Главная / Чамъият / Коидахои умумии бахисобгирии андоз

Коидахои умумии бахисобгирии андоз

Моддаи 48-и Кодекси Андоз. Коидахои умумии бахисобгирии андоз

  1. Андозсупоранда ухдадор аст бахисобгирии даромаду харочотро дар асоси маълумоти бо хуччатхо асоснокшуда дакик ва саривакт пеш барад ва даромаду харочотро ба даврахои хисоботии дахлдоре, ки дар давраи онхо гирифта ё пардохт шудаанд, вобаста ба усули бахисобгирии тибки моддахои 140-154 Кодекси мазкур истифодашаванда чихати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ва амалиёти анчомдодашаванда ба рох монад. Тахти усули бахисобгири, ки андозсупоранда истифода мебарад, хамаи омилхои вакт ва тартиби бахисобгирии маблагхои воридшуда ва харочот, ба монанди истифодаи усули бахисобгири дар асоси кассави ё дар асоси хисобу замкуни, усули бахисобгирии харочоти истехсоли ва дигар харочоти сармоя фахмида мешавад.
  2. Андозсупоранда ухдадор аст бахисобгирии хамаи амалиёти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани огоз, чараён ва ба охиррасии он имконият медиханд, таъмин намояд.
  3. Андозсупоранда бахисобгирии андозро тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукие, ки ба он мухолифат намекунанд, бо усули кассави ё усули хисобу замкуни амали менамояд.
  4. Андозсупоранда бояд бахисобгириро бо усули хисобу замкуни дар соли таквими пеш барад, агар вай:

– тибки низоми умумии андоз андозбанди карда шавад;

– мутобики санадхои меъёрии хукуки барои пешбурди бахисобгирии мухосибави тибки усули кайди дугона вазифадор бошад.

  1. Амалиёти моливазкуни, пардохт тавассути додани молхо, ичрои корхо ё хизматрасонихо, ба гаравгир додани ашёи гарав дар холати ичро накардани ухдадории бо гарав таъминшуда хангоми фуруши он ба максадхои андозбанди хамчун фуруши молхо, ичрои корхо, хизматрасонихо эътироф мешаванд.
  2. Хама гуна амалиёт бо асъори хоричи барои максади андозбанди ба пули миллии Чумхурии Точикистон аз руи курби хисобкунии расмии Бонки миллии Точикистон дар рузи анчом додани амалиёт аз нав хисоб карда мешавад.
  3. Асъори хоричие, ки нисбат ба он курби хисобкунии расмии Бонки миллии Точикистон вучуд надорад, аз руи курби хисобкунии асъори дигар, дар асоси курби асъорхои марбута нисбат бадоллари Иёлоти Муттахидаи Америка (минбаъд- ИМА) муайян ва аз нав хисоб карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …