Главная / Чамъият / Конун дар бораи Маориф дар Чумхурии Точикистон

Конун дар бораи Маориф дар Чумхурии Точикистон

Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи маориф»

Кабул шудааст (соли 2013, № 7, мод. 532; с.2014,  №3 , мод.156;  №7,к.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148,№7, мод.624)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили, ичтимои, иктисоди ва принсипхои асосии сиёсати давлатиро дар сохаи маориф муайян менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси дар ин Конун

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

адабиёти таълими – асархои хатти ва чопи, ки хамчун воситаи таълими барои хамаи зинахои тахсилот, такмили ихтисос, бозомузи ва тахсилоти иловаги интишор меёбанд;

аккредитатсияи давлатии муассисаи таълими – муайян кардани макоми муассисаи таълими барои пешбурди фаъолияти таълими мутобики стандартхои давлатии тахсилот;

аспирант – шахси дорои тахсилоти олии касби, ки бо максади тахияи рисола ва дарёфти дарачаи илмии номзади илм дар аспирантура тахсил менамояд;

аттестатсияи хатм – тартиби мукаррар намудани мутобикати мазмун, сатх ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисахои таълими ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот;

 аттестатсияи давлатии муассисаи таълими – муайян кардани мутобикати заминаи моддию техники ва кадрии муассисаи таълими ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот ва мутобикати фаъолияти муассисаи таълими тибки меъёрхои мукарраршуда;

бахогузории мачмуи ба фаъолият – ичозатномадихии такрори, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълими дар шакли муттахидшудаи ин амалиёт дар як мухлат;

бакалавр – шахси дорои дарачаи аввали тахсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, махорат ва малакаи касбиро сохиб шудааст;

барномаи таълими – хуччате, ки дар он мазмуни фанни таълими, максаду вазифахо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатхи донишу махорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;

интернатура –  ихтисосгирии баъдидипломи барои шахсони дорои тахсилоти олии касбии тибби ва фармасевти;

донишчу – шахсе, ки дар зинахои тахсилоти миёнаи касби ва олии касби (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) тахсил менамояд;

зинахои тахсилот – мархилахои таълиму тарбия, ки даврахои тахсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми), ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;

китоби дарси – воситаи таълимие, ки тибки барномаи таълими асосхои сохаи муайяни илмро  пайдархам ифода менамояд;

маблаггузории сарикаси – маблаггузорие, ки дар асоси меъёрхои хадди акалли маблаггузори тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи тахсилот, махалли чойгиршавии муассисаи таълими ба сари хар як таълимгиранда ва муассисаи таълими муайян ва таксим карда мешавад;

магистратура – дарачаи дуюми тахсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби пас аз супоридани имтихонхои давлати ё химояи рисолаи магистри дипломи намунаи давлатиро медихад;

мазмуни таълим – сохтор, мундарича ва хачми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дарачаи тахсилот ва ихтисоси муайянро медихад;

макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф – макоми ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ки сиёсати давлатиро дар сохаи маориф амали мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисахои таълими, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, назорат ва рохбари менамояд;

макомоти дахлдори давлати – макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва макомоти дигари давлатие, ки ваколатхои муайянеро дар сохаи маориф бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд;

мактаби (синфи) камнуфус – муассисаи таълимие (синфе), ки дар махалхои камахоли барои бо тахсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад;

маориф – раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, чамъият ва давлат, ки сохиби дарачаи муайяни тахсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад;

машгулияти инфироди – шакли таълим бо истифодаи тарзхои гуногуни таълими инфироди, ки ба хонанда ё донишчу дониши иловаги медихад;

муассисаи таълими – ташкилоти таълимии давлати ва гайридавлати, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба рох монда, як ё якчанд барномахои таълимиро амали мегардонад;

муассисаи таълимии махсус – ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва мухити махсуси педагоги буда, офияти тиббию ичтимои, тахсилу касбомузии кудаконеро, ки ба табобати тулони эхтиёч доранд, гирифтори иллати чисмони ё равони мебошанд ва ё рафтори онхо барои чамъият хавфнок аст, таъмин менамояд;

— муассисаи томактаби – ташкилоте, ки барои кудакони синни томактаби пешбини шуда, онхоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;

— мутахассис – шахсе, ки сохиби тахсилоти олии касби буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, махорат ва малакаи касбиро  сохиб шудааст ва барои ичро намудани кори илми имконият дорад;

— натичаи таълим – мачмуи дониш, махорат, малака, акида, чахонбини ва арзишхои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми тахсил дар муассисаи таълими сохиб мегарданд;

— накшаи таълими – хуччате, ки омузиши фанхои таълими ва таксимоти солонаи онхоро барои тамоми давраи тахсил дар муассисахои таълими муайян менамояд;

— низоми маориф – макомоти идоракунии маориф, муассисахои таълими, субъектхои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотхои сохаи маориф, иттиходияхои муассисахои таълими, вохидхои сохтори ва дигар сохторхое, ки дар асоси стандартхои давлатии тахсилот мачмуи барномахои таълими ва сиёсати давлатиро дар сохаи маориф амали менамоянд;

— нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии хуччатхои тахсилотии шахсоне, ки муассисахои таълимии давлатхои хоричи ва ё ташкилотхои байналмилалиро хатм кардаанд;

— омузгор – шахси дорои тахсилоти касби, ки ба таълиму тарбия машгул мебошад;

— фаъолияти инфиродии омузгори – фаъолияти омузгорие, ки дар муассисаи таълими берун аз вакти кори ва ё берун аз муассисаи таълими дар асоси шартнома амали карда мешавад;

— ординатура (резидентура) – тахсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз руи ихтисосхои муайяни тибби зери рохбарии табиби дарачаи илмидошта ё табибони пуртачриба анчом дода мешавад;

— сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натичаи он шахс сохиби тахсилот мегардад;

— сифати тахсилот – мачмуи нишондихандахои стандартхои давлатии тахсилот ва талаботи давлати;

— стандартхои давлатии тахсилот – мачмуи меъёрхое, ки мазмуни тахсилот, мохияту мухлати таълим, хачми сарбории таълими, сатхи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асоси ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундаричаи барномахои таълими ва бахогузории сатхи донишро дар муассисахои таълими бо назардошти дастовардхои милли ва умумибашари муайян мекунанд;

— тарбия – раванди максадноки ба воя расонидани кудак аз  чониби падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), муассисаи таълими, чамъият ва ба зиндагии мустакилона омода намудани у;

— таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), омузгор ва муассисаи таълими барои инкишофи кудак, такмили истеъдод, махорат, малака ва кобилияти фикрию чисмонии у;

— тарбиягиранда – кудаке, ки дар муассисахои томактаби бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст;

— таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишчу, аспирант, шунавандаи муассисаи таълими;

— тахсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънави, зехни, фарханги, чисмони ва салохияти касбии шахс равона карда шудааст;

— тахсилоти калонсолон – мачмуи равандхои тахсилот, ки бо кумаки он калонсолон кобилият ва дониши худро инкишоф дода, дарачаи тахассуси касби ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;

— тахсилоти муттасил – дар тули хаёт гирифтани тахсилот ва мукаммал гардонидани донишу чахонбини;

— тахсилоти фосилави – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияхои муосири иттилооти ва телекоммуникатсиони, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омузгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад;

— тахсилоти фарогир – барои кудакон, новобаста ба  чинс, нажод, забон, миллат, эътикоди дини, иллати чисмони ё равони, кобилият, вазъи фарханги ва ичтимои мухайё кардани шароити мусоид чихати гирифтани тахсилот;

— тачхизоти таълими – тачхизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, махорат, малака, инкишофи чисмони ва зехнии таълимгирандагон истифода мешавад;

— раванди таълим – низоми фаъолияти таълимию тарбияви барои расидан ба  максадхои таълим;

— экстернат – омузиши мустакилонаи фанхои таълими мутобики барномаи асосии таълими бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисахои таълими.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маориф

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Сиёсати давлати дар сохаи маориф

  1. Сиёсати давлати дар сохаи маориф яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии Чумхурии Точикистон махсуб меёбад.
  2. Давлат барои амали гардонидани сиёсати давлати дар сохаи маориф низоми маорифи Чумхурии Точикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини хукуки шахрвандон ба тахсил равона мекунад.
  3. Давлат бо максади рушди сохаи маориф хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукукиро таъмин менамояд.
  4. Сиёсати давлати дар сохаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои давлатии рушди сохаи маориф тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  5. Дар муассисахои таълими таргиб, таъсис ва фаъолияти сохторхои хизбхои сиёси, харакатхои сиёсии чамъияти ва дини манъ аст.

Моддаи 4. Принсипхои  асосии сиёсати давлати дар сохаи маориф дар Конун

Сиёсати давлати дар сохаи маориф ба принсипхои зерин асос меёбад:

— баробархукукии шахрвандон дар гирифтани тахсилоти босифат;

— конуният, эхтироми хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

— бартарии сохаи маориф дар хама сатххои идоракунии давлати;

— хатми будани таълими умумии асоси;

— дастрасии тахсилоти миёнаи умуми ва идомаи тахсил дар зинахои минбаъдаи тахсилот дар асоси озмун;

— бартарии арзишхои миллию умумибашари, мохияти башардустонаи мазмуни тахсилот, рушди озодонаи шахс;

— мухаббат ба Ватан, оила ва мухити зист;

— чанбаи илми, дуняви ва башардустонаи таълиму тарбия дар муассисахои таълими;

— ягонагии фазои маърифатию фарханги, рушди фарханг ва хифзи анъанахои милли;

— чанбаи инсондусти, демократи ва давлатию чамъиятии идоракунии сохаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

— мустакилияти муассисахои таълими;

— раванди муттасили тахсил;

— мувофикати сохаи маориф ба талабот ва вазифахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон;

— рушди сохаи маориф бо назардошти стандартхои байналмилалии сифати таълим ва меъёрхои байналмилалии тахсилот;

— хавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди у;

— пайдархамии раванди тахсилот, ки алокамандии зинахои тахсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

— хамгироии тахсилот, илм ва истехсолот.

Моддаи 5. Вазифахои Конуни мазкур

Вазифахои конуни мазкур аз инхо иборат мебошанд:

— таъмини кафолати давлатии хукуки шахс ба тахсил;

— фарохам овардани кафолати хукуки барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисахои таълими ва хамохангсозии муносибатхои онхо бо дигар сохторхои хаёти чамъияти;

— мукаррар намудани салохият, ваколатхо, вазифахо, хукукхо, ухдадорихо ва масъулияти макомоти идоракунии давлати, шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи маориф ва танзими хукукии муносибатхои субъектхои раванди таълиму тарбия;

— мухайё  намудани шароит барои азхудкунии барномахои таълими;

— фарохам овардани заминаи устувори ахлок ва тарзи хаёти солим;

— мукаммал гардонидани зехн бо рохи фарохам овардани шароит барои инкишофи шахс;

— тарбияи мухаббат ба Ватан, эхтиром ба мукаддасоти милли ва арзишхои умумибашари, пос доштани расму ойин ва анъанахои милли;

— тарбияи шахсияти дорои эхсоси масъулияти баланди шахрванди бахри иштироки фаъолона дар хаёти чамъиятию сиёси, иктисоди ва фарханги;

— дарки муносибати огохонаи шахс ба хукук ва ухдадорихои худ.

Моддаи 6. Кафолати давлатии хукуки шахрвандон ба тахсил

  1. Давлат ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, новобаста ба миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои ва молумулки, хукук ба тахсилро кафолат медихад.
  2. Давлат ба шахрвандони Чумхурии Точикистон таълими хатмии умумии асосии ройгонро дар муассисахои таълимии давлати, инчунин дар доираи фармоишхои давлати дар асоси озмун ройгон гирифтани тахсилотро дар зинахои минбаъдаи тахсилот кафолат медихад.
  3. Хукуки шахрванд ба тахсил аз руи синну сол, вазъи саломати, мавчудияти доги суди ва дигар нишонахо метавонад танхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда шавад.
  4. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои интихоби муассисаи таълими ва шакли тахсилот: рузона, шабона, гоибона, оилави, фарогир, фосилави ва экстернат хукук доранд.
  5. Давлат дар муассисахои таълимии давлатии тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медихад.
  6. Давлат таълимгирандагони болаёкатро дастгири намуда, ба тахсилоти онхо кумак мерасонад, аз руи натичаи таълим барояшон стипендияхои махсуси давлати мукаррар менамояд ва хангоми зарурат онхоро барои тахсил ба хорича мефиристад.
  7. Давлат таъминот ва харочоти таълиму тарбияи кудакони ятиму бепарастор, кудакони дорои имконияти махдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд, дар муассисахои таълимии давлати аз хисоби маблаги бучети кафолат дода, пас аз хатми муассисахои таълими онхоро бо чои кор таъмин менамояд.
  8. Давлат барои шахрвандоне, ки муддати тулони бо сабаби бемори ба муассисахои таълимии тахсилоти умуми рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисахои тандурусти таълими ройгонро ташкил мекунад.
  9. Хатмкунандагони муассисахои таълими барои идомаи тахсил дар зинахои минбаъдаи тахсилот хукуки баробар доранд.
  10. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои таълиму тарбияи томактаби, тахсилоти ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми бо шахрвандони Чумхурии Точикистон хукуки баробар доранд.

Моддаи 7. Забони тахсил

  1. Забони асосии тахсил дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон забони давлати мебошад.
  2. Давлат ба шахрвандон интихоби забони тахсилро кафолат дода, ба забони давлати ва дар махалхои сукунати сернуфуси миллатхои дигар, дар доираи имконоти мавчудаи сохаи маориф, ба забони модарии онхо гирифтани тахсилоти умумиро таъмин менамояд.
  3. Дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми забони тахсил бо рохи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон, синфхо, гуруххо ва фарохам овардани шароит барои фаъолияти онхо муайян карда мешавад.
  4. Дар хамаи муассисахои таълими омузиши забони давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандартхои давлатии тахсилот хатмист.
  5. Таълими забонхои хоричи, аз чумла руси ва англиси хамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фархангии башарият, дастовардхои илму техника ва технологияи муосир дар хамаи муассисахои таълими ба рох монда мешавад.

Моддаи 8. Стандартхои давлатии тахсилот ва барномахои таълими 

  1. Барои хамаи зинахои тахсилот стандартхои давлатии тахсилот мукаррар карда мешаванд, ки аз нишондихандахои зерин иборатанд:

— хадди акалли хатмии мазмуни барномахои таълими ва шарту шароити ичрои онхо;

— хачми хадди акал ва нихоии соатхои таълими;

— талаботи асоси ба сатх ва сифати тайёрии хатмкунандагон;

— мухлати омузиши барномахои таълими;

— хуччатхои тасдиккунандаи меъёрии марбут ба тахсилот.

  1. Барномахои таълими барои хамаи зинахои тахсилот мутобики стандартхои давлатии тахсилот тахия мегарданд. Барномахои таълими аз инхо иборатанд:

— томактаби;

— тахсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси, миёнаи умуми);

— тахсилоти ибтидоии касби;

— тахсилоти миёнаи касби;

— тахсилоти олии касби;

— тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

— тахсилоти иловаги;

— тахсилоти махсус;

— тахсилоти калонсолон.

  1. Дар хамаи муассисахои таълими ичрои стандартхои давлатии тахсилот ва барномахои таълими хатми мебошад.
  2. Тартиби тахия, тасдик ва чори кардани стандартхои давлатии тахсилотро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  3. Барои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти махсус стандартхои махсуси давлатии тахсилот ва барномахои махсуси таълими тахия, тасдик ва чори карда мешаванд.
  4. Мухлат ва меъёри омузиши барномахои таълимиро дар муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати конуни мазкур ва стандартхои дахлдори давлатии тахсилот муайян менамоянд.
  5. Дар муассисахои таълими барои озмоиши технологияи нави таълим ва чори кардани мазмуни нави таълим ба таври тачрибави барномахои таълими ва китобхои дарси тахия карда мешаванд.
  6. Дар муассисахои таълимии тахсилоти иловаги барномахои таълимии иловаги амали карда мешаванд.
  7. Дар муассисахои таълимии тачрибави бо ичозати макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба тарики озмоиш барномахои таълимии давлатхои пешрафта метавонанд истифода шаванд.
  8. Назорати татбики стандартхои давлатии тахсилотро дар хамаи муассисахои таълими макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф амали менамояд.

БОБИ 2.

НИЗОМИ МАОРИФИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 9. Сохтори низоми маориф

  1. Низоми маорифи Чумхурии Точикистон аз сохторхои зерин иборат мебошад:

— стандартхои давлатии тахсилот;

— барномахои таълими;

— шакл ва меъёри гирифтани тахсилот;

— макомоти идоракунии маориф;

— муассисахои таълими;

— субъектхои раванди таълиму тарбия;

— муассисаю дигар ташкилотхои сохаи маориф;

— иттиходияхои муассисахои таълими;

— вохидхои сохтори ва дигар сохторхо.

  1. Дар низоми маориф инчунин сохторхои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онхо ба вазифахои зерин вобаста мебошанд:

— гирифтани тахсилот ва таъмини он;

— гузаронидани имтихонхои дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби;

— таксимоти чойхо дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби;

— амали намудани барномахои миллии арзёби;

— мусоидат барои иштирок дар пажухишхои байналмилали;

— мониторинг ва арзёбии дониш аз руи вазифахои зикршуда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон.

  1. Дар низоми маориф метавонанд сохторхои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани тахсилот ва таъмини он вобаста намебошад.

Моддаи 10. Муассисаи таълими, сохтор ва намудхои он

  1. Дар Чумхурии Точикистон муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати, муштарак ва байналмилали фаъолият менамоянд.
  2. Макоми муассисаи таълими ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон инъикос мегардад.
  3. Низомномахои намунавии муассисахои таълимиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  4. Тасдик кардан ё тагйир додани макоми муассисаи таълими дар асоси хулосаи аттестатсияи давлати амали мегардад.
  5. Дар Чумхурии Точикистон намудхои зерини муассисахои таълими фаъолият менамоянд:

— томактаби;

— тахсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси, миёнаи умуми);

— тахсилоти ибтидоии касби;

— тахсилоти миёнаи касби;

— тахсилоти олии касби;

— тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

— тахсилоти иловаги;

— тахсилоти махсус;

— муассисахои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амали мегардонанд.

  1. Намудхои дигари муассисахои таълими аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисаи таълими

  1. Муассисаи таълими аз чониби макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Муассисаи таълимии давлати бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон, макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва макомоти махаллии хокимияти давлати таъсис дода шуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайди давлати мегузарад.
  3. Муассисаи таълимии давлатие, ки макоми чумхурияви дорад, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайди давлати мегузарад.
  4. Муассисаи таълимии давлатие, ки макоми махалли дорад, бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъсис дода шуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайди давлати мегузарад.
  5. Муассисаи таълимии гайридавлати бо карори муассис (муассисон) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, бо тартиби мукарраргардида аз кайди давлати мегузарад.
  6. Муассисахои таълимии чумхурияви ба сохтори макомоти махаллии идоракунии маориф ва муассисахои таълимии махалли ба сохтори макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф тибки конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд.
  7. Азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисаи таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  8. Муассисахои томактаби ва тахсилоти умуми дар шахраку дехот танхо бо розигии макомоти худидоракунии шахрак ва дехоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш бархам дода мешаванд.
  9. Дар сурати бархамдихии муассисаи таълими макомоти дахлдори давлати бо тартиби мукарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофики хохиши онхо ба дигар муассисахои таълимии мувофик таъмин менамоянд.

Моддаи 12. Тартиби бакайдгири ва фаъолияти муассисаи таълими

  1. Тартиби бакайдгирии муассисаи таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Хукуки муассисаи таълими барои пешбурди фаъолияти молиявию хочагидори, ки оинномаи он пешбини намудааст, аз рузи бакайдгирии давлатии ин муассиса мавриди амал карор дода мешавад.
  3. Ба муассисаи таълими аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф, макомоти дахлдори давлати бо тартиби мукарраргардида ичозатнома дода мешавад.
  4. Муассисаи таълими танхо пас аз гирифтани ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими хукуки фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.

Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълими

  1. Муассиси (муассисони) муассисаи таълими инхо шуда метавонанд:

— макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти махаллии идоракунии маориф;

— иттиходияхои (ассотсиатсияхои, иттифокхои) муассисахои таълими;

— фондхои чамъияти ва хусуси, аз чумла хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд;

— шахсони вокеи ва хукуки.

  1. Муассис (муассисон) метавонад муассисаи таълимии муштарак таъсис дихад.
  2. Муассиси хама намуди муассисахои таълимии харби Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад. Таълими харбии шахрвандон мутобики конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълими

  1. Оинномаи муассисаи таълими хуччатест, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, маълумотхои зеринро дар бар мегирад:

— ном, махалли чойгиршави ва макоми муассиса;

— муассис (муассисон);

— шакли ташкилию хукуки;

— маълумот оид ба намояндагиву филиалхо;

— максади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклхои барномахои татбикшавандаи таълими;

— тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз чумла забони тахсил, тартиби кабул ва хорич намудани таълимгиранда, мухлати тахсил, тартиби гузаронидани санчишу имтихон, речаи кори муассисаи таълими, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулаки ва тартиби пешниходи он;

— тартиби ба расмият даровардани муносибатхои муассисаи таълими бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишчуён ва падару модари онхо (шахсони онхоро ивазкунанда);

— сохтори фаъолияти молияви ва хочагидории муассисаи таълими, аз чумла тартиби истифодаи объектхои моликият, манбаъхои маблаггузори, таъминоти моддию техники, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти сохибкори ва фаъолияти пулаки;

— тартиби идоракунии муассисаи таълими, аз чумла салохияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракуни, тартиби кабул, чобачогузории кормандон, шартхои пардохти музди мехнати онхо, тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихи;

— хукуку вазифахои субъектхои раванди таълиму тарбия;

— фехристи санадхои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.

  1. Оинномаи муассисаи таълимии давлати бояд макоми идоракунии дастчамъи, тартиби ташкил ва вазифахои онро пешбини намояд.
  2. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса тахия намуда, онро муассис (муассисон) тасдик мекунад.

Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактаби

  1. Таълиму тарбияи томактаби дар Чумхурии Точикистон бо максади инкишофи кобилият, шавку рагбат, хусусиятхои чисмони, равони, зехни ва фархангии кудакони синни томактаби ва ёрии амали ба падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кудакон, инчунин омода намудани онхо ба тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми ба рох монда мешавад.
  2. Дар Чумхурии Точикистон намудхои зерини муассисахои томактаби: ширхоргох, ширхоргох-кудакистон, кудакистон, мактаб-интернат, хонаи кудакон, маркази инкишофи кудакон, кудакистони оилави ва дигар муассисахои томактабии кутохмуддат, рузона, шабонарузи ва муассисахои ба онхо баробаркардашудаи давлати ва гайридавлати амал менамоянд.
  3. Барои дар оила ва муассисахои томактаби таълиму тарбия гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), баробар бо муассисахои томактаби масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи чисмони, маънави ва зехнии давраи аввали кудаки ва минбаъд барои ба тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми омода намудани онхо ухдадоранд.
  4. Муносибатхои байни муассисахои томактаби ва падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо шартномаи тарафайн танзим карда мешавад.
  5. Давлат муассисахои томактабиро аз чихати модди ва молияви дастгири карда, дастрасии хизматрасони, таълиму тарбияи томактабиро барои оилахои камбизоат таъмин менамояд.
  6. Фаъолияти муассисахои томактаби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва Стандарти давлатии тахсилоти томактаби, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 16. Тахсилоти умуми

  1. Тахсилоти умуми дар Чумхурии Точикистон барои гирифтани маълумоти умуми дар бораи табиат, чамъият ва арзишхои таърихию фархангии милливу умумибашари ташкил карда мешавад.
  2. Тахсилоти умуми тавассути муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, умумии асоси, миёнаи умуми, мактабхои (синфхои) камнуфус ва дигар муассисахои таълими дар се зина: ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми амали мегардад.
  3. Синну сол ва мухлати тахсил дар хар зинаи тахсилотро конуни мазкур ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти умуми муайян мекунанд.
  4. Ба синфи якуми зинаи аввали тахсилот чалб кардани кудаконе, ки ба синни 7 расидаанд, хатмист.
  5. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми дар шакли рузона, шабона, гоибона, фосилави, фарогир, оилави ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  6. Барои шахрвандони Чумхурии Точикистон таълими умумии асоси (9-сола) хатмист.
  7. Кабули хонандагон ба зинаи сеюми тахсилот дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми мувофики майлу хохиш ва кобилияту завки онхо сурат мегирад.
  8. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умумии давлати метавонад дар баробари тахсили ройгон бо хохиши падару модари (шахсони онхоро ивазкунандаи) хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулаки бошад.
  9. Тахсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми бо аттестатсияи хатм ба анчом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи хатмро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф мукаррар мекунад.
  10. Бо карори макоми идоракунии муассисаи таълими ва дар мувофика бо макомоти махаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалхои гайриконуни ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълими хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълими хорич карда мешавад.
  11. Муассисаи таълими ухдадор аст, ки дар бораи хорич гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) ва макомоти дахлдори давлати хабар дихад.
  12. Карори мазкур нисбат ба кудакони ятиму бепарастор дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати кабул карда мешавад.
  13. Макомоти махаллии идоракунии маориф дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хал менамоянд.
  14. Тахсили кудакони ятиму бепарастор дар муассисахои таълимии тахсилоти умумии барои онхо пешбинишуда ташкил карда мешавад.
  15. Дар сурати мавчуд будани заминаи зарурии моддию техники дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми тахсилоти ибтидоии касби низ ба рох монда мешавад.
  16. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомузи ичозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловаги, аз чумла пулакиро ба рох монанд.
  17. Тайёрии ибтидоии касби ва тахсилоти касби дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  18. Тайёрии харби дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми бо хонандагони чинси мард дар давоми ду соли охири тахсил ва як маротиба гузаронидани чамъомади таълимии харби аз руи барномаи таълимие, ки макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дар мувофика бо макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мудофиа тасдик менамояд, амали карда мешавад.
  19. Шахрвандон барои тахсилоти дини гирифтан дар муассисахои таълимии дини хукук доранд. Фаъолияти ин муассисахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танхо дар асоси ичозатномае, ки макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф медихад, амали карда мешавад.
  20. Гирифтани тахсилоти дини дар Чумхурии Точикистон ба шахрвандони то синни 18 танхо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) ичозат дода мешавад.

Моддаи 17. Тахсилоти ибтидоии касби

  1. Тахсилоти ибтидоии касби дар Чумхурии Точикистон бо максади гирифтани тахсилоти ибтидоии касби ва омухтани касбхои коргари ташкил карда мешавад. Шахрвандон дар заминаи тахсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми мувофики майлу хохиш ва кобилияташон дар асоси озмун ё тарики гузаронидани сухбат ба муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби хукуки дохил шудан доранд.
  2. Тахсилоти ибтидоии касби дар литсейхои касби — техники ва сохави, марказхои таълимии калонсолон ва дигар муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Тахсилоти калонсолон дар муассисахои таълимии тахсилоти касби ба рох монда шуда, он бо гирифтани хуччати тасдиккунандаи касби ба анчом мерасад.
  4. Тахсилоти ибтидоии касби аз руи ихтисосхои алохида дар заминаи тахсилоти миёнаи умуми ташкил карда мешавад, агар муассисаи таълими оид ба ин навъи фаъолияти таълими ичозатнома дошта бошад.
  5. Тахсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар курсхои таълимии назди ширкату чамъиятхои хочагидори, кооперативхои тичорати, корхонахои давлати, ташкилотхои гайритичоратии давлати ва гайридавлати, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва олии касби гирифтан мумкин аст.
  6. Шахрвандоне, ки тахсилоти миёнаи умуми надоранд, барои касбомузи ба муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ва инчунин ба курсхои таълимие, ки дар кисми 5 моддаи мазкур зикр гардидаанд, кабул карда мешаванд.
  7. Тахсилоти шахрвандон дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии давлати мувофики фармоиши давлати ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисахои мазкур илова ба фармоиши давлати тахсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.
  8. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби дар шакли рузона, шабона, гоибона, фосилави ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  9. Муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби дар сохтори худ метавонад намудхои мухталифи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.
  10. Дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби вобаста ба мавчудияти заминаи моддию техники ва кадри барномахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми амали карда мешаванд.

Моддаи 18. Тахсилоти миёнаи касби

  1. Тахсилоти миёнаи касби дар Чумхурии Точикистон бо максади гирифтани тахсилоти миёнаи касби ташкил карда мешавад. Шахрвандон баъди хатми муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси, миёнаи умуми ва ибтидоии касби хукуки гирифтани тахсилоти миёнаи касбиро доранд.
  2. Тахсилоти миёнаи касби дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби (коллечхо) амали карда мешавад.
  3. Баъди хатми муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси ба шахрвандон дар асоси озмун ё тарики гузаронидани сухбат барои идомаи тахсил танхо ба муассисахои таълимии сохаи омузгори, тибби ва фархангии тахсилоти миёнаи касби ичозат дода мешавад. Шахрвандоне, ки тахсилоти умумии асоси доранд, дар ин муассисахо баробари тахсилоти миёнаи касби метавонанд тахсилоти миёнаи умуми гиранд.
  4. Мухлати тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби барои шахсони дорои тахсилоти умумии асоси то 4 сол, барои шахсони дорои тахсилоти миёнаи умуми то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисахои таълимии сохаи тиб ва фархангро мувофики хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то 4 сол мукаррар карда мешавад.
  5. Тахсили шахрвандон дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлати мувофики фармоиши давлати дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисахои мазкур илова ба фармоиши давлати тахсил мекунанд, дар асоси шартнома пулаки таълим мегиранд.
  6. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар шакли рузона, шабона, гоибона, фосилави ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  7. Шахрвандоне, ки тахсилоти миёнаи касби доранд, имконияти идомаи тахсилро дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби мувофики ихтисос пайдо менамоянд. Мухлати тахсилро дар муассисаи таълимии тахсилоти олии касби барои ин шахрвандон макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян менамояд.
  8. Муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби метавонад филиал, шуъба, парки технологи, муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидоии касби ва дигар вохидхои сохтори дошта бошад, ки тартиби таъсиси онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 19. Тахсилоти олии касби

  1. Тахсилоти олии касби дар Чумхурии Точикистон бо максади гирифтани тахсилоти олии касби ташкил карда мешавад. Шахрвандон ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби баъди хатми муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми, ибтидоии касби ва миёнаи касби кабул карда мешаванд.
  2. Тахсилоти олии касби дар донишгоххо, академияхо, донишкадахо ва дигар муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии ба онхо баробаркардашуда амали карда мешавад.
  3. Муассисахои таълимии тахсилоти олии касби давлати ва гайридавлати, байналмилали ва муштарак мешаванд.
  4. Тахсили шахрвандон дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии давлати мувофики фармоиши давлати дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисахои мазкур илова ба фармоиши давлати тахсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулаки таълим мегиранд.
  5. Шахрвандон хукук доранд дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби дар асоси шартнома пулаки тахсилоти олии дуюм гиранд.
  6. Дар Чумхурии Точикистон донишгоххо метавонанд дар сохтори худ донишкада, филиал, академияи таълими, коллеч, литсейи касби — техники, муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муассисахои илмию методи, хочагии таълимию тачрибави, парки технологи, марказхои илмию инноватсиони ва дигар вохидхои сохтори дошта бошанд.
  7. Донишкада ва академияхо метавонанд дар сохтори худ литсейи касби — техники, муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муассисахои илмию методи, парки технологи, марказхои илмию инноватсиони ва дигар сохторхо дошта бошанд.
  8. Мухлати тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ба истиснои муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии тибби, барои дарёфти тахассуси дарачаи «бакалавр» на камтар аз 4 сол, «мутахассис» на камтар аз 5 сол ва «магистр» на камтар аз 2 сол мукаррар карда мешавад.
  9. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби дар шакли рузона, шабона, гоибона, фосилави ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  10. Дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии давлати вобаста ба имконоти моддию техники барои тайёр намудани афсарони эхтиётии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон кафедрахои харби ташкил карда мешаванд. Кафедрахои харби ба сохтори муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии давлати шомил мебошанд.
  11. Ташкил ва ба рох мондани таълим дар кафедрахои харбии муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии давлати тибки низомномае, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, муайян мегарданд.

Моддаи 20. Тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба шахрвандон имконият медихад, ки дарачаи тахсилоти худро дар заминаи тахсилоти олии касби инкишоф диханд.
  2. Муассисаи таълимии тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими бо максади тайёр кардани мутахассисони илми ва илмию омузгори барои муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои илми ташкил карда мешавад. Муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои илмии алохидае, ки дорои заминаи илми ва моддию техники мебошанд ва аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, метавонанд зинахои тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими – магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура (доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз руи ихтисос) таъсис диханд ва вазифаи ходими илмиро чори намоянд.
  3. Фаъолияти илми дар муассисаи таълимии тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 21. Тахсилоти иловаги

  1. Тахсилоти иловаги бо максади конеъ гардонидани талаботи шахс, чамъият ва давлат дар асоси барномахои иловагии таълими ва хизматрасонии иловагии таълими татбик карда мешавад.
  2. Тахсилоти иловагиро шахс дар муассисахои таълими ва баъд аз хатми муассисахои таълими дар муассисахои таълимии тахсилоти иловаги сохиб шуда метавонад.
  3. Тахсилоти иловаги дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва касби берун аз барномахои асосии таълими ё дар муассисахои таълимии тахсилоти иловаги амали карда мешавад.
  4. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловаги тааллук доранд:

— марказхои эчодии кудакон ва наврасон;

— академияхои хурди илмхо;

— касрхо, стансияхо, клубхои кудакон ва наврасон;

— мактабхои касбии варзиши, хунари, бадеи, мусики ва рассоми;

— курсхои кутохмуддати касбомузи;

— хонахо,  студияхои эчодиёти кудакон ва наврасон, лагерхои варзиши ва сайёхи;

— мактабхои варзишии кудакон ва наврасон, мактабхои махсуси захирахои олимпии кудакону наврасон, клубхои варзишии кудакон ва наврасон, варзишгоххои кудакона;

— клубхои тарбияи чисмонию варзишии махалли зист;

— клубхои тарбияи чисмонию варзишии маъюбон;

— муассисахои солимгардони, мактабхои махорати баланди варзиши, марказхои омодагии олимпи;

— муассисахои таълимии ибтидоии махсуси бадеи;

— муассисахои такмили ихтисос, бозомузи ва дигар муассисахое, ки ичозатномаи дахлдор доранд.

  1. Тахсилоти иловаги ба принсипхои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии тахсилоти иловаги ва тахсилот, майлу хохиши таълимгиранда асос ёфта, бе махдудият барои тамоми шахсон пешниход мегардад.
  2. Такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии тахсилоти иловаги дар муассисахои дахлдори таълими бо максади амиктар намудани дониш ва малакаи касби, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амали карда мешаванд.
  3. Такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон ва мутахассисон аз тарафи муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати, инчунин шахсони вокеи ва хукуки ройгон ва ё дар асоси шартнома пулаки амали карда мешаванд.
  4. Тахсилоти иловагие, ки таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби дар курсхои кутохмуддат мегиранд, метавонад дар асоси шартнома пулаки ташкил карда шавад.
  5. Фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловаги дар асоси низомномаи Намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловаги, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали мегардад.

Моддаи 22. Тахсилоти махсус

  1. Тахсилоти махсус хамчун кисми таркибии сохаи маорифи Чумхурии Точикистон тахсил ва офияти тиббию ичтимоии кудаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тулони эхтиёч доранд, гирифтори иллати чисмони ё равони мебошанд ва ё рафтори онхо барои чамъият хавфнок аст.
  2. Барои кудаконе, ки ба табобати тулони эхтиёч доранд, муассисахои таълимии тахсилоти умумии солимгардонии санатори, мактаб-интернатхои санатори, хонахои санатории кудакона ташкил карда мешаванд.
  3. Барои кудаконе, ки гирифтори иллати чисмони ё равони мебошанд ва дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми имкони тахсил карданро надоранд, муассисахои махсуси тахсилоти умуми, мактаб- интернатхо ва синфхои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисахои таълимии мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию ичтимоии ин гуна кудаконро таъмин намуда, онхоро ба мехнати муфиди чамъияти омода месозанд.
  4. Кудаконе, ки гирифтори иллати чисмони ё равони мебошанд, бо ризоияти падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) метавонанд якчоя бо кудакони солим дар муассисахои таълими тахсил намоянд ё барои онхо машгулиятхои инфироди ташкил карда мешаванд.
  5. Кудакони гирифтори иллати чисмони ё равони дар комиссияхои тиббию омузгори, ки бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъсис дода мешаванд, дар хузури падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) аз ташхис мегузаранд.
  6. Барои кудакони аз 10-сола боло, ки ахлоку рафтори онхо барои чамъият хавфнок буда, ба шароити алохидаи таълиму тарбия эхтиёч доранд ва муносибати махсуси омузгориро талаб мекунанд, муассисахои таълимии мухталифи махсус, ки офияти тиббию ичтимоии онхоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешаванд. Ба муассисахои таълимии мазкур кудакон бо карори суд фиристода мешаванд.
  7. Тахсилоти махсус дар асоси накша ва барномаи махсус бо истифода аз технологияхои муосири таълим вобаста ба муайян намудани дарачаи тамоюли иллати чисмони ё равонии кудакон чараён мегирад.
  8. Мухлати тахсилоти махсуси умумии хатмиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф вобаста ба намуд ва дарачаи тамоюли иллати чисмони ё равонии кудакон муайян мекунад.
  9. Тахсилоти касбии хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти махсус дар асоси фехристи самт ва ихтисосхои тахсилоти касби, ки ба хамин гурухи хатмкунандагон мувофик мебошад, дар муассисахои таълимии махсус ё дар муассисахои таълимии тахсилоти касби ташкил карда мешавад.
  10. Таълиму тарбияи кудакон дар муассисахои таълимии тахсилоти махсуси давлати ройгон аст.

Моддаи 23. Хуччатхо дар бораи тахсилот

  1. Муассисахои таълимие, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилот медиханд.
  2. Муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон ба шахсон намудхои зерини хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилотро медиханд:

— аттестат (шаходатнома) дар бораи тахсилоти умумии асоси – барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси (синфи 9);

— аттестат (шаходатнома) дар бораи тахсилоти миёнаи умуми – барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми (синфи 11 (12));

— шаходатнома дар бораи касб (дарача, синф, гурух) — барои шахсоне, ки бо тартиби мукарраршуда касб омухтаанд;

— диплом дар бораи тахсилоти ибтидоии касби – барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби;

— диплом дар бораи тахсилоти миёнаи касби – барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

— диплом дар бораи тахсилоти олии касби (бакалавр, мутахассис, магистр) – барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби;

— намудхои дигари хуччатхо дар бораи тахсилотро, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими тибки моддаи 20 Конуни мазкур ба хатмкунандагон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хуччатхои дахлдор медиханд.
  2. Аз руи натичаи химояи корхои тахассуси – рисолаи илми, мачмуи корхои илми бо тартиби мукарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, доктори фалсафа (PhD) ва доктор аз руи ихтисос дода мешавад.
  3. Дар муассисахои таълими аз руи натичаи фаъолияти илмию омузгори бо тартиби мукарраршуда дипломи дотсенти кафедра ё дотсент аз руи ихтисос, профессори кафедра ё профессор аз руи ихтисос ва шаходатномаи ходими калони илми дода мешавад.
  4. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи тахсилотро (ба истиснои тахсилоти умумии асоси) пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки тахсилоти иловаги мегиранд, сертификат дода мешавад.
  5. Ба хонандагони хама намудхои муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ки синфи 9-ро бо бахои «5» (аъло) хатм кардаанд ва хангоми тахсил дар синфхои 10, 11 (12) бо бахои «5» (аъло) тахсил намуда, имтихони хатмро бо бахои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, медали тилло ва аттестати (шаходатномаи)  намунаи махсус дода мешавад.
  6. Ба хонандагони хама намудхои муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ки синфи 9-ро бо бахои «5» (аъло) хатм кардаанд ва хангоми тахсил дар синфхои 10, 11 (12) имтихонхоро бо бахои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, лекин аз руи на бештар аз ду фан бахои солонаи «4» (хуб) дошта, аз фанхои дигар бахои чамъбастии «5» (аъло) доранд ва имтихони хатми синфи 11 (12)-ро бо бахои «5»  (аъло) супоридаанд, медали нукра ва аттестати (шаходатномаи) намунаи махсус дода мешавад.
  7. Ба хонандагоне, ки муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси (синфхои 1-9)-ро бо бахои «5» (аъло) хатм кардаанд, аттестати (шаходатномаи) аъло дода мешавад.
  8. Ба хонандагон ва донишчуёне, ки муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касбиро бо бахои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочи дода мешавад.
  9. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нукра ва додани аттестати (шаходатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочи, инчунин имтиёзхои ба хуччатхои мазкур вобастаро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дар асоси низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  10. Ба хонандагон ва донишчуёни дорои рафтори намунавие, ки муассисахои таълимиро бо бахои аъло хатм кардаанд, хуччатхои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаходатномаи) универсали бо медали тилло ва нукра, аттестати (шаходатномаи) аълои равияви бо медали тилло ва нукра, дипломи аъло бо нишони аълочи дода мешавад.
  11. Тартиби пешниход ба хуччатхои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаходатномаи) универсали бо медали тилло ва нукра, аттестати (шаходатномаи) аълои равияви бо медали тилло ва нукра, дипломи аъло бо нишони аълочи, инчунин имтиёзхои ба хуччатхои мазкур вобастаро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дар асоси низомномаи тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  12. Ба хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби инчунин нишони сарисинаги дода мешавад, ки намунааш аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф мукаррар карда мешавад.
  13. Хуччати намунаи давлати дар бораи хатми зинаи тахсилот, ки бо мухри муассисаи таълими тасдик карда мешавад, шарти асосии идомаи тахсил дар зинахои минбаъдаи тахсилот ба хисоб меравад.
  14. Шахрвандони Чумхурии Точикистон мутобики тахассуси дар хуччати намунаи давлати нишондодашуда, инчунин дарачаи илмии дар хуччати намунаи давлати кайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касби, аз чумла ишгол намудани вазифахое, ки барояшон талаботи тахассуси ба дарачаи тахсилот мукаррар шудааст, хукук доранд.
  15. Муассисахои таълимии гайридавлати, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи хуччатхои дар хамин модда номбаршударо месупоранд, ки онхо баробари хуччатхои намунаи давлати эътибор доранд.
  16. Муассисахои таълимии гайридавлати, ки аз аккредитатсияи давлати нагузаштаанд, хуччатхо дар бораи тахсилотро бо мухри худ тасдик мекунанд.
  17. Тартиби кабул, бакайдгири, нигохдори ва супоридани хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилотро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф тахия ва тасдик мекунад.
  18. Дар Чумхурии Точикистон хуччатхои дарачаи тахсилоти дигар давлатхо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онхоро шартномахои байналмилали пешбини намуда бошанд ё он давлатхо бо Чумхурии Точикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд.
  19. Нострификатсияи хуччатхои дарачаи тахсилоти дигар давлатхоро, ки бо Чумхурии Точикистон дар бораи эътирофи хуччатхои тахсилот шартнома ё созишнома надоранд, макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян менамояд.

Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисахои таълимии тахсилоти касби

  1. Хатмкардагони шуъбахои рузонаи муассисахои таълимии тахсилоти касби тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо чойи кор таъмин карда мешаванд.
  2. Шахрвандоне, ки аз хисоби бучети давлати тибки фармоиши давлати муассисахои таълимии тахсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофики шартномаи тарафайн ва роххати макомоти дахлдор ухдадоранд, ки аз руи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте ки конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони чавон ба хисоб мераванд.
  3. Мутахассисони чавоне, ки аз хисоби бучети давлати муассисахои таълимии тахсилоти касбиро дар хоричи кишвар тибки шартномаи тарафайн хатм кардаанд, ухдадоранд, ки мувофики роххати макомоти дахлдор аз руи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд.
  4. Барои бо чойи кор таъмин намудани мутахассисони чавон макомоти дахлдори давлати вазифадор мебошанд.
  5. Мутахассисони чавоне, ки аз хисоби бучети давлати тахсил намуда, тибки фармоиши давлати бесабаб ба чойи кори муайяншуда хозир намешаванд ё аз кор саркаши мекунанд, инчунин кабл аз ба охир расидани мухлат талаботи шартномаи тарафайнро риоя наменамоянд, ухдадоранд маблаги барои тахсили онхо харчшудаи давлатиро бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон баргардонанд.
  6. Макомот, муассисахо ва дигар ташкилотхои давлати, ки мутахассисони чавонро бо роххат кабул менамоянд, ухдадоранд барои онхо шароити мусоиди кори фарохам оваранд ва дар сурати набудани эхтиёчот ба мутахассис макомоти дахлдори давлатиро хатти огох созанд.
  7. Донишчуёне, ки муассисахои таълимии тахсилоти олии касбиро бо дипломи аъло бо нишони аълочи хатм кардаанд, дар интихоби чойи кор озоданд ва барои дохилшави ба аспирантура бе навбат рох дода мешаванд.

Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия

  1. Муассисахои таълими раванди таълиму тарбияро тибки стандартхои давлатии тахсилот, накшаву барномахои таълими ва санадхои меъёрии хукукии сохаи маориф амали менамоянд.
  2. Макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти махаллии идоракунии маориф, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот накшаи таълим ва чадвали дарсхоро, ки муассисаи таълими тасдик кардааст, тагйир дода наметавонанд.
  3. Дар муассисахои таълими раванди таълиму тарбия дар асоси эхтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омузгорон ва дигар кормандон амали карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулхои зуроварии чисмони ва таъсири равони манъ аст.
  4. Дар раванди таълиму тарбия рохбарони муассисахои таълими, омузгорон ва дигар кормандон барои таъмини бехатарии хаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрхои санитарию гигиени масъул мебошанд.
  5. Муассисахои таълими бо рохи ташкил намудани санчишхои чори ва аттестатсияхои фосилави сатхи азхудкунии барномахои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.
  6. Дар хамаи зинахои тахсилот азхудкунии барномахои таълими бо аттестатсияи хатм анчом меёбад.
  7. Дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби бо максади мустахкам намудани дониши назариявии хонандагон ва донишчуён тачрибаомузии касби ба рох монда мешавад. Мухлати тачрибаомузии касби дар накшахои таълими нишон дода мешавад.
  8. Барои ташкил ва гузаронидани тачрибаомузии касби рохбарони муассисахои таълими, корхона, муассиса ва ташкилотхое, ки дар онхо тачрибаомузи гузаронида мешавад, масъул мебошанд.
  9. Аз ичрои вазифаи асоси дур сохтани кормандони сохаи омузгори, чалби таълимгирандагони муассисахои таълими ба корхои кишоварзи ва дигар корхои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст.
  10. Дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидоии касби ва миёнаи касби аз тарафи хонандагон ва донишчуён истифодаи телефони мобили манъ аст. Дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз тарафи донишчуён, аспирантон, докторантон, омузгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобили дар раванди таълим манъ аст.
  11. Дар муассисахои таълими бо максади ташкили раванди таълиму тарбия нуктахои хизматрасонии равоншиноси ва тиббию педагоги фаъолият карда метавонанд.

 

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ МАОРИФ

 

Моддаи 26. Максад ва шаклхои танзими давлати дар сохаи маориф

  1. Танзими давлати дар сохаи маориф бо максади хифзи хукуки конститутсионии шахрвандон ба тахсил ва назорати сифати тахсилот амали карда мешавад.
  2. Танзими давлати дар сохаи маориф инчунин ба пешбурди фаъолияти муассисахои таълими нигаронида шуда, сифати тахсилотро назорат ва идора менамояд.

Моддаи 27. Идоракунии сифати тахсилот

  1. Идоракунии сифати тахсилот сиёсати ягонаи давлати дар сохаи маорифро амали карда, низоми ягонаи миллии бахогузори ба сифати тахсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.
  2. Идоракунии сифати тахсилот бо усулхои бахогузории дохили ва беруни дар асоси натичахои мониторинг ва кабули карорхои идоракуни дар муассисахои таълими амали мегардад.

Моддаи 28. Назорати давлати дар сохаи маориф

  1. Назорати давлати дар сохаи маориф фаъолияти таълимии шахсони вокеи ва хукукиро оид ба риояи ичрои талаботи стандартхои давлатии тахсилот, накша ва барномахои таълими бо максади таъмини сиёсати ягонаи давлати пешбини менамояд. Назорати давлати дар сохаи маориф тавассути макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва макомоти махаллии идоракунии маориф амали мегардад.
  2. Назорати давлати дар сохаи маориф бо тарзхои зерин амали мешавад:

— ичозатномадихи;

— бахогузории мачмуи ба фаъолияти муассисахои таълими;

— аттестатсияи давлати;

— аккредитатсияи давлати;

— назорати риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф.

  1. Назорати давлати бо рохи назорати чори, фосилави ва накшави амали мегардад.

Моддаи 29. Ичозатномадихи барои пешбурди фаъолияти таълими

  1. Ичозатномадихи барои пешбурди фаъолияти таълими дар сохаи маориф тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.
  2. Муассисаи таълими танхо пас аз гирифтани ичозатнома барои пешбурди фаъолияти таълими хукуки амали намудани барномахои таълимиро пайдо менамояд.

Моддаи 30. Бахогузории мачмуи ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълими

  1. Бахогузории мачмуи ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисахои таълими мутобики Конуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълими бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси аризаи муассисаи таълими гузаронида мешавад.
  3. Дар асоси натичаи аккредитатсияи давлати ба муассисаи таълими шаходатнома оид ба аккредитатсияи давлати ба мухлати 5 сол дода мешавад.
  4. Карор оид ба тасдик ё бозхонд намудани аккредитатсияи давлати дар асоси аттестатсияи давлатии муассисаи таълими кабул мегардад.
  5. Муассисахои таълимии давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали ё филиалхои онхо, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд, аз аккредитатсияи давлати бо тартибе, ки барои муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, мегузаранд.

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ СОХАИ МАОРИФ

 

Моддаи 31. Макомоти давлатии идоракунии сохаи маориф

  1. Идоракунии сохаи маорифи Чумхурии Точикистон хусусияти давлатию чамъияти дошта, мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисахои таълими амали карда мешавад.
  2. Макомоти давлатии идоракунии сохаи маориф дар Чумхурии Точикистон инхо мебошанд:

— Хукумати Чумхурии Точикистон;

— макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф;

— вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимию тарбияви доранд;

— макомоти махаллии хокимияти давлати;

— макомоти махаллии идоракунии маориф;

— макомоти худидоракунии шахрак ва дехот.

  1. Идоракунии муассисахои таълимии гайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши муассис (муассисон) Шурои сарпарастон тибки низомномаи намунавии тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассиса амали менамояд.
  2. Дахолати макомоти идоракунии давлати ба фаъолияти таълими, илми, илмию методи, молиявию хочагидори ва дигар фа ъолияти муассисахои таълими танхо дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон имконпазир аст.

 

Моддаи 32. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф инхо мансубанд:

— муайян ва таъмин намудани рушди сохаи маориф хамчун самти афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлати;

— таъмин кардани рохбарии самараноки сохаи маориф;

— бо пешниходи вазорату идорахо таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидои, миёна ва олии касби, тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои макоми чумхурияви ва муассисахои махсуси таълиму тарбия, Академияи тахсилоти Точикистон ва сохторхои он;

— тасдики стандартхои давлатии тахсилот;

— тасдики дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои давлатии рушди сохаи маориф, таъмини онхо аз чихати моддию техники ва молияви;

— муайян намудани самтхои афзалиятноки тахкикоти илмию техники, технологи, инноватсиони ва рушди минбаъдаи онхо, мусоидат намудан ба пешрафти муассисахо, паркхои технологи ва марказхои илмие, ки дар сохтори муассисахои таълими фаъолият доранд;

— таъсиси марказхои илмию инноватсиони, паркхои технологи;

— хамохангсозии байнисохавии илми ва илмию техники бо максади амали намудани консепсияхо, барномахо, лоихахои илми, инноватсиони, технологию коммуникатсиони;

— муайян намудани тартиби додани ичозатнома, гузаронидани аттестатсияи давлати, бахогузории мачмуи ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии муассисахои таълими, тартиби аттестатсияи кормандони сохаи омузгори ва илмии муассисахои таълими;

— тасдики фехристи касбу ихтисосхое, ки бо шакли экстернат гирифтани онхо манъ аст;

— тасдики фехрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби;

тасдики Тартиби гузаронидани имтихонхои марказонидаи дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касбии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 26.07.2014, №1125), (КЧТ аз 23.07.2016,№1346)

— муайян намудани  меъёрхои хадди акалли маблаггузории сохаи маориф, тартиби маблаггузории бучетии муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати;

— ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисахои тахсилоти олии касбии давлати бо пешниходи вазорату идорахои дахлдор;

— тасдик намудани хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилот, низомномахо дар бораи аттестати (шаходатномаи) универсали бо медали тилло ва нукра, аттестати (шаходатномаи) аълои равияви бо медали тилло ва нукра, дипломи аъло бо нишони аълочи, муайян намудани имтиёзхои ба хуччатхои мазкур вобаста;

— муайян намудани андозаи музди мехнат ва маоши вазифавии омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълимии давлати, меъёрхо ва тартиби пешниходи имтиёзхо, грантхо, чоизахо ва стипендия барои кормандони мазкур, хонандагон, донишчуён, аспирантон, докторантон ва мухаккиконе, ки ба вазифаи ходими илми гузаронида мешаванд;

— муайян ва тасдик намудани тартиби ягонаи чамъоварии маълумоти омории сохаи маориф;

— тасдик намудани тартиби таксимот ва бо чои кор таъмин намудани мутахассисони чавон;

— амали намудани дигар салохиятхо тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 33. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дохил мешаванд:

— амали намудани сиёсати давлати дар сохаи маориф;

— таъмини риояи хукук ва озодихои конститутсионии шахрвандон дар сохаи маориф;

— назорати раванди таълим дар асоси стандартхои давлатии тахсилот дар муассисахои таълими;

— ба имзо расонидани  шартнома ва дигар санадхо оид ба хамкори дар сохаи маориф бо тартиби мукарраршуда;

— тахияи низомномахои намунавии муассисахои таълими ва дигар санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи сохаи маориф ва пешниход намудани онхо барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон;

— дар асоси низомномахои намунавии муассисахои таълими ва дигар санадхои меъёрии хукуки тасдик намудани оиннома, дастурамал ва коидахои намунави, ки фаъолияти муассисахои таълимии дахлдорро танзим менамоянд;

— пешниход намудани таклифхо ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидои, миёна ва олии касбии дорои макоми чумхурияви;

— додани ичозатнома барои амали кардани фаъолияти таълими ба муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

— тахияи стандартхои давлатии тахсилот ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход кардани онхо;

-тасдик ва назорати риояи накша ва барномахои таълимии намунави барои муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон дар асоси стандартхои давлатии тахсилот;

— муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълими, тасдики нашри китобхои дарси, воситахои таълими ва маводи таълимию методи тибки талаботи стандартхои давлатии тахсилот ва барномахои таълими барои хамаи зинахои тахсилот;

— барраси ва халли масъалахои таъмин ва чобачогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф;

— дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдори Чумхурии Точикистон тахия намудани санадхои меъёрии хукуки оид ба таъмини заминахои моддию техники, низоми молияви, меъёрхои маблаггузори, меъёри музди мехнат ва маоши вазифавии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои тасдик пешниход намудани онхо;

— дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати муайян намудани андозаи маблаги тахсил, аз чумла маблаги таълими пулаки барои муассисахои таълими;

— бо максади муайян намудани дарачаи тахассус ва такмил додани махорати касбии мутахассисон тибки талаботи стандартхои давлатии тахсилот хар 5 сол мутобики низомнома ва коидахои мукарраршуда гузаронидани аттестатсияи омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълими;

— барои бахогузории мачмуи ба фаъолияти муассисаи таълими тибки талаботи стандартхои давлатии тахсилот хар 5 сол бо тартиби мукарраргардида ташкил кардани аттестатсияи давлатии муассисахои таълими;

— тибки натичаи аттестатсияи давлати ва бахогузории мачмуи ба  фаъолияти муассисаи таълими бо максади мукаррар намудани макоми муассисаи таълими хар 5 сол дар асоси низомномаи дахлдор ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълими;

— тасдик кардани меъёрхои муайянкунандаи макоми муассисахои таълими;

— бо пешниходи ректорони муассисахои таълимии давлатии тахсилоти олии касби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онхо, инчунин рохбарони муассисахои таълимии давлатии тахсилоти ибтидои ва миёнаи касби, мактаб — интернатхои дорои макоми чумхурияви ва дигар муассисахои таълимии тахсилоти махсуси сохтори макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф;

— ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани рохбарони вохидхои сохтории муассисаю дигар ташкилотхо, ба истиснои  муассисахои таълимии тахсилоти олии касбие, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;

— дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати муайян кардани ихтисос ва равияхо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эхтиёчоти иктисодиёти милли ва бозори мехнат дар муассисахои таълимии тахсилоти касбии чумхури бо назардошти имконияти вокеии муассисахои таълимии тахсилоти касби;

— додани ичозат ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими, Академияи тахсилоти Точикистон ва вохидхои сохтории он барои таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва таъсиси вазифаи ходими илми;

— тасдик кардани коидахои умумии кабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба муассисахои томактаби, таълимии тахсилоти умуми, ибтидои, миёна, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва назорати ичрои онхо;

— тасдик кардани тартиб ва тарзи  гузаронидани имтихонхои дохилшави, санчишу имтихонхои чори ва хатм барои хамаи зинахои тахсилоти муассисахои таълими, ба истиснои имтихонхои марказонидаи дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби; (КЧТ аз 26.07.2014, №1125)

— дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати амали намудани тахсили шахрвандони Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи;

— муайян ва дар амал татбик намудани тартиб ва тарзу усулхои гузаронидани тахлили хавфхои коррупсия дар сохаи маориф; (КЧТ аз 15.03.2016, №1295)

— ташкил кардани такмили ихтисос, бозомузи ва тахсилоти иловагии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф;

— бо максади истифодаи самараноки махорати касби ва пешгирии зухуроти коррупсиони тасдик намудани коидахои чойивазкунии рохбарони макомот ва муассисахои сохтории худ;

— таъмини хамохангии фаъолияти макомоти идоракунии маориф бо муассисахои таълими;

— таъмин ва назорати фаъолияти муассисахои таълиму тарбияи сохаи маориф, маблаггузории онхо аз хисоби маблаги дар ихтиёрашон буда;

— назорати раванди таъсис ва фаъолияти марказхои инноватсиони ва паркхои технологи;

— бо тартиби мукарраргардида амали намудани хамкори бо муассисахои таълими дар асоси созишномахои тарафайн;

— тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали намудани дигар ваколатхо.

Моддаи 34. Ваколатхои вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимию тарбияви доранд

Вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимию тарбияви доранд, дорои ваколатхои зерин мебошанд:

— оид ба таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти умуми, ибтидои, миёна, олии касби ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои макоми чумхурияви, тахсилоти махсус ва марказхои тахсилоти калонсолон дар сохтори худ дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба Хукумати Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход менамоянд;

— бо пешниходи ректорони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисахои олии таълими, муовинони якум ва муовинони онхо, инчунин рохбарони муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои ва миёнаи касби ва тахсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд;

— раванди таълиму тарбияро тибки талаботи стандартхои давлатии тахсилот дар муассисахои таълимии сохтори худ таъмин менамоянд;

— накшаю барномахои таълими, адабиёти таълимии муассисахои таълимии сохахои марбутаро барраси намуда, барои тасдик ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф пешниход менамоянд ва нашри          онхоро вобаста ба имконоти молияви амали менамоянд;

— такмили ихтисос, бозомузи, тахсилоти иловаги ва аттестатсияи омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълимии тахсилоти касби ва вохидхои сохтории худро ташкил ва таъмин менамоянд;

— фаъолияти муассисахои таълиму тарбияи сохтори худро назорат намуда, аз хисоби маблаги дар ихтиёрашон буда онхоро маблаггузори мекунанд;

— дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлати, инчунин бахогузории мачмуи ба фаъолияти муассисахои таълимии сохтори худ ва раванди ичозатномадихи ба онхо, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд;

— якчоя бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф стандартхои давлатии тахсилотро барои муассисахои таълимии тахсилоти касбии сохави ё муассисахои зертобеи худ тахия намуда, бо тартиби мукарраргардида барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд;

— ба нашри китобхои илмию таълимии тахассуси ва сохави мусоидат менамоянд;

— аттестатсияи омузгорон ва кормандони ихтисосхои (фанхои) тахассусии муассисахои таълимию илмии худро мегузаронанд;

— ба хатмкунандагони муассисахои таълимии зертобеи худ роххати кори дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онхоро назорат менамоянд;

— низоми тахсилоти муттасили касбию тахассусии сохавии худро муайян менамоянд;

— тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро амали менамоянд.

Моддаи 35. Ваколатхои макомоти  махаллии хокимияти давлати

Макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи маориф ваколатхои зеринро доранд:

— сиёсати давлатиро дар сохаи маориф дар махалхо амали менамоянд, барномахои махаллии  рушди сохаи маорифро бо назардошти хусусиятхои милли, ичтимои, фарханги, демографи ва дигар хусусиятхо тахия намуда, амали мегардонанд;

— фаъолияти макомоти махаллии идоракунии маорифро назорат менамоянд;

— муассисахои томактаби, муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва иловагии давлатиро, ки макоми махалли доранд, дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва дигар макомоти дахлдори давлати таъсис, аз нав ташкил ва бархам медиханд;

— бучети махалли, аз чумла бучети сохаи маориф ва фондхои дахлдори рушди маорифро ташаккул дода, на камтар аз меъёрхои хадди акалли аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикгардида меъёрхои махаллии маблаггузории сохаи маорифро тахия ва тасдик менамоянд;

— шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисахои таълими, муассисаю дигар ташкилотхои сохаи маориф таъмин менамоянд;

— ба дуруст тахия намудан ва ба макомоти болои пешниход кардани  хисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;

— барои аз муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи асоси дур нашудани хонандагон тадбирхо андешида, чалби онхоро ба зинахои минбаъдаи тахсилот назорат менамоянд;

— аз хисоби маблаги иловагии худ барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисахои таълими ва ташкилотхои махаллии маориф шароити мусоид фарохам месозанд;

— такмили ихтисос, бозомузи ва тахсилоти иловагии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро маблаггузори менамоянд;

— тарбиягирандагон ва хонандагони муассисахои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва ё имтиёзноки тибби таъмин мекунанд;

— тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро амали менамоянд.

Моддаи 36. Ваколатхои макомоти махаллии идоракунии маориф

Макомоти махаллии идоракунии маорифи вилоятхо, шахрхо ва нохияхо дар фаъолияти худ дорои чунин ваколатхо мебошанд:

— муассисахои таълимиро, ки аз бучети махалли маблаггузори мешаванд, намояндаги мекунанд;

— кудакони синни томактаби ва мактабиро ба хисоб гирифта, таълиму тарбияи онхоро то дарёфти тахсилоти умумии асоси зери назорат мегиранд;

— васояту парастории кудакони ноболигро, ки аз парастории падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) махрум мондаанд, мукаррар намуда, онхоро ба хонахои кудакон ё мактаб-интернатхо чойгир мекунанд, дигар васи ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онхоро тахти назорат мегиранд;

— мутобикати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартхои давлатии тахсилот дар муассисахои таълимии сохтори махалли дар доираи ваколатхои худ таъмин мекунанд;

— аттестатсияи омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро гузаронида, ба онхо дарачахои тахассуси медиханд;

— фармоиши давлатиро оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар асоси озмун дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои ва миёнаи касбии махалли ичро мекунанд;

— рохбарони муассисахои томактаби, муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва иловагии давлатиро, ки аз бучети махалли маблаггузори мешаванд, дар мувофика бо макомоти махаллии хокимияти давлати, инчунин муовинони рохбарони муассисахои мазкурро дар мувофика бо рохбарони онхо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;

— ба макомоти болои дар бораи масъалахои тахсилоти томактаби, умуми ва иловаги хисоботи омори пешниход менамоянд;

— барои аз муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси дур нашудани хонандагон масъул буда, чалби онхоро ба зинахои минбаъдаи тахсилот таъмин менамоянд;

— фаъолияти хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси ва миёнаи умумиро зери назорат гирифта, барои ба зинахои минбаъдаи тахсилот чалб намудани онхо тадбирхо меандешанд;

— барои ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон ва хоричи кишвар тайёр намудани хонандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми тадбирхо андешида, омодагии онхоро якчоя бо муассисахои таълими зери назорат мегиранд;

— оинномаи муассисахои таълимии давлатиро, ки аз бучети махалли маблаггузори мешаванд, тасдик мекунанд;

— такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро тавассути шабакаи кабинетхои методи ба накша мегиранд ва ташкил мекунанд;

— муассисахои таълимии макоми махаллидоштаро аз аттестатсия мегузаронанд ва ба фаъолияти онхо бахо мегузоранд;

— тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро амали менамоянд.

Моддаи 37. Ваколатхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот

Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар доираи фаъолияти худ ваколатхои зеринро доро мебошанд:

— барои бархам додани муассисахои томактаби ва тахсилоти умумии давлати дар худуди дахлдор ризоият медиханд;

— ба бехтар намудани раванди таълиму тарбия ва шароити моддию маишии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф мусоидат менамоянд;

— дар бобати бехбудии шароити ичтимоии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф чорахо меандешанд;

— тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар ваколатхоро амали менамоянд.

Моддаи 38. Вазифахои муассисахои таълими

  1. Муассисахои таълими дар амали намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва чобачогузории мутахассисон, фаъолияти илми ва молиявию хочагидори дар доираи меъёрхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисаи таълими мустакил мебошанд.
  2. Муассисахои таълими дар доираи фаъолияти худ вазифахои зеринро ичро менамоянд:

— оинномаи худро тахия намуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз кайд мегузаронанд;

— коидахои тартиботи дохилии муассисаи таълимии худро тасдик менамоянд;

— накшахои таълим, чадвали солонаи тахсил ва чадвали дарсхоро тасдик менамоянд;

— талаботи ичозатномаро барои пешбурди фаъолияти таълими риоя менамоянд;

— дар раванди таълиму тарбия усулхои фаъоли таълимро чори менамоянд;

— аттестатсияи мобайни ва аттестатсияи хатми хонандагон ва донишчуёнро гузаронида, сатхи сифати таълимро назорат менамоянд;

— шаклхои нави таълим, аз чумла таълими кредитиро татбик менамоянд;

— такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд;

— бакайдгири (инвентаризатсия), хифз ва нигохубини мол, ашё ва тачхизоти таълимиро таъмин менамоянд;

— бо максади амалигардонии фаъолияти оинномави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои чалби сарчашмахои иловагии молиявию пули тадбирхо меандешанд;

— тарзи хаёти солимро дар байни таълимгирандагон таргиб намуда, меъёрхои санитарию гигиени ва бехатариро риоя мекунанд;

— барои аз тахсил дур намондани кудакони синни мактаби якчоя бо макомоти дахлдори давлати маълумоти омори чамъ намуда, чалби хонандагонро ба зинахои  тахсилот назорат менамоянд;

— ба таълимгирандагони эхтиёчманд  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхои иловаги мукаррар намуда, онхоро бо маводи зарури таъмин менамоянд;

— хонандагонро барои дохил шудан ба муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна, олии касбии кишвар ва хорича омода менамоянд;

— ба хонандагон тарзи дурусти интихоби касбро таълим дода, рохнамоии касбиро ба рох мемонанд;

— ба дуруст тахия намудан ва ба макомоти болои пешниход кардани хисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;

— сохтор, чадвали вазифаю маош, таксимоти ухдадорихои вазифавии омузгорон ва дигар кормандони муассисаи худро тасдик менамоянд;

— ба маоши вазифавии омузгорони муассисаи худ иловапулихо мукаррар намуда, тартиб ва андозаи мукофотпулихоро тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд;

— омузгорон ва дигар кормандони худро ба мукофотхои сохави ва давлати пешбари менамоянд;

— ба заминахои моддию техникии муассисаи худ тахким бахшида, мутобики талаботи меъёри бо тачхизот ва ашёи таълими таъмин менамоянд;

— тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манбаъхо ва воситахои иловагии моддию молиявиро чалб менамоянд;

— фаъолияти нуктахои хуроки умуми ва тиббиро таъмин ва тахти  назорат карор дода, барои бехтар намудани шароити онхо тадбирхо меандешанд;

— ба фаъолияти омузгорон, дигар кормандон ва макомоти худидоракунии муассисахои таълими мусоидат менамоянд;

— вазифахои дигареро, ки оинномаи муассисаи таълими пешбини кардааст, ичро мекунанд.

  1. Муассисахои таълимии гайридавлати хамчун кисми таркибии сохаи маорифи Чумхурии Точикистон баробари муассисахои таълимии давлати вазифахои дар моддаи мазкур пешбинишударо ичро менамоянд.Моддаи 39. Идоракунии муассисахои таълимии давлати
    1. Идоракунии муассисахои таълимии давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсисии онхо амали мегардад.
    2. Рохбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шурои муассиса, рохбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар рохбар ичро менамояд.
    3. Рохбарони муассисахои томактаби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи умуми, ибтидои, миёна ва олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, махсус ва иловагии давлати бо тартиби мукарраршуда аз тарафи макомоти дахлдори давлати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
    4. Ба рохбарони муассисахои таълими ишголи дигар вазифахои рохбарикунанда, ба гайр аз рохбарии илми, илмию методи дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

    Моддаи 40. Идоракунии муассисахои таълимии гайридавлати

    1. Муассисахои таълимии гайридавлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсисии онхо идора карда мешаванд.
    2. Муассисахои таълимии гайридавлати бо муассисахои таълимии давлати баробархукук буда, бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд.
    3. Тарзхои идоракунии бевоситаи муассисахои таълимии гайридавлатиро муассиси (муассисони) онхо муайян мекунад.

    Моддаи 41. Худидоракунии муассисахои таълими

    1. Дар муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон макомоти худидоракунии муассисахои таълими таъсис дода мешаванд.
    2. Ба макомоти худидоракунии муассисахои таълими шурои муассисаи таълими, шурохои омузгорон ва олимон, шурохои истехсолию педагоги, илмию методи, шурохои чамъияти, директорон, ректорон, донишчуён, аспирантон, сарпарастон, нозирон, ташкилотхои хонандагон, сохторхои кумитахои кор бо чавонон ва занон, кумитахои падару модарон, ассотсиатсияхои падару модарон, омузгорон ва гайра дохил мешаванд, ки номгуй ва вазифахои онхо бо назардошти низомномахои дахлдори намунавии муассисахои таълими дар оинномаи муассисаи таълими пешбини мегарданд.
    3. Ба хайати макомоти худидоракунии муассисахои таълими намояндагони хайати профессорону омузгорон, хонандагон, донишчуён, аспирантон ва иттиходияхои муассисахои таълими дохил мешаванд.
    4. Макомоти худидоракунии муассисахои таълими тадбирхои зеринро меандешанд:

    — раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, ичрои онро назорат менамоянд;

    — фаъолияти молиявию хочагидории муассисахои таълимиро назорат менамоянд;

    — ба бехтар шудани вазъи молиявию хочагидории муассисахои таълими мусоидат менамоянд.

    Моддаи 42. Асосхои илми ва таъминоти илмии сохаи маориф

    1. Сохаи маориф дар Чумхурии Точикистон дар асоси дастовардхои илму техника, фарханг, анъанахои милли ва арзишхои умумибашари ташаккул меёбад.
    2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф якчоя бо Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Точикистон, дигар академияхои сохави, муассисахои илмию тахкикоти, дастовардхои илми, техники, технологи, инноватсиони ва фархангиро дар муассисахои таълими чори менамоянд.
    3. Таъминоти илмии сохаи маорифро Академияи тахсилоти Точикистон, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, пажухишгоххои илмию тахкикотии сохави, донишкадахои такмили ихтисос, дигар муассисахои илмию методи дар хамкори бо иттиходияхои эчоди ва ташкилотхои дахлдор амали менамоянд.

     

     

     

    БОБИ 5.

    ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ

    ТАРБИЯ. МАКОМИ ОМУЗГОР

     

    Моддаи 43. Субъектхои раванди таълиму тарбия

    Ба субъектхои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:

    — таълимгирандагон, коромузон, интернхо, ординаторхо, докторантон, унвончуёни дарачахои илмии муассисахои таълими ва илми, кормандони сохаи такмили ихтисос ва бозомузи;

    — мураббиён, устохои таълими истехсоли, омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф;

    — ходимони илми, кормандони муассисахои таълимии тахсилоти иловаги;

    — падару модарон (шахсони онхоро ивазкунанда);

    — намояндагони  муассисаву дигар ташкилотхои сарпараст, иттифокхои касаба, ташкилотхои чамъияти, дигар шахсони вокеи ва хукуки, ки дар сохаи маориф фаъолият менамоянд.

    Моддаи 44. Хукукхо ва хифзи ичтимоии субъектхои раванди таълиму тарбия

    1. Хукукхо ва хифзи ичтимоии субъектхои раванди таълиму тарбия мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
    2. Хонандагон ва донишчуёни муассисахои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, баъди анчоми тахсил хукуки гирифтани тахсилотро дар зинаи минбаъдаи тахсилот доранд.
  1. Хонандагон ва донишчуёне, ки дар муассисахои таълимии гайридавлатии аз аккредитатсияи давлати нагузашта тахсил мекунанд, хукук доранд имтихонхои хатмро бо ичозати макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва макомоти махаллии идоракунии маориф дар муассисахои таълимии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, супоранд.
  2. Хонандагон ва донишчуёни муассисахои таълимии тахсилоти касбии давлати ва гайридавлати хукук доранд ба муассисахои дигари таълимии тахсилоти касбии давлати ва гайридавлати, ки ичрои барномахои таълимии ба хамон сатх ва ихтисос мувофикро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби ба таври истисно аз як муассисаи таълимии тахсилоти касби ба муассисаи дигари таълимии тахсилоти касби гузаштани хонандагон ва донишчуён, аз чумла ройгон ё пулаки будани таълимро, макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  3. Таълимгирандагони муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд худро аз амали гайриконунии маъмурият, омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф, ки хукук, шаъну шараф ва ё кадру эътиборашонро паст мезананд, хифз намоянд.
  4. Таълимгирандагони муассисахои таълимии давлатиро муассис (муассисон) бо стипендия, ёрдампули, хобгох (барои сокинони дехот ва шахрхои дигар), ёрии тиббию солимгардони ва дигар ёрии моддие, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, таъмин менамояд.
  5. Харочоти тахсили аспирантон, докторантон ва дигар унвончуёни дарачахои илми тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  6. Хонандагон ва донишчуён хангоми таълим ва тачрибаомузии касби бо тартиби мукарраршуда бо чойи кор, шароити бехатари мехнат ва дар асоси шартнома бо музди мехнат таъмин мегарданд.
  7. Барои шахсони дар муассисахои тарбияви ва ислохи карордошта, рохбарияти чунин муассисахо якчоя бо макомоти идоракунии маориф барои гирифтани тахсилоти умумии асоси ва тахсилоти ибтидоии касби, тайёрии касби ва хамчунин худомузии онхо шароит мухайё менамоянд.
  8. Хонандагон ва донишчуён аз оилахои камбизоат, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касбии давлати дар асоси шартнома тахсил менамоянд ва имтихонхои чориро бо бахои «4» (хуб) ва «5» (аъло) месупоранд, бо тартиби мукарраргардида ба гуруххои тахсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гуруххои тахсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишчуёнро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  9. Муассиси (муассисони) муассисахои таълимии гайридавлати, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвончуёни дарачахои илмии муассисахои мазкурро бо имтиёзхое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвончуёни дарачахои илмии муассисахои таълимии давлати пешбини шудаанд, таъмин менамояд.
  10. Шахсоне, ки аз истехсолот чудо нашуда дар муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати тахсил мекунанд, дар мавриди мавчуд будани даъватномаи муассисаи таълими ба рухсатии иловаги аз чойи кор ва дигар имтиёзхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, хукук доранд.
  11. Муассиси (муассисони) муассисахои таълими метавонад дар доираи имкониятхои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзхоро мукаррар намояд.

Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтхои пули

  1. Стипендия маблаге мебошад, ки барои хонандагон, донишчуён, интернхо, ординаторхо ва аспирантони гуруххои тахсили рузона пардохт карда мешавад.
  2. Дар Чумхурии Точикистон шаклхои зерини стипендия таъсис дода мешаванд:

— стипендияи Президенти Чумхурии Точикистон;

— стипендияи байналмилалии Президенти Чумхурии Точикистон «Дурахшандагон»;

— стипендияи давлатии академи барои донишчуён;

— стипендияи давлати барои аспирантон ва докторантон;

— стипендияи номи.

  1. Стипендияи Президенти Чумхурии Точикистон бо тартиби муайяннамудаи Президенти Чумхурии Точикистон барои хонандагон, донишчуён ва аспирантони болаёкат, ки дар тахсил ва фаъолияти илми дастовардхои назаррас доранд, пардохт карда мешавад.
  2. Стипендияи байналмилалии Президенти Чумхурии Точикистон «Дурахшандагон» бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади дастгирии шахсони болаёкат ва бо назардошти талаботи иктисодиёти милли барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисахои таълими ва илмии давлатхои хоричи пардохт карда мешавад.
  3. Стипендияи давлатии академи барои донишчуёне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби аз хисоби бучети давлати тахсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишчуён вобаста ба дастовардхояшон дар тахсил ва фаъолияти илми таъин карда мешавад.
  4. Барои донишчуёни соли аввали тахсил, ки аз хисоби бучети давлати тахсил мекунанд, аз аввали соли тахсил то санчиши аввал (санчиши нимсола) стипендияи давлатии академи пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендия аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  5. Барои донишчуёни ятиму бепарастор, маъюбони гуруххои I ва II стипендияи давлатии академи, новобаста ба натичаи тахсил пардохт карда мешавад.
  6. Стипендияи давлати барои аспирантон ва докторантоне, ки аз хисоби бучети давлати тахсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлати барои аспирантон ва докторантон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  7. Стипендияи номи аз чониби макомоти давлатии идоракунии маориф, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони вокеи ва хукуки таъсис дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи мазкурро таъсисдихандагони он муайян менамоянд.
  8. Ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки тибки квотахои чудонамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тахсил мекунанд, стипендияи давлатии академи аз хисоби бучети давлатии Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  9. Ба таълимгирандагон дигар пардохтхои пули бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 46. Хукук ва ухдадорихои падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) дар сохаи маориф

  1. Падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) хукук доранд:

— барои фарзандони ноболигашон муассисахои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд;

— дар кори макомоти худидоракунии муассисахои таълими иштирок намоянд;

— ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва макомоти худидоракунии муассисахои таълими оид ба масъалахои таълиму тарбияи фарзандон мурочиат намоянд;

— манфиатхои конунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар макомоти давлати ва суд хифз намоянд;

— барои сифати пасти таълим ва мувофик набудани сатхи тахсили фарзандон ба стандартхои давлатии тахсилот, барномахои таълими, хангоми мукаррар намудани чунин холат аз тарафи комиссияи босалохият, маблаги барои тахсил супурдаи худро аз муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон талаб намоянд.

  1. Падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) ухдадоранд:

— барои сихатии чисмони ва равонии фарзанд пайваста гамхори кунанд, уро ба муассисаи таълими омода ва барои инкишофи кобилияти вай шароити зарури мухайё созанд;

— хукук ва шаъну шарафи фарзандонро хифз намоянд;

— фарзандонро дар рухияи инсондусти, ватанпарасти, накукори, эхтироми оила, забони модари, анъанахои милли ва фархангии халки худ ва халкхои дигар, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон ва риояи тарзи хаёти солим тарбия намоянд;

— ба фарзандон барои гирифтани тахсилот дар муассисахои таълими мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид мухайё созанд.

  1. Падару модари (шахсони онхоро ивазкунандаи) таълимгирандагон ухдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти тахсилот ва сатхи дониши фарзандонашон шинос шаванд.
  2. Падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) инчунин дорои дигар хукуку ухдадорихое мебошанд, ки онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.
  3. Падару модаре (шахсони онхоро ивазкунандае), ки ба тахсили фарзандон монеъаги мекунанд, ба тарбияи онхо беэътибори зохир мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 47. Мазмуни макоми омузгор

Мазмуни макоми омузгор вобаста ба хусусиятхои касби мачмуи омилхои зеринро, ки макоми омузгорро дар чамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:

-кадру кимати касби омузгори;

-талабот ба меъёрхои тайёрии касби ва махсули мехнати омузгор;

-дарачаи эътироф ва дастгирии омузгор аз тарафи давлат;

-хурмату эхтироми омузгор дар чамъият, муассисаи таълими, оила ва байни таълимгирандагон;

-шароити таъминоти моддии омузгор;

-холати хифзи хукуки ва кафолатхои хифзи ичтимоии омузгор.

Моддаи 48. Фаъолияти омузгори

  1. Ба фаъолияти омузгори шахсоне, ки тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби ва малакаи зарурии касби доранд, машгул шуда метавонанд.
  2. Омузгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натичаи аттестатсия дарачаи ихтисоси касбии онхо муайян карда мешавад.
  3. Омузгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омузгори мухолифат мекунад, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз вазифаи омузгори озод карда мешаванд.
  4. Омузгороне, ки вазъи саломатиашон дар асоси хулосаи тибби барои фаъолияти омузгори мувофикат намекунад, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз вазифаи омузгори озод карда мешаванд.
  5. Омузгорон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки машгул шудан ба фаъолияти инфиродии омузгориро доранд.
  6. Фаъолияти инфиродии омузгори, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти сохибкори хисоб мешавад ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон он бояд аз кайди давлати гузарад.
  7. Барои фаъолияти инфиродии омузгори гирифтани ичозатнома хатми нест, аммо бе кайди давлати машгул шудан ба фаъолияти инфиродии омузгори манъ аст.
  8. Пурра кардани хайати кормандони сохаи омузгории муассисахои таълими дар асоси оинномахои онхо танзим мегардад. Муносибатхои мехнати бо шартномаи (карордоди) мехнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълими баста шудааст, муайян карда мешаванд.

Моддаи 49. Усулхои фаъолияти омузгори

Фаъолияти омузгори бо усулхои зерин амали мегардад:

— муносибати мачмуи ба таълим ва тарбия;

— хусусияти башардустонаи таълиму тарбия ва эхтироми хукуку озодихои таълимгирандагон;

— риояи принсипхои умумибашарии ахлок ва арзишхои маънави;

— дар назар доштани аломатхои чинси, мансубияти этники, забони, мазхаби ва дигар хусусиятхои шахсии таълимгирандагон;

— тарбияи таълимгирандагон дар рухияи мухаббат ба Ватан ва арзишхои милливу умумибашари;

— риояи принсипи муттасилии тахсилот;

— муносибати эчоди ба интихоби шакл ва усулхои фаъолияти омузгори вобаста ба максаду вазифахои таълим;

— дар асоси дастовардхои навтарини илм, техника, технология ва фарханг такмил додани дониши худ;

— робита бо таълимгирандагон ва падару модари онхо (шахсони онхоро ивазкунанда);

— хамкори бо иттиходияхои кудакон ва наврасон, коллективхои мехнати, инчунин ташкилотхои дахлдори давлати ва гайридавлати, ки фаъолияти онхо тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда шудааст.

Моддаи 50. Хукукхои омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф хукук доранд:

— шаъну шарафи касбии худро хифз намоянд;

— фаъолияти касби, такмили ихтисос ва  бозомузии худро тахким бахшанд;

— барои мутолиа ва рушди махорати касбии худ шароит мухайё намоянд;

— ташаббус ва тачрибаи пешкадами худро дар амал татбик намоянд;

— шаклу усулхои самарабахши таълимро интихоб ва татбик кунанд;

— барои такмили махорати касби бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз рухсатии эчоди истифода намоянд.

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф дорои дигар хукукхое низ мебошанд, ки онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.

Моддаи 51. Ухдадорихо ва масъулияти омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф дар раванди таълиму тарбия ухдадорихои зеринро доранд:

— оиннома, коидахои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;

— сатхи дониш, чахонбини, махорат ва малакаи касбии худро такмил диханд;

— азхудкунии барномахои таълимию илмиро дар асоси стандартхои давлатии тахсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;

— дарсхои назарияви, амали, тачрибави, истехсоли ва дигар намуди дарсхо ва машгулиятхоеро, ки барномахои таълими ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, дар сатхи баланди касби гузаронида, аз усулхои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омузгори худро дар канор нагиранд;

— таълимгирандагонро аз амалхои зуроварии чисмонию равони хифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нушокихои спирти (аз чумла оби чав), воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, махсулоти тамоку (аз чумла нос) ва маводи сахттаъсир корхои таблиготи баранд;

— аз доираи мавзуе, ки барномаи таълими мукаррар намудааст, берун набароянд;

— дар вакти дарс аз телефони мобили истифода набаранд;

— вобаста ба имконот дарсхои кушод ташкил карда, падару модарони  (шахсони онхоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо махорати касбии худ чалб намоянд;

— меъёрхои санчиш ва бахогузориро ба дониши хонандагон ва донишчуён дар раванди дарс риоя намоянд;

— журнали синфи (гурухи)-ро дар доираи мукаррарот пур намоянд;

— ашёи таълими, тачхизот ва маводи таълимиро хифз карда, таълимгирандагонро дар хамин рухия тарбия намоянд;

— бо максади такмили махорати касби хар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;

— меъёрхои забони давлатиро риоя намоянд;

— дар вакти дарс ва берун аз он аз алфози кабех худдори намоянд;

— аз таргиби гояхои бегона ва ташвики хар гуна масъалахое, ки аз доираи мавзуи дарс берун аст, худдори намоянд;

— ба дарс тайёрии амик дида, санчиши дафтархоро чидди гузаронанд;

— дар раванди фаъолияти худ аз тачрибаи пешкадам истифода намуда, ба таълифи маколахои илми, назарияви ва методи чидди муносибат намоянд;

— вобаста ба кобилият китобхои дарси, методи, назарияви ва дастурхои методи тахия намоянд;

— маводи нави илми, таълим, методи, рузнома, мачалла, китобхои бадеи, оммави, илми ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;

— маводи таълими, конспект, накшахои таквими, лексияхо ва корхои санчишиву озмоишии хаттии худро дар сатхи касби дар доираи меъёрхои мавчуда тахия ва тасдик намоянд;

— барои инкишофи махорат ва малакаи хатти ва нутки шифохии таълимгирандагон кушиш намоянд;

— барои дар озмунхои (олимпиадахои) нохияви, шахри, вилояти, чумхурияви ва байналмилали иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;

— кобилияти зехни, илми, тахкикоти, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онхо гамхори кунанд;

— барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фарохам оваранд;

— аз таълимгирандагон хамрохи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онхоро ба дарс, машгулиятхои таълими назорат намоянд, онхоро ба  хондани китобхои илмию бадеи, рузномаю мачаллахо ташвик намуда, барои рушди чахонбинии онхо тадбирхо андешанд;

— услуби коргузори ва истифодаи технологияхои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омузанд ва таълимгирандагонро ба омузиши онхо ташвик намоянд;

— санчишу имтихонхои кабул ва чориро аз руи меъёрхои муайянгардида гузаронида, дар вакти бахогузори ба амалхои субъективи рох надиханд;

— аттестатсияи  хатм ва имтихонхои  хатмро дар доираи талаботе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон бахои вокеи гузоранд;

— рузномаи хонандагон ва дафтархои санчишии донишчуёнро санчида, бахои дар журнал ва варакаи имтихони кайдгардидаро ба онхо гузаронанд;

— дарсхои худро дар кабинетхои фанни бо тартиби мукарраршуда ба рох монанд;

— иштироки таълимгирандагонро дар корхои чамъияти,  махфилхои илми, адаби, эчоди ва дигар махфилхо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;

— таълимгирандагонро дар рухияи эхтироми падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), хамсолон, насли калонсол, арзишхои фархангию милли, таърихи ва рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон тарбия кунанд;

— чалби таълимгирандагонро ба ташкилотхои хонандагон ва донишчуён таъмин карда, онхоро дар рухияи ватандусти, риояи конун ва эхтиром ба хукуку озодихои инсон ва шахрванд, расму ойин,  мухити зист ва риояи тарзи хаёти солим тарбия намоянд;

— корхои илми, эчодии адаби, ихтироъкори, татбики лоихахои инноватсиони ва дигар корхои таълимгирандагонро рохнамои намуда, барои рушди кобилияти зехнии онхо шароит мухайё намоянд;

— нисбат ба хонандагон ва донишчуёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсхо бе тайёри меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепушанд, маъмурияти муассисаи таълими ва падару модар (шахсони онхоро  ивазкунанда)-ро сари вакт тарики хатти ё шифохи огох намоянд;

— нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз тахсил саркаши намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда), рохбарияти муассисаи таълими ва макомоти дахлдорро сари вакт тарики хатти ё шифохи огох намоянд;

— дар тахия  ва омода намудани иншо, кори санчиши, корхои хаттии эчодиву илми, реферат, кори курси, тахкикоти илми, рисола, лоихаи дипломи ва инноватсиони ба таълимгирандагон рохбари намоянд;

— дафтархои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз руи меъёрхои мукарраргардида бахогузори намоянд.

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф оид ба таьлиму тарбия масъуланд:

— ба истеъмоли нушокихои спирти (аз чумла оби чав), воситахои нашъадор ва моддахои психотропи, махсулоти тамоку (аз чумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълими рох надиханд;

— ба хонандагон ва донишчуён маслихати методи ва илми дода, дигар хизматрасонии таълимиро амали намоянд;

— дар вакти кори ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълими берун нараванд;

— кобилияти ичтимои ва чисмонии хонандагон ва донишчуёнро ба манфиати шахси истифода набаранд;

— ухдадорихои рохбари синф (гурух)-ро дар доираи меъёрхои мукарраршуда ичро карда, бо падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) робита баркарор намоянд;

— ба намуди зохирии худ диккат дода, дар муассисаи таълими либоси тавсиявиро пушанд, таълимгирандагонро дар рухияи зебопарасти тарбия кунанд;

— хукукхои таълимгирандагонро риоя карда, кадру эътибори онхоро паст назананд;

— одобу ахлоки омузгориро риоя намоянд.

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф оид ба таълиму тарбия ухдадори ва масъулиятхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномаи муассисаи таълими ва санадхои дохилии он пешбини намудаанд, ба зимма доранд.

Моддаи 52. Хифзи шаъну шарафи омузгор

  1. Шаъну шарафи омузгор тахти мухофизати давлат карор дорад.
  2. Дахолати гайриконунии макомоти давлати ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омузгор манъ аст.
  3. Санчиши фаъолияти омузгор ва бахогузори ба кори у танхо ба макомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии дахлдор муайян шудаанд, ичозат дода мешавад.
  4. Аз ичрои вазифаи касби бе асосхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дур кардани омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф манъ аст.
  5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омузгорон тибки низомномахое, ки макомоти дахлдори давлати тасдик намудаанд, амали карда мешавад.
  6. Фаъолияти касбии омузгор танхо дар доираи касби, аз чониби шахсон ва макомоти дахлдори давлатии сохаи маориф барраси карда мешавад. Хангоми чой доштани камбудихо дар фаъолияти касбии омузгор шахсияти у набояд тахкир карда шавад ва ба фаъолияти у вокеъбинона ва бегаразона бояд бахо дода шавад.
  7. Камбудихои содиркардаи омузгор танхо пас аз санчиши касбии макомоти дахлдори давлати мавриди барраси карор дода мешавад. Санчиши фаъолияти омузгорро танхо дар асоси мурочиати хатти ё санади тартибдодаи макоми (шахси) ваколатдор огоз кардан мумкин аст.
  8. Омузгор хукук дорад дар хусуси бахогузории нодуруст ба фаъолияташ ба макомоти дахлдори давлати ва ё суд мурочиат кунад ва чуброни зарари модди ва маънавии ба у расонидашударо талаб намояд.

Моддаи 53. Имтиёзхои омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф

  1. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф дорои чунин имтиёзхо мебошанд:

— мухлати даъвати омузгорон ба хизмати харби ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эчоди бо нигох доштани музди мехнат бароянд;

— хангоми бемори бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо дорувори ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммунали ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд;

— барои дастовардхо дар фаъолияти омузгори ва тарбияи насли наврас бо мукофотхои сохави, давлати ва унвонхои фахри сарфароз гардонида шаванд;

— барои мехнати шоиста ва дастовардхои педагогию илми ба хавасмандии модди ва маънави сарфароз гардонида шаванд;

— омузгороне, ки бори аввал аз фонди давлати бо манзили истикомати таъмин карда мешаванд ё ба бехтар намудани шароити манзилиашон эхтиёч доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси манзили Чумхурии Точикистон дар навбати аввал бо хонаи истикомати ё китъаи замин барои сохтмони манзили истикомати таъмин карда мешаванд;

— ба омузгорони муассисахои таьлими, ки бори аввал хонаи истикомати месозанд, тибки конунгузори аз хисоби маблаги гайрибучети ё ташкилотхои карздиханда карзхои бефоиз ё имтиёзноки барои омузгор кобили кабул мукаррар карда мешаванд;

— барои омузгороне, ки дар хонахои истикоматии фонди манзили давлатию чамъияти зиндаги мекунанд, дар сурати доштани собикаи кории омузгории на камтар аз 15 сол манзили истикоматиашон ройгон хусуси карда мешавад;

— бо пешниходи хулосаи тибби роххатхои ройгону имтиёзноки муассисахои табобатию истирохати, инчунин сайёхию туристиро бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон истифода кунанд;

— омузгорони чавон дорои имтиёзхои иловаги мебошанд, ки онхоро тибки конунгузори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

— бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз хукуки истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

— омузгороне, ки собикаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хохиши худашон метавонанд ба нафака бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълими ё дигар соха кор кунанд;

— омузгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз хар 10 соли кори муттасили омузгори ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда хукук доранд. Номгуи бемори, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд;

— барои омузгорони чавоне, ки дар дехот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапули ба маош мукаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

— барои омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф, ки дар муассисахои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапули ба маош мукаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

  1. Омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълимии гайридавлати аз имтиёзхое, ки барои омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълимии давлати пешбини шудаанд, хукуки баробар истифода бурданро доранд.

Моддаи 54. Таъминоти моддии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф

  1. Андозаи музди мехнати омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифи муассисахои таълимии давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. Андозаи музди мехнати омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифи муассисахои таълимии гайридавлати набояд аз андозаи музди мехнат дар муассисахои таълимии давлати кам бошад.
  2. Музди мехнат ба омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф бо тартиби мукарраргардида барои ичрои кор ва ухдадорихои вазифавие, ки дар шартномаи (карордоди) мехнати пешбини шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи (карордоди) мехнати набояд сатхи кафолатхои мехнатии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро аз сатхи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пасттар пешбини намояд.
  3. Музди мехнати омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулии ба музди мехнат мукарраргардида зам карда мешаванд. Хамчунин музди мехнати омузгор аз хавасмандгардонии самаранокии мехнати у вобаста ба тахсилот, ихтисос, собикаи кор, махорати омузгорию махсули мехнати, дарачахои тахассусии аз натичаи аттестатсия гирифтаи омузгор ифодаёбанда, унвонхои илмию фахрии давлати ва иловапули барои корхои аз меъёри муайяншуда барзиёду иловаги ичронамуда иборат мебошад. Муассисахои таълими дар доираи маблаги чудокардашуда метавонанд мустакилона шаклу низоми пардохти музди мехнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди мехнат ва маоши вазифавии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро тибки Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, шаклхои тафрикаи (дифференсиатсияи) чоизи пардохти иловапули ва мукофотпулиро истифода баранд. Маблаги сарфагардидаро барои хавасмандгардонии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф вобаста ба натичаи фаъолияти мехнатии онхо, инчунин барои мустахкам намудани заминаи моддию техникии муассисаи таълими истифода бурдан мумкин аст, ки тартиби истифодаи онро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф дар мувофика бо макомоти дахлдори давлати муайян менамояд.
  4. Ба омузгорон барои рохбарии синф, санчиши корхои хатти ва лаборатори, мудирии кабинетхои фаннию методи ва дигар корхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон иловапули мукаррар карда мешавад.
  5. Ба музди мехнати омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф, ки дар нохияву махалхои шароити табиию иклими ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентхо ва иловапули мукаррар карда мешаванд. Номгуи чунин махалхо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентхо ва иловапулиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  6. Омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф барои хифзи манфиатхои худ метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттиходияхои чамъияти, ассотсиатсияхо ва фондхо ташкил намоянд. Фондхои дастгирии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф аз хисоби сахмияхои ихтиёрии шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил карда мешаванд.
  7. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон омузгорони дар дехот зиндагикунандаро бо китъахои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд.
  8. Давлат мухайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомузии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифи муассисахои таълимии давлати кафолат медихад.

 

БОБИ 6.

ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИДОРИ ДАР НИЗОМИ МАОРИФ

 

Моддаи 55. Фаъолияти молиявию хочагидори

  1. Манбаи маблаггузории тамоми фаъолияти таълимию истехсоли, илми ва хочагидори, инкишофи ичтимоию иктисодии маорифро маблаги бучети ва гайрибучети, аз чумла маблаги худи муассис (муассисон) ва дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ташкил медиханд.
  2. Маблаггузории сохаи маориф хар сол дар бучети давлати бо сархати алохида зикр гардида, он бо назардошти меъёрхои хадди акалли маблаггузории муассисахои таълими сурат мегирад. Ин меъёрхо вобаста ба намуд, шакл, зинахои тахсилот, махалли чойгиршави ба як таълимгиранда, ба як муассисаи таълими ва ё дар дигар асос муайян карда шуда, бояд барои пурра пушонидани харочоти чории вобаста ба раванди тахсилот мусоидат намоянд. Тартиби хисоб намудани меъёрхои маблаггузории хизматрасонии таълими, аз чумла маблаггузории сарикаси, аз хисоби бучети давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Таъмини маблаггузории фаъолияти илмию тахкикотии муассисахои таълимии тахсилоти миёна ва олии касби ба таври чудогона дар шакли кумаки молияви (субсидияхо) барои ичрои мавзуъхои накшавии тахкикоти бо супориши муассис (муассисон) дар шакли озмун амали карда мешавад.
  4. Ба муассисахои таълими дар худуди маблаги чудокардашуда ва аз дигар сарчашмахо воридшуда мустакилияти молиявию хочагидори дода мешавад. Раванд ва тартиби истифодаи маблаги муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисаи таълими сурат мегирад.
  5. Фаъолияти хочагидории муассисахои таълими дар доираи максад ва вазифахое, ки дар оинномаи онхо пешбини шудаанд, аз чумла фармоишхои давлати, муайян карда мешавад. Муассисахои таълими ухдадоранд, ки фармоиши давлати ва фармоишхоро оид ба фуруши махсулот (кор ва хизматрасони) дар хачми на бештар аз фармоишхои дахлдор ичро намоянд. Муассисахои таълимии давлати хукук доранд барои конеъ гардонидани талаботи худ махсулот, кор ва хизматрасониро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасони харидори намоянд.
  6. Муассисаи таълими метавонад бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаги иловаги, аз чумла асъориро, бо рохи хизматрасонии иловагии пулаки ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбини кардааст, инчунин аз хисоби эхсонкори ва пардохтхои максадноки шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, чалб намояд.
  7. Манбаъхои иловагии маблаггузории муассисахои таълими инхо мебошанд:

-даромад аз фуруши махсулот, ичрои кор ва хизматрасонии муассисахои таълимию истехсоли;

— воридот аз ичрои кор ва хизматрасоние, ки хусусияти илми ва илмию методи доранд;

— тайёркуни, такмили ихтисос ва бозомузии пулакии мутахассисон дар муассисахои таълимии давлати дар асоси  шартнома;

— фаъолияти истехсолию тичорати дар раванди таълим ва дигар намудхои фаъолият, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ба шарте ки  онхо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълими набошанд;

-пардохтхои ихтиёрии эхсонкори ва дигар маблаге, ки аз ташкилотхои давлати, гайридавлати ва шахсони вокеи ворид мешаванд;

-грантхо;

— карзхои  ташкилотхои карзи.

  1. Меъёрхои маблаггузории муассисахои таълимии гайридавлати аз меъёрхои маблаггузории муассисахои таълимии давлати дар каламрави дахлдор кам буда наметавонанд. Маблаггузории муассисахои таълимии гайридавлати аз хисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.
  2. Давлат, аз чумла макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, метавонанд муассисахои томактаби ва таълимии тахсилоти умумии гайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, дар доираи харочоти таълиму тарбияи тарбиягирандагон ва хонандагони муассисахои томактаби ва таълимии тахсилоти умумии давлати аз чихати молияви дастгири намоянд.

Моддаи 56. Андозбанди дар сохаи маориф

  1. Муассисахои таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон андоз месупоранд, аз андоз озод карда мешаванд ва ё аз дигар имтиёзхои андозбанди истифода мебаранд.
  2. Бо максади чалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хоричи ба сохаи маориф давлат барои шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, ки сохаи маорифи Чумхурии Точикистонро маблаггузори мекунанд, метавонад хама гуна имтиёзхо, аз чумла имтиёзхои андозбанди пешбини намояд. Тартиб ва андозаи имтиёзхои мазкурро Кодекси андози Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд.

Моддаи 57. Хукукхои молумулкии муассисахои таълими

  1. Молу мулки муассисахои таълимиро воситахои асоси ва гардон, инчунин молу мулки дигаре, ки муассис (муассисон) бо хукуки идоракунии оперативи вобаста намудаанд, ташкил медиханд. Муассисахои таълими молу мулки мазкурро бо тартиб ва шарту шароитхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сохиби, истифода ва ихтиёрдори менамоянд.
  2. Муассисахои таълими молу мулки бо хукуки идоракунии оперативи вобасташударо тибки таъиноти вазифавии онхо истифода мебаранд ва хукук надоранд, ки онро хамчун воситаи кафолати ичрои ухдадорихои худ ё ухдадорихои шахсони сеюм, аз чумла ба сифати гарав, истифода баранд ва хамчунин хукук надоранд, ки молу мулки аз хисоби маблаги бучети давлати ба даст овардашударо бегона кунанд, хамчун карз диханд ё ба таври дигар ихтиёрдори намоянд.

Моддаи 58. Фаъолияти пулакии муассисахои таълими

  1. Муассисахои таълими хукук доранд, ки фаъолияти таълими ва мувофик ба ихтисосхои дахлдори сохави фаъолияти таълимии пулакиро ба рох монанд.
  2. Фаъолияти таълимии пулаки кисме аз фаъолияти таълимии муассисаи таълими мебошад, ки бо фармоиш ва аз хисоби фармоишгар дар асоси карордоди хизматрасонии таълимии пулаки ба рох монда мешавад.
  3. Ичрокунанда (муассисаи таълими) тибки карордоди  хизматрасонии таълимии пулаки ухдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар бо рохи амали намудани барномахои таълимии дахлдор, барномахои тайёр намудани мутахассисони касби талаботи  фармоишгарро (ё шахсро) ба тахсилот конеъ гардонад. Фармоишгар ухдадор мешавад, ки маблаги хизматрасонии мазкурро тибки мукаррарот пардохт кунад ва дар раванди тахсил фаъолона иштирок намояд.
  4. Муассисаи таълими хукук дорад маблаги тахсилро барои хонандагон ва донишчуёни дорои дастовардхои намоёни таълими ё илми, инчунин хонандагон ва донишчуёни ба дастгирии ичтимои ниёздошта кам кунад. Асосхо ва тартиби кам кардани маблаги тахсил барои хамаи хонандагон ва донишчуён набояд хусусияти табъизи (дискриминатсони) ва (ё) интихоби дошта бошад.
  5. Маблаги хизматрасонии таълимии пулаки бо муассис (муассисон), макомоти дахлдори идоракунии маориф ва сиёсати зиддиинхисори мувофика карда мешавад.
  6. Шакли намунавии карордод оид ба хизматрасонии таълимии пулаки аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф тасдик карда мешавад.
  7. Дар муассисахои таълимии давлати бо хохиши  падару модари (шахсони онхоро ивазкунандаи) хонандагон ва донишчуён таълими иловагии пулаки дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
  8. Таълими иловагии пулаки берун аз накшаи таълими аз руи самтхои зерин амали мегардад:

— барномахои алохидаи таълими ва фанхое, ки дар стандартхои давлатии тахсилот пешбини нашудаанд;

— омузиши  амики  мавзуи  дарсхо, агар   чунин   омузишро   намуди дахлдори муассисаи таълими муайян накарда бошад;

— дигар намудхои таълим берун аз стандартхои давлатии тахсилот.

  1. Ба омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф, рохбарони синфхо, мураббихо, парасторон, маъмурияти муассисахои таълими чамъоварии маблаги накд ва гайринакди аз таълимгирандагон ва падару модари онхо (шахсони онхоро ивазкунандаи) манъ аст.
  2. Ба омузгорони хамаи намудхои муассисахои таълими амали намудани фаъолияти пулакии омузгори ва дигар намуди фаъолияти тичорати, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  манъ  накардааст,  дар   асоси  шартнома ичозат дода  мешавад.
  3. Муассисахои таълимии гайридавлати хукук доранд, ки дар асоси шартнома хизматрасонии пулакии таълимию тарбияви, аз чумла таълим дар доираи стандартхои давлатии тахсилотро ба рох монанд. Муносибати байни муассисаи таълимии гайридавлати, таълимгиранда ва падару модар (шахсони онхоро ивазкунанда) бо шартномае танзим мегардад, ки дарачаи тахсилот, мухлати таълим, андоза ва тартиби пардохти таълим ва шартхои дигарро муайян менамояд.
  4. Фаъолияти пулакии муассисахои таълимии гайридавлати фаъолияти тичорати хисобида намешавад, ба шарте ки даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти харочоти раванди таълиму тарбия ва такмили он, аз чумла барои пардохти музди мехнат дар муассисаи таълимии  марбута, сарф  карда шавад.

Моддаи 59. Чуброни зарари аз тахсилоти бесифат расондашуда

  1. Муассисаи таълими ухдадор аст зарари ба таълимгиранда аз тахсилоти бесифат расондашударо чуброн намояд. Зарари аз тахсилоти бесифат ба таълимгиранда расонидашуда зараре мебошад, ки бо гунохи муассисаи таълими дар холати номатлуб ичро кардани талаботи стандартхои давлатии тахсилот, барнома ва накшахои таълими, микдор ва давомнокии соатхои таълимии дар накшаи таълими пешбинишуда расонида шудааст.
  2. Шахсе, ки аз тахсилоти бесифат зарар дидааст, хукук дорад аз муассисаи таълими чуброни онро дар шаклхои зерин талаб намояд:

— тахсилоти такрори дар хачми зарури дар хамон муассисаи таълими;

— маблаги барои тахсил пардохтшударо пас гирад.

  1. Зарари аз тахсилоти бесифат расонидашуда дар холати ба мувофика нарасидани тарафхо тибки карори суд чуброн карда мешавад.

Моддаи 60. Заминаи моддию техникии муассисахои таълими

  1. Ба заминаи моддию техникии муассисахои таълими бино, иншоот, коммуникатсия, тачхизоти таълими, воситахои наклиёт, китъаи замин ва дигар молу мулк, ки ба муассисахои таълими дахл доранд, дохил мешаванд.
  2. Заминаи моддию техникии муассисахои таълими дар асоси принсипи афзалиятноки ва мутобики меъёрхои мукарраргардида ташаккул меёбад.
  3. Воситахои наклиёт, ашё ва тачхизоти таълимро гайримаксаднок истифода бурдан ва ё аз муассисахои таълими берун баровардан манъ аст.
  4. Китъаи замин ба муассисахои таълими барои истифодаи бемухлат бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси замини Чумхурии Точикистон дода мешавад. Истифодаи китъаи замини ройгон ба муассисахои таълими додашуда хилофи таъиноти он манъ аст.
  5. Дар китъаи замине, ки барои истифода ба муассисахои таълими дода шудааст, сохтани дигар бино ва иншооти гайрисохави манъ аст.

Моддаи 61. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон

Мутахассисон дар асоси шартномахои байни муассисахои таълими ва вазоратхо, идорахо, шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тайёр карда мешаванд.

Моддаи 62. Фондхои сохаи маориф

  1. Дар сохаи маориф мумкин аст барои бехтар гардонидани раванди таълиму тарбия ва такмили он, тахкими заминахои моддию техникии соха, хифзи ичтимои ва дастгирии омузгорон ва дигар кормандони соха, таълимгирандагон фондхои мухталиф таъсис дода шаванд, ки тартиби таъсис ва фаъолияти онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  2. Дар муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси ва миёнаи умуми фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи харочоти муассисахои таълими таъсис дода мешавад. Фонди мазкур инчунин аз манбаъхои зерин ташаккул ёфта метавонад:

— маблаги хайрияе, ки аз эхсонкории шахсони вокеи ва хукуки ба даст омадааст;

— маблагхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

  1. Фонди таълим барои таъмини талаботи модди ва истеъмолии хонандагон аз оилахои камбизоат, дигар намудхои ёрии модди, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, гузаронидани чорабинихои солимгардонию маънави, хавасмандгардонии омузгорону хонандагон сарф карда мешавад.

Моддаи 63. Эхсонкори дар сохаи маориф

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, метавонанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои муассисахои таълиму тарбия, манзилгох (хонахои истикомати, хобгоххо), бинохои таълими ва ёрирасон сохта, онхоро бо тачхизот, асбобу анчоми лозими мучаххаз намоянд, тарики эхсонкори китоб, молу мулк ва маблаг хайр намоянд. Барои чунин шахсони вокеи ва хукуки имтиёзхо мукаррар карда мешаванд, ки тартиб ва андозаи онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Барои шахсони вокеи ва хукукие, ки тарики эхсонкори муассисахои таълими сохта, онхоро ба моликияти давлати месупоранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон имтиёзхои иловаги мукаррар карда мешаванд.
  3. Муассисахои таьлими метавонанд маблаги хайрияи аз хисоби эхсонкорон ба даст омадаро бо максади такмил додани заминаи моддию техникии муассиса, таьсиси фонди таьлим ва бехтар гардонидани раванди таьлиму тарбия истифода баранд.

Моддаи 64. Хифзи саломати ва ташкили хуроки умуми дар сохаи маориф

  1. Фаъолияти сохаи маориф бо назардошти зарурати таъмини хифзи хаёт ва саломатии таълимгирандагон ба рох монда мешавад.
  2. Муассисахои таълими шароити заруриро, ки ба хифз ва тахкими саломатии таълимгирандагон, инчунин инкишофи чисмонии онхо нигаронида шудааст, мухайё месозанд.
  3. Муассисахои таълими хукук доранд, ки хуроки умумии таълимгирандагону омузгорон ва дигар кормандони сохаи маорифро мустакилона аз хисоби маблаги дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
  4. Макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки метавонанд дар ташкили хуроки умумии ройгон барои тарбиягирандагони муассисахои томактаби, хонандагони муассисахои тахсилоти умуми ва хуроки умумии имтиёзнок барои хонандагону донишчуёни муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои ва миёнаи касби кумак расонанд.
  5. Макомоти дахлдори давлати ба муассисахои таълиму тарбия барои таъмини хифзи хаёт ва саломати, инчунин инкишофи чисмонии таълимгирандагон ёрии зарури мерасонанд.
  6. Барои ташкили хизматрасонии тибби ва бехатарии шароити таълиму тарбияи таълимгирандагон макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти махаллии идоракунии маориф, макомоти идоракунии тандурусти ва ташкилотхои он, рохбарони бевоситаи муассисахои таълиму тарбия масъул мебошанд.
  7. Хизматрасонии тибби бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои таълимгирандагони хама намудхои муассисахои таълими ройгон аст.
  8. Муассисахои таълими барои аз ташхиси тибби гузаронидани омузгорон маблаги зарури чудо менамоянд.

БОБИ 7.

ХАМКОРИИ  БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ МАОРИФ

 

Моддаи 65. Хамкории байналмилали дар сохаи маориф

  1. Хамкории байналмилали дар сохаи маориф тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар асоси шартномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон амали мегардад.
  2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф макоми мутамаркази тамоми сохторхои сохаи маориф дар бахши хамкории байналмилали бо муассисаю дигар ташкилотхои байналмилалии давлатхои хоричи ва мукими Чумхурии Точикистон ба хисоб меравад.
  3. Макомоти дахлдори давлати, муассисахои таълими, муассисаю дигар ташкилотхои сохаи маориф хукук доранд дар мувофика бо муассис (муассисон) ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф бо муассисаю дигар ташкилотхои хоричи ва байналмилали робита баркарор намоянд.
  4. Тахсил, такмили ихтисос ва бозомузии шахрвандони хоричи дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон, инчунин тахсил, такмили ихтисос ва бозомузии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар муассисахои таълимии дигар давлатхо бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва шартномахое, ки аз чониби макомоти давлатии идоракунии сохаи маориф, муассисахои таълими ва дигар ташкилотхо ба имзо мерасанд, дар мувофика бо муассис (муассисон) амали карда мешаванд.

Моддаи 66. Фаъолияти иктисодии хоричи

  1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф, муассисахои таълими, дигар ташкилотхои сохаи маориф тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд дорои хукук ба фаъолияти иктисодии хоричи бошанд, аз номи худ бо тарафи хоричи дар мувофика бо муассис (муассисон) созишномахо банданд ва дигар санадхоро ба имзо расонанд.
  2. Муассисахои таълимие, ки бо фаъолияти иктисодии хоричи машгуланд, метавонанд дар бонкхои тичоратии Чумхурии Точикистон бо асъори милли ва хоричи суратхисобхо кушоянд.
  3. Маблаге, ки аз фаъолияти иктисодии хоричи ба муассисахои таълими ворид мешавад, бо хукуки моликият ба онхо тааллук доранд ё дар хукуки идоракунии оперативии онхо карор мегиранд ва онхоро бидуни ичозати муассисахои мазкур гирифтан мумкин нест. Маблаги мазкур ба максади рушди муассисаи таълими, тахкими заминаи моддию техникии он, хавасмандгардонии омузгорон ва дигар кормандони сохаи маориф истифода бурда мешавад.
  4. Муассисахои таълими, дигар ташкилотхои сохаи маориф якчоя бо ташкилотхои хоричи метавонанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон корхонахои муштарак таъсис диханд.

 

БОБИ 8. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 67. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 68. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6, мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод. 566; с. 2011, №3, мод. 176) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 69. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода   шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                                      Эмомали Рахмон

ш.Душанбе, 22 июли соли 2013,

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …