Главная / Гуногун / Конститутсияи соли 1876 дар Туркия

Конститутсияи соли 1876 дар Туркия

Дар огози солхои 70-уми асри XIX империяи Усмониён ба мархалаи бухрони дарозмуддати худ дохил шуд. Карахти дар истехсолоти махалли афзоиши андозхо ва зиёдшавии нархи наво нисбат ба сиёсати султон Абдул Азиз (1861 – 1876) норозигии доирахои васеи ахолиро ба вучуд овард. Болоравии нави харакати миллию озодихохии халкхои Балкан ин бухронро боз хам вазнинтар намуд, чунки ислохот ахволи халкхои ин минтакаи империяро бехтар накард.

Вазъи сиёсии баамаломада барои фаъолияти “Усмонхои нав” шароит фарохам меовард. Аз афв истифода бурда, рохбарони ин харакат дар аввали солхои 70-ум ба Истамбул баргаштанд. Соли 1872 яке аз рохбарони “Усмонхои нав” Нотик Камол ба чопи рузномаи “Ибрат” шуруъ намуд. Дар ин нашрия маколахое чоп мешуданд, ки гояхои озоди ва зарурати конститутсияро ташвику таргиб карда ва фаъолияти хукумати султонро ба зери танкиди шадид гирифта буданд. Асоси барномаи “Усмонхои нав” гояи истиклолияти иктисоди ва сиёсии мамлакат буд. Дар рохи амали шудани ин гоя онхо мутлакияти феодалиро монеаи асоси мешумориданд. Аз ин ру, талаби асосии сиёсии онхо ташкил кардани режими шохии конститутсиони буд. Барои рушди саноат, кишоварзи ва тичорат онхо талаб мекарданд, ки системаи ухдадории коркардадихи ва зулми маъмури бархам ва маориф таракки дода шавад. Оиди сиёсати хоричи “Усмонхои нав” талаб мекарданд, ки системам шаргномахои таслимкорона ва шартномахои нобаробар бекор карда шаванд.

Соли 1873 хукумати султон “Усмонхои нав”-ро таъкиб кард. Рузномахои онхоро баста, Нотик Камол ва рохбарони дигари харакати озодихохи конститутсиониро бадарга кард. Лекин ин чорахои султон пеши рохи пахншавии гояхои демократиро гирифта натавонистанд.

Дар байни иштирокчиёни харакати “Усмонхои нав” яке аз арбобони калони давлати Мидхатпошшо низ буд. Аз 9 то 11 майи соли 1876 дар Истамбул намоиши тезу тунди зидди хукумат баргузор гарлид, ки ба он чонибдорони Мидхатпошшо ва рухониён рохбари мекарданд. Ин намоиш хукумати Надимпошшоро мачбур кард, ки ба истеъфо равад. Шуришчиён шаби 30 майи соли 1876 султон Абдулазизро аз хокимият махрум карданд. Мидхатпошшо умед дошт, ки ба чои Абдулазиз ба тахти султони Муроди V, ки эълони конститутсия ва ташкили парламентро ваъда карда буд, менишинад. Хамин тавр хам шуд лекин Муроди V бо сабаби маризи вазифахои султониро ичро карда натавонист ва дере нагузашта 31 августи соли 1876 аз тахт фароварда шуд. Ба тахти султонии Туркия бародари Абдулхамиди II ( 1876 – 1909) нишаст.

turciya

Ин вакт дар Босния ва Херсоговина муборизаи мусаллахонаи озодихохи огоз ёфт. Сербия ва Черногория шуришгаронро дастгири намуда, бар зидди Туркия чанг cap карданд. Баъди он ки Туркия сербхоро торумор намуд, Русия ба бухрони Босния ва Херсоговина дахолат кард. Давлатхои дигар хам барои бо рохи сиёси хал кардани ин бухрон чорачуихо карданд. Карор дода шуд, ки дар Истамбул конференсияи намояндагони давлатхои Европа чамъ ояд. Вакте маълум гардид, ки барои конференсия лоихаи автономияи Босния, Херсоговина ва Булгория тайёр карда шудааст, Мидхатпошшои навакак вазири бузург таъйингардида талаб кард, ки барои пешгирии дахолати хоричи бетаъхир конститутсияи Туркия, ки онро у бо хамрохии Нотик Камол тайёр карда буд, эълон карда шавад. Абдулхамиди II аз ноилочи гузашт кард ва 23 декабри соли 1876, дар рузи огози ботантанаи кори конференсия, дар бораи чори карда шудани конститутсия фармони султон кироат карда шуд

Конститутсияи мазкур ташкил кардани парламенти дупалатагиро дар назар дошт. Он баробарии хамаи шахрвандонро дар назди конун сарфи назар аз дину мазхаб, дахлнопазирии шахс ва моликият, манзил ва андози боадолат, манъи ухдадории коркардадихи ва чарима, мусодиракуни ва озодии шугл ба тичорат, саноат ва кишоварзи, озодии матбуот ва мурофиаи ошкорои додгохро бо тантана эълон кард.

Ба баъзе махдудиятхои худ нигох накарда Конститутсияи соли 1876-и Туркия дар таърихи ин давлат вокеаи пешкадам буд. Эълони озодихои демократи ва ташкили парламент ба сохти феодалию мутлакият зарбаи чидди зад, мохи марти соли 1877 конференсияи Исгамбул бе ягон натича кори худро катъ намуд. Султон Мидхатпошшоро бадарга кард. Баъди ин “Усмонхои нав”-и дигар низ таъкиб карда шуданд.

Абдулхамид чонибдорони Мидхатпошшоро торумор карда бошад хам, ба бекор кардани конститутсия чуръат накард. Мохи марти соли 1877 чаласаи аввали парламент кушода шуд. Он аз 119 вакил-71 мусулмон ва 49 гайримусулмон иборат буд. Азбаски парламент гапдаро набуд, Абдулазиз онро пароканда кард ва тирамохи соли 1877 интихоботи нави парламентро доир гардонид. Мохи феврали соли 1878, баъди дар чанги зидди Русия шикаст хурдани Туркия, султон фаъолияти парламенти навро ба мухлати номуайян манъ кард. Дар амал ин кирдори Абдулхамид маънои манъи конститутсияи соли 1876-ро дошт.

Баъди пароканда кардани парламент ва торумори “Усмонхои нав” султон Абдулхамид дар империя режими мутлакияти истибдодро ташкил намуд. Дар давраи хукмронни ин султон Туркия аз нав ба акиб, яъне ба суи тартиботи феодали баргашт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sharshara

Шеър дар бораи Шаршара

Шаршара ноз дорад, Муйи дароз дорад. Шаршара кони магал, Шаршара кони газал, Зеби дара шаршара, …