Главная / Илм / Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)

Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)

kofur_-600x330Кофур (ба забони русси— Камфора) — Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар сарзаминхои чануби шарки Осиё парвариш меёбад, инчунин дар сохили бахри Сиёхи Кафкоз мавчуд аст. Мизочи ин шилм дар дарачаи севум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши Кофур: инро бихуранд, фарах мебахшад, дил ва майнаро кави месозад; таби дик (логаркунанда) ва дигар табхои шадидро дафъ мекунад; инчунин зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина), захми шуш ва силро шифо мебахшад; исхоли гарм ва сафровии бенизомро ба ибро меоварад; ташнаги, тафси чигар ва гурдаро таскин медихад, сузиши пешобро, ки сузок хам меноманд, сихат мекунад. Агар кофурро ос карда дар бини бирезанд, низ барои беморихои вобаста ба майна ва фарах бахшидан дору мешавад. Барои иллатхои зот-ул-чанб ва сил аз ру молиданаш низ кифоя мебошад. Инро бо гулоб даромехта бихуранд, дарди сари аз гарми сарзадаро таскин медихад, хавос (хамаи хисхо) ва узвхои магзи сарро кави мегардонад.

Ин шилм (кофур)-ро бо равгани гулисурх ё бо сиркои ангури даромехта, ба пеши сар бимоланд, дарди сари сафровиро таскин медихад. Агар бо барги кашнизи тар ё бо барги зуф куфта, ба тораки сар бигузоранд. хуни биниро манъ мекунад. Ба микдори як ё ду чави онро бо оби барги кашниз ё бо сирко даромехта, дар бини бирезанд, хуни биниро манъ мекунад. Инро бо барги коху якчо куфта, ба сар гузошта банданд ва дар оби барги коху хал карда, дар бини бирезанд, бехобии гармизочонро ба ибро меоварад ва харорати баланди майнаро таскин медихад; агар бо равгани гулисурх даромехта бимоланд, варамхои гармро пас мегардонад.

Кофурро махин ос карда, ба чашм бипошанд, дарди чашмро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад; бо оби кашниз ва сурма — хамаро якчо соида, ба чашм кашанд, баромадани обиларо дар чашм хангоми бемории нагзак ва сурхакон манъ мекунад ва агар баромада бошанд, зуд онхоро дафъ месозад; инчунин кофурро бо оби тукумшулук даромехта, ба чашм кашанд, хамин хосиятро дорад.

Кофурро дар равгани гулисурх хал карда, дар бини чаконанд, вайронии мизочи сар ва чашмро ислох мекунад. (Вайроншавии соддаи мизочи майна ва чашм он аст, ки хангоми баланд хестани офтоб ба само ва зиёда гаштани нури он, бемории майна ва чашм авч мегирад ва агар офтоб поён фурояд ва дар вакти шаб иллат суст мегардад). Кофурро дар оби кашнизи тару тоза хал карда, дар гуш чаконанд, дарди гушро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад ва хуни биниро, ки аз майна ва пардахои он ояд, манъ мекунад.

kofur-300x202
Шохи Дарахти Кофур

Кофурро дар гулоб хал карда, бо он гаргара кунанд ё онро дар дахан гардонанд, дарди дандони кирмхурдаро таскин медихад; чушиш, яъне пухтани даханро шифо мебахшад. Кофурро дар ковокии дандони кирмхурда бигузоранд, зиёд шудани ковокии онро манъ мекунад.

Кофурро бо мушк ва анбар бихуранд, низоми сардии онро ба эътидол меоварад ва рухи хайвониро, ки макомаш дил аст, рухи нафсониро, ки мавзеаш майна аст, дар одамони сардмизоч ва заиф кувват мебахшад; бар зидди захрхои гарммизоч, аз чумла захри каждуми чаррора, ки каттолтарин аст, тарёк мебошад. Хурдани кофур табхои дик (логаркунанда) ва гарми тезро шифо мебахшад, вале ба табхои модди, яъне табхое, ки аз зиёд гаштани яке аз чор модда (хилт) – хун, балгам, сафро ва савдо бошанд, зарар дорад.

Хурдани кофур барои одамони сардмизоч ва заифмизоч зарар дорад, дарди сар меоварад, меъдаро суст мекунад, узвхои гизоро хам суст менамояд, инчунин барои бох (пушти камар) низ зиён дорад (хатто бисёр буйиданаш хам зарар меоварад), маниро шах мегардонад, гурда ва хичакро хунук месозад. Кофур дар бобати зарар кардан ба бох аз афюн бадтар аст. Агар кофурро аз хад бисёр бибуянд, бинобар бисёр баланд будани дарачаи хушкии мизочаш бехобиро ба амал меоварад, боиси сафед гаштани муй ва пир шудани одам мегардад, иштихо ва наслро катъ мекунад, дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад. Хамаи ин зарархои кофурро мушк, анбар, хояи сагоби, давохои гарммизочи хушбуй, гулканд, равгани савсан, равгани гулихайри, равгани бунафша, равгани наргис ва монанди инхоро бихуранд, дафъ мекунад.

Микдори як бор хурдан аз кофур дар як руз то 0,5 грамм аст. Вале агар 9 граммашро бихуранд, бохро катъ ва меъдаро вайрон мекунад. Ба кавли баъзехо, 9 грамми он кушанда мебошад. Мегуянд, ки агар зан кофурро дар фарчи худ бимолад, мард ба он зан кодир намегардад.

Аз кофур равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Равгани кунчиди сафеди навро гирифта, ба даруни он хар кадар, ки хоханд, кофур андозанд, як шаб хамон тавр бигузоранд. Рузи дигар хамаи онро ба шишае, ки гили бута молида шуда бошад, бирезанд. Он шишаро дар деги анбик андохта, дар оташ равган кашанд. Баъд он равганро дар шишаи мукаррари рехта, даханашро махкам кунанду вакти хочат ба кор баранд. Ин равган барои табхои сузон, вабои ва тоун (чума) даво мешавад, ки ба давохои ин беморихо илова карда мехуранд ва инчунин барои захмхои хабиса (злокачественные язвы) низ. Ин равганро ба забони руси камфорное масло меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …