дониста пешниход намудани иттилооти бардуруг ба дархости конунии макомоти Агенти, хамчунин саркаши аз хозиршави бо даъвати асосноки корманди макомоти Агенти мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. 

Моддаи 8. Хамохангсозии фаъолияти макомоти мубориза бар зидди коррупсия

Хамохангсозии фаъолияти макомоти мубориза бар зидди коррупсия ва чиноятхои ба андоз алокаманд аз чониби Агенти  мувофики тартиби муайянкардаи Низомномаи хамохангсозии фаъолияти макомоти мубориза бар зидди коррупсия, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали мегардад. 

Моддаи 9. Иштирок дар фаъолияти хукукэчодкуни

Агенти дар рафти амали намудани ваколатхои худ хангоми зарурати такмилдихии санадхои меъёрии хукуки метавонад ба субъекти ваколатдоре, ки хукуки ташаббуси конунгузори дорад ё ба макоме, ки санади меъёрии хукукиро кабул кардааст, дар бораи кабул, ворид намудани тагйиру иловахо ё аз эътибор сокит кардани онхо таклифхо пешниход намояд. 

Моддаи 10. Баррасии мурочиатхо

Макомоти Агенти арзу шикоятхо ва дигар мурочиати шахрвандон ва шахсони хукукиро дар бораи хукуквайронкунихое, ки санчишу тафтиши онхо ба салохияти Агенти вогузор шудааст, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барраси намуда, барои рафъи камбудихои ошкоргардида чорахо меандешад.

БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАКОМОТИ АГЕНТИ 

Моддаи 11. Низом ва сохтори макомоти Агенти 

  1. Макомоти Агентиро Директори Агенти рохбари мекунад.
  2. Макомоти Агенти дорои низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз Дастгохи маркази, макомоти махалли- раёсатхои Агенти дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шуъбахои минтакави иборат мебошад. «кчт 11.03. 2010, №599»
  3. Сохтори Дастгохи маркази ва макомоти махаллии Агенти аз вохидхои назорати давлатии молияви, оперативи — чустучуи, тафтишоти ва дигар вохидхо иборат мебошад. «кчт 11.03. 2010, №599»
  4. Таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии макомоти Агенти ва сохторхои тобеи он, инчунин тахкими ташкилию штатии макомоти Агенти, тасдики Низомномаи Агенти, сохтори Дастгохи маркази ва накшаи идоракунии он аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон амали мегардад. Сохтори вохидхои Дастгохи маркази ва макомоти махаллии Агенти аз тарафи Директори Агенти тасдик карда мешавад. «кчт 11.03. 2010, №599»
  5. Агенти ва макомоти махаллии он шахсони хукуки буда, дорои хукуки идоракунии фаврии моликияти ба онхо вобастакардашуда ва объектхои таъиноти ичтимоии маиши ва хочагидори мебошанд. «кчт 11.03. 2010, №599» 

Моддаи 12. Директори Агенти

Директори Агенти:

— аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;

— бевосита ба Президенти Чумхурии Точикистон итоат мекунад;

— рохбарии макомоти онро анчом медихад, салохият ва масъулияти муовинон, сардорони сарраёсатхо, раёсатхо, шуъбахо, бахшхо ва рохбарони дигар вохидхои Агентиро  мукаррар менамояд.

Моддаи 13. Салохияти Директори Агенти 

Директори Агенти бо максади ичрои вазифахои худ:

— дар доираи ваколатхои мукарраргардида ба вохидхои сохтории Агенти рохбари мекунад, супоришхо медихад ва ичрои онхоро назорат менамояд;

— низомномахои  вохидхои сохториро  тасдик  менамояд;

— оид ба масъалахои таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии макомоти Агенти ва сохторхои тобеи он, инчунин оид ба тахкими ташкилию вохиди, кадри ва моддию техникии макомоти он, ворид намудани тагйирот ба Низомномаи Агенти, сохтори Дастгохи маркази ва накшаи идоракунии он ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход манзур менамояд;

— харчнома ва чадвали вохидхои Агентиро дар доираи фонди пардохти музди мехнат ва шумораи кормандони аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукарраргардида тасдик менамояд;

— сардорони сарраёсатхо, раёсатхо ва шуъбахои Дастгохи маркази, сардорони Раёсатхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти, шахри Душанбе ва шуъбахои минтакавиро бо розигии Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; «кчт 11.03. 2010, №599» 

— шахсони мансабдор ва дигар кормандони масъули Дастгохи маркази, раёсатхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти, шахри Душанбе ва шуъбахои минтакави, инчунин кормандони хайати хизматрасони Дастгохи марказиро ба кор кабул ва аз кор озод менамояд; «кчт 11.03. 2010, №599» 

— накшаи кории макомоти назорати давлатии молиявии Агентиро барои тасдик ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

— хар шаш мох ба Президенти Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти Агенти хисобот пешниход менамояд;

— оид ба натичахои фаъолияти тахлилию назорати, тафтиши молияви ва санчишхо оид ба ичрои кисмхои даромад ва харочоти бучетхои чумхурияви ва махалли, самаранокии истифодабарии фондхо, молу мулки давлати ба Президенти Чумхурии Точикистон хисобот, хулосахо ва таклифхо, инчунин оид ба натичахои тафтишу санчишхои молияви ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисобот пешниход менамояд;

— тибки тартиби мукарраргардида лоихахои конунхо, фармонхо ва амрхои Президенти Чумхурии Точикистон, карорхо ва фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистонро оид ба масъалахои марбут ба салохияти Агенти тахия ва барои барраси пешниход менамояд;

— дар тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба масъалахои таъмини амнияти иктисодии давлат, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия иштирок менамояд;

— дар доираи ваколати худ кормандони Агентиро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо рутбахо ва унвонхои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад;

— ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи ба хайати рохбарикунандаи Агенти додани рутбахо ва унвонхои махсуси оли пешниход манзур менамояд;

— масъалахои хавасмандгардони ва мучозоти интизомии кормандонро тибки тартиби мукарраргардида  хал менамояд;

— оид ба сарфарозгардонии кормандони Агенти бо мукофотхои давлати ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход манзур менамояд;

— дар доираи салохияти худ фармонхои дорои хусусияти меъёри ва гайримеъёри кабул менамояд;

— ба шахсони мансабдор дастурхои хатти ва пешниход оид ба бартараф кардани камбудихои молияви ва хукуквайронкунихои хусусияти коррупсионидошта ирсол менамояд, ки баррасии онхо аз чониби шахсони мансабдор ва макомоту ташкилоти дахлдор хатми мебошад;

— карорхои хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон кабулнамудаи вохидхои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онхо дар конунгузори мукаррар нашуда бошад;

— Агентиро дар макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва дар хоричи кишвар намояндаги менамояд;

— бо тартиби мукарраргардида хамкориро бо макомоти дахлдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали оид ба масъалахои назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ба рох мемонад;

— ичрои ухдадорихоро оид ба созишномахои байналмилали ва санадхои хукукии байналмилалии мубориза бо коррупсия, ки Точикистон  эътироф намудааст, таъмин ва назорат менамояд;

— дигар вазифахои пешбиникардаи конунгузориро ичро менамояд. 

Моддаи 14. Муовини якум ва муовинони Директори Агенти

  1. Муовини якум ва муовинони Директори Агенти аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд ва бевосита ба Директори Агенти тобеъ мебошанд.
  2. Муовинони Директори Агенти фаъолияти хизматиашонро дар доираи ухдадорихои вазифавии худ, ки аз тарафи Директори Агенти мукаррар мегардад, амали намуда, ба сохахои алохидаи ба онхо вогузоршудаи фаъолияти Агенти рохбари мекунанд. Бо ин максад ва бо супориши Директори Агенти онхо вазифахои алохидаи уро ичро менамоянд. 

Моддаи 15. Дастгохи маркази

  1. Дастгохи маркази дар доираи салохияти пешбининамудаи хамин Конун ва Низомномаи Агенти вазифахои хамохангсозии байнисохави ва дигар вазифахоро оид ба огохсози, пешгири, ошкорсози, рафъи хукуквайронкунихои коррупсиони, фошнамои, тахкик ва тафтишоти пешакии чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокамандро ичро менамояд.
  2. Дар Дастгохи маркази сарраёсатхо, раёсатхо, шуъбахо, кисмхо ва бахшхо мавчуданд. Дар сарраёсатхо, раёсатхо, шуъбахо, кисмхо ва бахшхо ваколатдорони калони фаври оид ба корхои махсусан мухим, ваколатдорони калони фаври, ваколатдорони фаври, муфаттишони калон оид ба корхои махсусан мухим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавчуданд. 

Моддаи 16. Хайати мушовараи Агенти

Барои халли масъалахои мухимтарини фаъолияти Агенти дар назди Директори Агенти хайати мушовара аз чумлаи муовини якум ва муовинони Директор аз руи вазифа ва сардорони сарраёсатхо ва раёсатхо дар доираи шумораи пешбининамудаи Низомномаи Агенти бо пешниходи Директори Агенти аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон  таъсис дода мешавад. 

Моддаи 17. Макомоти махаллии Агенти

  1. Макомоти махаллии Агенти дар худуди маъмурии вобасташуда вазифахои Агентиро дар доираи ваколатхои худ ичро менамоянд. «кчт 11.03. 2010, №599»
  2. Ба макомоти махаллии Агенти сардорони дахлдор рохбари мекунанд. «кчт 11.03. 2010, №599»
  3. Дар макомоти махаллии Агенти шуъбахо ва ё бахшхо ташкил карда мешаванд.
  4. Дар сохторхои макомоти махаллии Агенти ваколатдорони калони фаври оид ба корхои махсусан мухим, ваколатдорони калони фаври, ваколатдорони фаври, муфаттишони калон оид ба корхои махсусан мухим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавчуданд. «кчт 11.03. 2010, №599»
  5. Сардорони макомоти махаллии Агенти бо тартиби мукарраргардида оид ба тагйир додани шумораи хайати шахсии кормандони вохидхои тобеи худ ба Директори Агенти таклифхо пешниход менамоянд. «кчт 11.03. 2010, №599»
  6. Сардорони макомоти махаллии Агенти дар доираи ваколати худ кормандони хайати хизматрасонро ба кор кабул ва аз кор озод менамоянд. «кчт 11.03. 2010, №599»
  7. Сардорони макомоти махаллии Агенти дар доираи ваколати худ фармонхо ва фармоишхо кабул менамоянд, ки ичрои онхо барои кормандони тобеъ хатми мебошад. «кчт 11.03. 2010, №599»

БОБИ 3. САЛОХИЯТИ МАКОМОТИ АГЕНТИ 

Моддаи 18. Ухдадорихои макоми Агенти

Макоми Агенти вобаста ба вазифахои дар наздаш гузошташуда ухдадор аст:

— самтхои афзалиятноки мубориза бо коррупсияро муайян намояд;

— дар доираи салохият барномахо ва накшахои чорабинихои мубориза бар зидди коррупсияро тахия ва амали намояд;

— дар тахия ва татбики барномахои мубориза бо чинояткори дар Чумхурии Точикистон иштирок намояд;

-мубориза бо коррупсияро дар тамоми шохахои хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва  макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,  иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси, бонкхо, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо,  сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, амали намояд; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— хукуквайронкунихои коррупсиониро огох, пешгири, ошкор ва рафъ намояд, аз руи ин амалхо санчиш гузаронад;

— бо конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм мубориза барад; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— тибки конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон тахкик ва тафтишоти пешаки барад;

— бо максади огохсози, пешгири, ошкорсози, рафъ, фошнамои, тахкик ва тафтишоти пешакии чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд амалиётхои оперативи – чустучуи гузаронад;

— оид ба баркарор намудани зарари молумулки ва молияви чорахо андешад;

— сирри давлати ё дигар сирреро, ки бо конун мухофизат карда мешавад ва дигар маълумоте, ки хангоми ичрои вазифаи хизмати ба даст омадааст, хифз намояд;

— арзу шикоят, иттилооту маълумот, маводхо оид ба санчиши фаъолияти молиявию хочаги ва тафтишоти хизматиро нисбат ба хизматчиёни давлати вобаста ба хукуквайронкунихои  коррупсиони барраси намояд;

— хангоми аз тарафи кормандони Агенти вайрон кардани хукуку манфиатхои конунии шахрвандон бо тартиби мукарраргардида хукукхои халалдоршудаи шахрвандонро баркарор намояд, зарари расонидаро  чуброн намояд ва барои ба чавобгари кашидани гунахгор чорахои зарури андешад;

— дар мавриди зарурат амнияти шахсии кормандони макомоти Агенти ва ахли оилаи онхоро таъмин намояд;

— дигар ухдадорихои пешбиникардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро ичро намояд. 

Моддаи 19. Хукукхои макоми Агенти

Макоми Агенти дар доираи ваколатхои худ барои ичрои вазифахои ба зиммааш гузошташуда хукук дорад:

— тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти суди бо аризаи даъвоги мурочиат намояд;

— ба шахсони вокеи ва хукуки чихати бартараф намудани сабабу шароитхои ба содир намудани чиноят ва дигар хукуквайронкунихои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хатти дихад ва пешниход ирсол намояд, ки баррасии онхо хатми буда, аз натичааш ба Агенти хабар дода мешавад;

— бо максади мукаррар намудани мувофикати санадхои макомоти давлати ва шахсони мансабдори онхо ба талаботи конунгузори ба суд барои бекор кардан ё ба прокурори дахлдор оид ба овардани эътироз аз болои чунин санадхо пешниход оварад;

— дар чараёни тафтиш ва санчишхои молияви, амалиётхои тахкикоти ва тафтишоти ба хазинахо,  мошинхои назорати – хазинавии дорои хотираи фискали, бино ва чои нигохдории хуччатхо, маблагхои пули ва арзишхои модди мухр занад; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— хангоми саркаши аз пешниходи хуччатхо, пешниходи хуччатхои калбаки ё тахрифшуда, саркаши аз ичрои талаби конунии кормандони макомоти Агенти, масъалаи ба чавобгари кашидани шахсони мансабдор ва сохибмулкони дахлдори иморату иншоотхо, анборхо, нуктахои савдо ва дигар иншоотхоро, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, барраси намояд;

— хангоми мавчуд будани маводи боэътимод оид ба содиршавии чинояти коррупсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории  мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон азназаргузаронии шахси, бори дасти ва багочи мусофирони тамоми намуди наклиётро анчом дихад;

-барои барраси ва такмили масъалахо дар сохаи мукарраргардидаи фаъолият ташкилотхои илми, дигар ташкилотхо, олимон ва мутахассисонро чалб намояд;

— дар сохаи мукарраргардидаи фаъолият шурохо, комиссияхо ва  гуруххои дохилиидорави ва байниидорави таъсис дихад;

 — экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукукиро чихати дар онхо ошкор намудани омилхои ба вучудоварандаи коррупсия гузаронад ва бо ин максад дорои вохиди илми – ташхиси бошад; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— оид ба хукуквайронкунихо ва чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои бо андоз алокаманд, бинобар тафтиши парвандаи чинояти санчиши фаъолияти молиявию иктисоди ва дар холати мавчуд будани асосхои кофи тибки дархости хаттии Агенти якчоя бо мутахассисони макомоти андоз санчишхои андози шахсони хукуки ва вокеии субъектхои сохибкориро, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва намуди фаъолияти онхо, гузаронад;

— мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории  Чумхурии Точикистон дар холати санчиш ва ё тафтишоти пешаки асл ва нусхахои карорхо, фармоишхо, хуччатхои зарурии вобаста ба коррупсияро аз тамоми макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти, хизбхои сиёси, бонкхо, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва шахсони мансабдори онхо оид ба масъалахои салохияти Агенти,  талаб карда гирад;

— оид ба масъалахои ба салохияти макомоти Агенти тааллукдошта бо макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти дахлдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали хамкори намояд;

— дар холати зарури аз макомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор гузаронидани муоина, ташхис, тафтиши молияви, санчиш, аудит ва баходихиро талаб намояд;

— хангоми пешгирии бевоситаи чиноят, таъкиби шахси дар содир намудани чиноят гумонбаршуда дар холати доштани маълумоти кофи ба  худуд ва бинои вазорату идора, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, китъаи замини шахсони алохида (ба истиснои намояндагихои дипломати, муассисахои консулгари ва намояндагии ташкилотхои байналмилалии дар Чумхурии Точикистон аккредитатсияшуда), инчунин минтакахои сархади ва назорати гумруки бо пешниходи шаходатномаи хизмати (ба иншооти речаашон махсус – хангоми мавчуд будани ичозати махсус) барои гузаронидани амалиёти оперативи-чустучуи ва тафтишоти  ворид гардад;

— барои ичрои баъзе амалиётхои тафтишоти хукуки даромадани шахрвандонро ба иншоот ва бино муваккатан махдуд ё манъ кунад;

— дар холатхои таъхирнопазир хангоми ичрои вазифахои хизмати аз воситахои алока ва наклиётие, ки ба ташкилотхо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ё шахрванд (гайр аз воситахои наклиётии намояндагихои дипломатии хоричи, консулгарихо, дигар намояндагихои давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали) тааллук доранд, бемамониат истифода намояд. Зиёни моддии расонидашуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба сохибони воситахои алока ва наклиёт баркарор карда мешавад;

— аз воситахои ахбори оммаи давлати ба таври ройгон истифода намояд;

— шахрвандонеро, ки ба макомоти Агенти дар ичрои вазифахояшон ёри расонидаанд, хавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кумак кардан дар ошкор намудани чиноятхо ва дастгир кардани шахсоне, ки онхоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шахрвандон супорад;

— системахои иттилоотиро ташкил ва истифода намояд;

— дигар хукукхои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали намояд. 

Моддаи 20. Фаъолияти оперативи – чустучуии макомоти Агенти

Вохидхои оперативии макомоти Агенти фаъолияти оперативи – чустучуиро мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативи — чустучуи» анчом медиханд. 

Моддаи 21. Тафтиши чиноят аз чониби макомоти Агенти

Макомоти Агенти аз руи парвандахои чиноятие, ки тафтишоташон ба салохияти онхо вогузор шудааст, тибки конунгузории мурофиавии чинояти тафтишоти пешаки мегузаронанд. 

Моддаи 22. Тавкифгохи нигахдории муваккати

Бо максади нигох доштани дастгиршудагон Агенти дорои тавкифгоххои нигахдории муваккати мебошад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  аз онхо истифода менамояд.

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ КУВВАИ ЧИСМОНИ, ВОСИТАХОИ МАХСУС ВА СИЛОхИ ОТАШФИШОН АЗ ЧОНИБИ КОРМАНДОНИ МАКОМОТИ АГЕНТИ 

Моддаи 23. Хукук, шартхо ва доираи истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон

Кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти хукук доранд силохи оташфишон ва воситахои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигох доранд ва гирифта гарданд. Онхо метавонанд аз кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон танхо дар холатхо ва тибки тартибе, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи милитсия» пешбини кардааст, истифода баранд.

БОБИ 5. ХИЗМАТ ДАР МАКОМОТИ АГЕНТИ 

Моддаи 24. Вазъи хукукии кормандони макомоти Агенти

  1. Корманди макомоти Агенти шахрванди Чумхурии Точикистон хисоб мешавад, ки дар хизмат ва хайати эхтиётии раёсати кадрхои макомоти Агенти буда, бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба у рутба ва ё унвони махсус дода шудааст.
  2. Кормандони макомоти Агенти намояндаи хокимияти давлати ба хисоб рафта, дар химояи давлат мебошанд. Ичрои талаботи конунии кормандони макомоти Агенти барои хамаи шахрвандон ва шахсони мансабдор хатмист.
  3. Ба кормандони макомоти Агенти барои тасдики шахсият ва ваколаташон шаходатномаи хизмати дода мешавад. Тасвири шаходатномаи хизмати аз тарафи Директори Агенти тасдик карда мешавад.
  4. Ичро накардани талаботи конунии макомоти Агенти, тахкир намудан, мукобилият нишон додан, тахдиди зури ё суикасд ба хаёт, саломати, шаъну шараф ва молу мулки корманди макомоти Агенти, аъзои оила ва хешовандони наздики у бинобар сабаби ичрои вазифахои хизматиаш боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад. Зарари моддие, ки ба корманди макомоти Агенти, аъзои оилаи у ва хешовандони наздики у, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, вобаста ба ичрои вазифахои хизмати расонида шудааст, аз хисоби маблаги бучети давлати пурра чуброн карда шуда, ин маблаг аз хисоби шахсони гунахкор мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба бучет руёнида мешавад.
  5. Корманди макомоти Агенти дар худуди Чумхурии Точикистон, новобаста аз будан ё набудан дар ичрои вазифахои хизматиаш, дар холати мурочиати шахрвандон ва шахсони мансабдор бо ариза ё хабар оид ба хукуквайронкунии коррупсиони ва ё дар холати бевосита ошкор намудани чунин хукуквайронкунихо вазифадор аст, ки ба рохбари бевоситаи худ ё ба макомоти наздиктарини Агенти хабар дихад.
  6. Корманди макомоти Агенти барои расонидани зарар хангоми истифодаи кувваи чисмони, воситахои махсус ва силохи оташфишон чавобгар нест, агар ин зарар дар асоси талаботи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон расонида шуда бошад.
  7. Корманди макомоти Агенти аз руи карор ва харакатхое, ки нисбати у кабул мешаванд, хукук дорад ба макомоти болои ё суд мурочиат намояд. 

Моддаи 25. Танзими хукукии муносибатхои мехнатии  кормандони Агенти

  1. Муносибатхои мехнатии кормандони макомоти Агенти тибки хамин Конун, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати», Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти дар он кисме, ки ба хамин Конун мухолиф нест, ба танзим дароварда мешаванд.
  2. Тартиб ва шартхои ба хайати эхтиётии раёсати кадрхои макомоти Агенти гирифтани кормандонро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти ва дигар санадхои меъёрии хукуки муайян менамоянд.
  3. Давомнокии вакти кори барои кормандони макомоти Агенти дар асоси Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Хангоми зарурати ичрои корхои оперативи-чустучуи ва чорабинихои тафтишоти мумкин аст кормандони макомоти Агенти барои ичрои вазифахои хизматии зиёда аз вакти мукарраршуда, инчунин шабона, рузхои истирохат ва ид ба кор чалб карда шаванд. Дар чунин мавридхо хакки хизмати корманд тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад. Чалб кардани кормандони макомоти Агенти ба ичрои вазифахое, ки хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба зиммаашон вогузор накардааст, манъ аст. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136) 

Моддаи 26. Хизмат дар макомоти Агенти

  1. Ба хизмат дар макомоти Агенти шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни 20-солаги расида, забони давлатиро медонанд аз руи сифатхои шахси, ахлоки, кордони, касби, тахсилот ва аз руи вазъи саломатиашон барои гузаштани хизмат дар макомоти Агенти мувофик мебошанд, кабул карда мешаванд. (кчт. 28.06.2011 №748)
  2. Ба хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти шахрвандони Чумхурии Точикистони синнашон то 35-сола кабул карда мешаванд. Ин махдудияти синнусоли нисбати шахсоне, ки аз дигар макомоти хифзи хукук ба Агенти ба хизмат гузаштаанд, тааллук надорад.
  3. Ба хизмат ба макомоти Агенти шахрвандоне, ки доги суди доштанд ё доранд, ба истиснои онхое, ки аз тарафи суд сафед карда шудаанд, кабул карда намешаванд.
  4. Ишголи мансаби холи дар Агенти дар асоси озмун ва дар холатхои зарури барои ишголи мансабхои рохбарикунанда бо пешниходи хайати мушовара тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  5. Нисбати шахсоне, ки аз руи ихтисосашон тачрибаи кофии амали надоранд, то 6 мох мухлати коромузи мукаррар карда мешавад.
  6. Хангоми кабул шудан ба макомоти Агенти кормандон бо тартиби мукарраршудаи савгандёдкунии хизматчиёни давлати савганд ёд мекунанд.
  7. Ба кормандони макомоти Агенти ичро кардани вазифаи дигари музднок, вакили макомоти намояндаги, узви хизб ва ташкилотхои сиёси ва ба сохибкори машгул шудан манъ аст, ба истиснои фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори.
  8. Ухдадорони харбие, ки ба вазифаи хайати рохбарикунандаи хурд, миёна, калон ва олии вохидхои хифзи хукуки Агенти таъин мешаванд, бо тартиби муайяншуда аз кайди харби баромада, дар кайди махсуси вохидхои хифзи хукуки Агенти гузошта мешаванд.
  9. Кормандони дорои рутбахои харби, махсус, дарачави ва тахассуси, ки аз дигар макомоти хифзи хукуку кудрати ё хокимияти давлати дар вохидхои хифзи хукуки Агенти ба вазифа таъин шудаанд, рутбахои онхо ба рутбахои махсуси кормандони Агенти баробар эътироф карда шуда, мухлати хизмати пештараашон ба мухлати хизмати онхо дар Агенти дохил мешавад. Чунин хукукхоро кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти низ хангоми ба дигар макомоти хифзи хукук ва хокимияти давлати ба кор гузаштан доранд.
  10. Кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти либоси ягона доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаи он аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  11. Дар сурати ба кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти таъмин накардани либоси хизмати, маблаги либос чуброн карда мешавад.
  12. Синни нихоии хизмат дар макомоти Агенти барои мардон 63 сол ва барои занон 58 сол мебошад. Нисбати кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти синни нихоии хизматро вобаста ба рутбахои махсус Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти муайян менамояд.
  13. Корманди вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки собикаи умумии мехнатии 25-сола дорад, хукук дорад аз руи собикаи хизмат ба нафака барояд, ба шарте, ки собикаи хизматиаш хамчун корманди макомоти хифзи хукук аз 12 солу шаш мох кам набошад.
  14. Дар сурати зарурат Директори Агенти метавонад мухлати дар хизмат будани кормандро то 2 сол дароз кунад. Дар ин холат корманд метавонад фаъолияти хизматии худро дар асоси шартномаи мехнатии мухлатнок давом дихад.
  15. Дигар масъалахоро доир ба тартиби адои хизмат дар Агенти Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, ба танзим медарорад. 

Моддаи 27. Рутбахо ва унвонхои махсуси кормандони  макомоти Агенти

  1. Ба кормандони макомоти Агенти вобаста ба вазифаи ишголкардаашон ва собикаи кор рутбахо ва ё унвонхои махсус дода мешаванд.
  2. Рутбахои махсуси кормандони вохидхои хифзи хукуки макомоти Агенти аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  3. Тартиби додани рутбахои махсуси хайати рохбарикунандаи хурд, миёна ва калонро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, муайян мекунад.
  4. Номгуи мансабхоеро, ки генералхо ва полковникхои хадамоти зиддикоррупсиони ва адлия дар Агенти ишгол менамоянд, Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  5. Рутбахо ва ё унвонхои махсуси кормандони Агенти якумра мебошанд. Дар вакти ба истеъфо рафтани кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти ба рутбахои махсуси онхо ибораи «дар истеъфо» илова карда мешавад. 

Моддаи 28. Таъминоти моддию ичтимоии кормандони  макомоти Агенти

  1. Барои таъмини сатхи дахлдори зиндагии корманди макомоти Агенти ва оилаи у ба корманд музди мехнат ва имтиёзхо мукаррар карда мешавад.
  2. Музди мехнати кормандони макомоти Агенти аз маоши вазифави, иловапулихо барои рутбахо ва унвонхои махсус, инчунин собикаи хизмат иборат аст.
  3. Хамчунин ба кормандони Агенти мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон иловапулихо барои шароити махсуси кор ва дигар иловапулихо пардохт карда мешавад.
  4. Маоши вазифавии кормандони макомоти Агенти, инчунин андоза ва тартиби додани иловапулихо барои рутбахо ва унвонхои махсус, собикаи хизмати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  5. Ба кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти бар ивази озукавори чубронпули пардохта мешавад, ки хачми онро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  6. Кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти хангоми ичрои вазифахои хизматиашон хукук доранд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон аз тамоми навъхои наклиёти хатти харакати байнинохияви, байнишахри, наздишахри ва махалли (ба гайр аз такси), дар дехахо аз тамоми наклиёти хамсафар, кормандони раёсати Агентии дар наклиётбуда аз наклиёти рохи охан, ройгон истифода баранд.
  7. Хангоми ба сафари хизмати баромадани кормандони макомоти Агенти онхо хукук доранд, ки дар мехмонхонахо бенавбат чой гиранд ва барои тамоми навъхои наклиёт бенавбат чипта гиранд.
  8. Ба кормандони макомоти Агенти, ки барои кори доими ба дигар чой фиристонида шудаанд, харочоти кучидан, рохпулии худ ва аъзои оилаашон пурра пардохта мешавад.
  9. Макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд, ки ба кормандони макомоти Агентии ба вазифа таъиншуда ва кормандони эхтиёчманд барои бехтар кардани шароити манзили дар навбати аввал, вале на дертар аз шаш мох, новобаста аз муддати дар хамин махалли ахолинишин зиндаги карданашон, манзили истикоматии хизмати диханд. Кормандони макомоти Агенти ба масохати иловагии манзил хукук доранд.
  10. Кормандони макомоти Агенти то ба онхо аз руи тартиби мукарраршуда барои зиндагонии доими додани хонаи истикоматии хизмати барои чуброни маблаги ичораи хонахои истикомати хукук доранд.
  11. Бо ризоияти кормандони макомоти Агенти ба онхо ба ивази хонаи истикоматии хизмати аз хисоби бучети чумхурияви мутобики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои харидан ё сохтани манзил ба мухлати то 20 сол карзи бефоиз дода мешавад.
  12. Дар хонахои истикоматие, ки кормандони макомоти Агенти зиндаги мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз руи хамин тартиб дар муассисахои таълимии томактаби, мактаб-интернатхо, муассисахои табобатии тобистона барои фарзандони кормандони макомоти Агенти чой мухайё карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136) 

Моддаи 29. Рухсатии мехнатии кормандони Агенти

  1. Ба кормандони макомоти Агенти рухсатии харсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 30 рузи таквими дода мешавад. Рохпулии рафтуомади кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти ба чои истирохат дар худуди Чумхурии Точикистон пардохта мешавад. Рухсатии иловагии харсолаи пардохтшаванда барои собикаи хизмати давлати ба кормандони макомоти Агенти ба мухлатхои зерин дода мешавад:

— баъди 5 сол – 3 рузи таквими;

— баъди 10 сол – 6 рузи таквими;

— баъди 15 сол – 10 рузи таквими;

— баъди 20 сол – 15 рузи таквими.

  1. Ба кормандони макомоти Агенти инчунин дигар намуди рухсатихои мехнатии пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати», Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар вохидхои хифзи хукуки Агенти дода мешавад. 

Моддаи 30. Тартиби бо нафака таъмин намудани кормандони Агенти

  1. Кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки бинобар расидан ба синну соли мукарраргардида, бо сабаби бемори ё ки пурра гардидани собикаи хизмати ба нафака мераванд, ба имтиёзхои барои кормандони милитсия пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби», аз чумла ба таъминоти тибби дар муассисахои табобатие, ки дар он чо ба кайд гирифта шудаанд, хукук доранд. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)
  2. Хачми нафакаи кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли мукарраргардида, аз руи бемори ё ки пурра гардидани собикаи хизмати озод шудаанд, аз таъминоти пурраи пули хисоб карда мешавад.
  3. Хангоми ба хизмати макомоти Агенти кабул шудани мутахассисон аз макомоти суди, прокуратура, хифзи хукук ва ташкилотхои харбикунонидашуда як соли собикаи мехнатиашон барои таъмини нафака ва илова намудани маоши изофаги ба собикаи хизмати баробар ба як соли собикаи хизмати дар вохидхои хифзи хукуки макомоти Агенти хисобида мешавад. Дигар шахрвандоне, ки ба хизмати макомоти Агенти кабул мешаванд, ду соли собикаи умумии мехнатии онхо барои таъмини нафака ва илова намудани маоши изофаги ба собикаи хизмати баробар ба як соли собикаи хизмати дар вохидхои хифзи хукуки макомоти Агенти хисобида мешавад.
  4. Кормандони вохидхои хифзи хукуки Агенти, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд ва боз хизматро давом медиханд, хар мох ба таъминоти пулиашон то 20 фоиз маоши иловаги мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз чониби Директори Агенти муайян карда мешавад.
  5. Таъмини нафакаи кормандони вохидхои назорати давлатии молиявии Агенти мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нафакахои сугуртави ва давлати» амали карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136) 

Моддаи 31. Химояи хукукию ичтимоии кормандони макомоти Агенти

  1. Кормандони макомоти Агенти намояндагони хокимияти давлати буда, тахти химояи давлат карор доранд. Хешовандони онхо, дар мавридхои истиснои бошад, шахсони дигар, ки ба хаёт ва саломатиашон ба максади монеъ шудан ба фаъолияти конунии кормандони макомоти Агенти касд карда мешавад, хамчунин моликияти онхо тахти чунин химоя карор доранд.
  2. Тартиб ва шароити амали намудани химояи давлатии кормандони макомоти Агентиро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  3. Кормандони макомоти Агенти, ки хангоми ичрои вазифахои хизматиашон вафот кардаанд, хамчунин кормандони аз хизмат чавобшудаи макомоти Агенти, ки вобаста ба ичрои вазифахои хизматиашон дар натичаи чарохати чисмони гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз хисоби маблаге дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани макомоти Агенти чудо карда шудааст.
  4. Дар сурати ба корманди Агенти расонидани зарари чисмони, ки ба фаъолияти касби машгул шуданро имконнопазир мегардонад, ба у ёрдампулии якдафъаина дар хачми таъминоти пулии 6-моха аз хисоби маблагхои дахлдори Агенти пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблаг аз шахсони гунахкор руёнида мешавад.
  5. Кормандони макомоти Агенти аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви бо сугуртаи хатмии давлати фаро гирифта мешаванд.
  6. Агар ба кормандони макомоти Агенти ба иртиботи ичрои фаъолияти хизматиашон чарохати чисмони ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд ба фаъолияти касби машгул шудани онхоро гайриимкон мегардонад, барояшон хар мох фарки байни музди миёнаи якмоха ва нафакаи ба хамин сабаб таъиншуда, бидуни ба хисоб гирифтани маблаги пардохт, ки аз хисоби сугуртаи хатмии давлати гирифта шудааст, чубронпули дода мешавад.
  7. Агар кормандони макомоти Агенти вобаста ба фаъолияти хизматиашон вафот кунанд, хамчунин кормандони макомоти Агентии аз хизмат чавобшуда, дар натичаи вобаста ба фаъолияти хизмати ба онхо чарохати чисмони ё ба саломатиашон зиёни дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои гайри кобили мехнати оилае, ки дар таъминоти онхо мебошанд, фарки байни хиссаи барояшон баробаршавандаи кисми музди миёнаи мехнати вафоткарда ва нафакаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба хисоб гирифтани маблаги пардохт, ки аз хисоби сугуртаи хатмии давлати гирифта шудааст, хар мох чубронпули дода мешавад. Барои муайян кардани ин кисми музди миёнаи мехнати шахси вафоткарда ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташ буда, аз чумла аъзои кобили мехнат таксим карда мешавад.
  8. Барои оилаи корманди вафоткарда хукуки гирифтани манзили истикомати бо шарту асосхое, ки то лахзаи вафот кардани кормандони макомоти Агенти чой доштанд, нигох дошта мешавад.
  9. Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани молу мулки кормандони макомоти Агенти ё ин ки молу мулки аъзои оилаи онхо вобаста ба ичрои вазифахои хизматиашон расидааст, дар хачми пурра, аз чумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби мукарраркардаи конунгузори, чуброн мегардад. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)
  10. Асос барои надодани сугуртапули ва чубронпулии дар хамин модда пешбинишуда факат хукм ё карори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба вафот кардани кормандони макомоти Агенти, ба онхо расидани чарохати чисмони ё нобуду хароб кардани молу мулки ба онхо тааллукдошта айбдор дониста шудааст ва мувофики карори дахлдор мукаррар шудааст, ки ин ходиса ба ичрои вазифаи хизматиашон вобастаги надорад.
  11. Парвандаи чинояти нисбати корманди макомоти Агенти оиди чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд, танхо аз тарафи Прокурори генерали ва Директори Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон огоз карда мешавад. Тафтиши ин гуна парвандахои чинояти аз тарафи муфаттишони макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад. «кчт 19.05.09 №516» (кчт аз 22.07.13, №989) 

Моддаи 32. Асосхо барои катъ шудани хизмат дар макомоти Агенти

  1. Хизмат дар макомоти Агенти дар мавриди аз вазифа озод намудан, аз чумла бинобар ба истеъфо ва нафака баромадан, катъ меёбад.
  2. Гайр аз асосхои пешбинишудаи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон аз вазифа озод намудани корманд бо ташаббуси Директори Агенти дар мавридхои зерин сурат гирифта метавонад:

— расидан ба синни нихоии хизмат дар макомоти Агенти;

— катъ шудани шахрвандии Чумхурии Точикистон;

— ба охир расидани мухлати хизмат мувофики карордод;

— риоя накардани шартхои карордод аз чониби корманд;

— ихтисори басти кори;

— дар асоси хулосаи комиссияи тиббии дахлдор оид ба корношоямии корманд бинобар вазъи саломатиаш;

— аз руи натичаи аттестатсия;

— дагалона ва ё  мунтазам вайрон кардани интизоми хизмати;

— содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди Агенти иснод меорад ё шикастани савганд;

— ба кувваи конуни даромадани хукми айбдоркунии суд;

— тасдик гардидани холати аз тарафи корманд фош карда шудани маълумоти дорои сирри давлати, хизмати ва сирри дигаре, ки бо конун хифз карда мешавад;

— вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо.

  1. Дар холати катъ шудани хизмат корманд аз кайди махсуси макомоти Агенти бароварда шуда, дар кайди харби гузошта мешавад, агар ба синни нихоии кайди шахсони эхтиёти барои гузаштани хизмати харби, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, нарасида бошад.
  2. Дар сурати гайриконуни аз вазифа озод намудан корманд метавонад хукуки худро ба воситаи суд химоя намояд.

БОБИ 6. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУКУКИИ АГЕНТИ

Моддаи 33. Мавзуи хамкории байналмилалии хукуки

  1. Агенти мутобики конунхо ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон хамкории байналмилалии хукукиро бо макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти салохиятдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали бо максадхои зерин амали мегардонад:

— химояи хукуку озодихои  инсон ва шахрванд;

— мубориза бо хукуквайронкунихо ва чиноятхои коррупсиони, иктисодии хусусияти коррупсионидошта ва чиноятхои ба андоз алокаманд;

— чуброни зарари аз чинояткори расонидашуда;

— расонидани ёрии хамдигарии хукуки аз руи парвандахои чинояти; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— ошкор ва тафтиши чиноятхои коррупсионии трансмилли, кофтукови шахсони чиноятсодиркарда барои ба чавобгарии мукарраркардаи  конунгузории Чумхурии Точикистон кашидани онхо;

 — пешгири намудани конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, инчунин воридшавии ин маблагхо ба иктисодиёти кишвар ва дигар чиноятхо дар сохаи иктисодиёт. (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

  1. Агенти дар доираи салохияти худ бо макомоти дахлдори дигар давлатхо ва ташкилотхои байналмилали робитахо баркарор менамояд, бо онхо хамкори мекунад, оид ба масъалахои ёрии хукуки ва мубориза бар зидди чинояткори шартномахо мебандад. Дар тахияи шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон иштирок мекунад. 

Моддаи 34. Принсипхои хамкории байналмилалии хукуки

Агенти бо макомоти хифзи хукуки мамлакатхои хоричи дар асоси принсипхои зерин хамкори мекунад:

— эхтироми сохибихтиёрии давлатхо ва бемайлон риоя намудани конунгузории милли ва меъёрхои хукуки байналмилали;

— баробархукукии  тарафхо;

— афзалияти химояи хукуку озодихои шахрвандони мамлакатхои хамкорикунанда, инчунин меъёрхои аз тарафи умум эътироф гардидаи хукуки байналмилали;

— хамачониба ривоч додани хамкори ва эътимод дар байни макомоти  хифзи хукук ва дигар макомоти салохиятноки мамлакатхои хамкорикунанда;

— софдилона ичро кардани ухдадорихои байналмилали.

 

Моддаи 35. Ваколати Агенти оид ба хамкории байналмилали

Агенти хангоми хамкории байналмилали хукуку ваколати пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалиро, ки онхоро Точикистон эътироф кардааст, дар халли масъалахои зерин истифода мебарад:

— лоихаи барномахои байнидавлатии мубориза бо чиноятхои коррупсионии муташаккилонаро дар худуди давлатхои хамкорикунанда тахия мекунад, дар ичрои чунин барномахо ширкат меварзад;

— амалиёти муштарак ва мувофикашудаи оперативи- чустучуиву тафтишоти оид ба пешгири ва тафтишоти чиноятхоро дар худуди  мамлакатхои хамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёри мерасонад;

ёрии бевоситаи ахбороти, ташкили, хукуки ва дигар ёрии пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ё шартномахои байналмилалиро ба макомоти хифзи хукуки мамлакатхои хамкорикунанда барои пешгири ва ошкор кардани чиноятхо, чустучуи чинояткорон амали мегардонад; (КЧТ аз 27.11.2014,№1136)

— дар тайёр кардани кадрхои макомоти бо коррупсия муборизабаранда, гузаронидани тадкикотхои илми дар сохаи мубориза бо чинояткори, химояи хукук ва озодии инсон ва шахрванд ёри мерасонад ва ёри мегирад;

— дар фаъолияти ташкилотхои байналмилалии бо коррупсия муборизабаранда иштирок мекунад;

— доир ба лоихахои шартномахои байналмилали, инчунин дар бораи ворид намудани тагийру иловахо ба шартномахои амалкунанда пешниходхо тахия менамояд;

— дигар ваколатхоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофкардаи Точикистон пешбини кардаанд, ичро менамояд.

БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ ВА МОДДИЮ

ТЕХНИКИИ МАКОМОТИ АГЕНТИ 

Моддаи 36. Таъминоти молияви ва моддию техникии макомоти Агенти

  1. Таъминоти молияви ва моддию техникии макомоти Агенти аз хисоби бучети чумхурияви ва аз хисоби дигар манбаъхои маблаггузории пешбинишудаи конунгузори сурат мегирад. Макомоти Агенти бо бинохои хизмати, наклиёт, воситахои алока ва дигар навъхои таъминот аз хисоби бучети чумхурияви таъмин карда мешаванд.
  2. Макомоти Агенти метавонад аз хисоби дигар маблагхо ва воситахои моддию техникие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, таъмин карда шаванд.
  3. Тартиб ва меъёрхои таъминоти моддию техникии макомоти Агентиро Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Директори Агенти мукаррар мекунад.
  4. Макомоти Агенти метавонад дорои фонди манзили идорави бошад.
  5. Таъминоти молиявии фаъолияти Агенти аз тарафи Дастгохи маркази сурат мегирад. Мухофизати бинохо ва молу мулки макомоти Агенти ба зиммаи худи макомоти Агенти гузошта мешавад. 

Моддаи 37. Мусоидати макомоти махаллии хокимияти давлати ба фаъолияти Агенти

Макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд макомоти Агентии дар худудашон вокеъбударо бо бинохои алохидаи хизматии муносиб таъмин намоянд ва дар амали намудани вазифахои онхо мусоидат намоянд.

БОБИ 8. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 38. Назорати конуният дар фаъолияти макомоти Агенти

Назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукиро дар фаъолияти макомоти Агенти Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокурорхои тобеи он дар доираи салохияти худ татбик менамоянд. 

Моддаи 39. Масъулияти корманди макомоти Агенти

  1. Корманди макомоти Агенти барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон, суиистифода аз мансаб, баромадан аз хадди ваколати хизмати, ичро накардан ё ичрои номатлуби вазифахои ба зиммааш-гузошташуда мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии модди, интизоми, маъмури ва чинояти кашида мешавад.
  2. Хангоми аз чониби корманди макомоти Агенти поймол кардани хукуку манфиатхои шахрвандон, ба корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо расонидани зарар макомоти Агенти вазифадор аст барои баркарор намудани ин хукукхо чора андешад ва бо талаби шахрванд ба таври расми аз у узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

Моддаи 40. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                                                ЭМОМАЛИ РАХМОН

      ш.Душанбе, 20 марти соли 2008

№ 374

(АМОЧТ с.2008, №3, мод. 193; с.2009, №5, мод.323; с.2010, №3, мод.154; с.2011, №6, мод.459, с. 2013, №7, мод.517; с.2014,№11,мод.645; с.2016, №3, мод.137) 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …