Главная / Биология / Коди генетики

Коди генетики

Микдори зиёди аминокислотахо, ки тавассути эволютсия интихоб шудаанд, бо кислотахои нуклеинат синтез гардида, бо як пайдархамии муайян дар сафедахо чойгир мешаванд. Дар занчири полипептиди ба хар як аминокислота комбинатсияи иборат аз се нуклеотид – триплет рост меояд. Масалан, ба аминокислотаи систеин триплети АСА, ба валин – САА, ба лизин – ТТТ ва гайра.

kodi-geneteki

Хамин тарик, якчояшавии нуклеотидхо ва пайихам чойгиршавии онхо дар молекулаи КДН код мебошад, ки оид ба структураи сафеда хабар мерасонад. Код хамаи имконияти якчояшавии се асоси нитрогениро (аз чор асоси нитрогени) ворид менамояд. Чунин якчояшави мумкин 43 = 64 бошад ва дар навбати худ 20 аминокислотаро кодгири мекунад. Дар натича баъзе аминокислотахо бо якчанд триплетхо кодгири мешаванд. Ин холат барои гузаронидани ахбори генетики

ахамияти калон дорад. Масалан, ба аминокислотаи аргинин мумкин аст триплетхои ГСА, ГСТ, ГСС ва гайра мувофики намоянд. Маълум аст, ки тагйироти тасодуфии нуклеотиди сеюм дар ин триплетхо дар структураи сафедаи синтезшаванда инъикос намеёбад.

Дар хар молекулаи КДН, ки аз миллионхо чуфти нуклеотиди иборат аст, ахбори пайдархамии аминокислотахо дар садхо сафедахои гуногун сабт шудааст. Кисми молекулаи КДН, ки оид ба структураи як сафеда хабар мебарад, чи тавр аз дигар кисмхо махдуд мегардад? Триплетхое мавчуданд, ки функсияашон ба вукуъ омадани синтези силсилаи полинуклеотиди мебошад, хамчунин триплетхое хастанд, ки онхо ба синтез монеъ мешаванд. Яке аз хосиятхои асосии код махсусияти он мебошад. Хеч гох чунин холат руй намеди

Расми 3.11. Коди генетики дар пайдархамии кодонхои КДН:йцу

Фен – фенилалинин, Лей – лейсин, Илей – изолейсин,

Мет – метионин, Вал – валин, Тир – тирозин,

Гис – гистидин, Глн – кислотаи глутамин,

Лиз – лизин, Асп – аспарагин, Глу – глутамин,

Сис – систеин, Три – триптофан, Арг – аргенин,

Сер – серин, Гли – глитсин, Про- пролин,

Тре – треонин, Ала – аланин.

Ист – охири синтези сафедаи муайян

Код барои хамаи организмхои зинда умуми аст ва харгиз катъ намегардад. Яъне, аминокислотахои кодгиришавандаи триплетхо – кодонхои КДН дар намуди ахбори триплетхо (кодонхо) – КРН-а хамеша яклухт расонда мешаванд. Барои синтез шудани сафеда, ахбор дар бораи пайихам чойгиршавии аминокислотахо дар структураи якумини он бояд ба рибосома расонда шавад. Ин раванд ду давра – транскрипсия ва транслятсияро дохил менамояд, ки оид ба онхо дар боби оянда маълумот дода мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Кислотахои нуклеинат чист?
  2. Кадом пайвастагихои оддии органики хамчун кисмхои таркибии кислотахои нуклеинат хизмат менамоянд?
  1. Кадом хели кислотахои нуклеинатро медонед?
  2. Фарки сохти молекулаи КДН ва КРН дар чист?
  3. Функсияи КДН-ро гуфта дихед.
  4. Дар хучайра кадом намудхои КРН мавчуданд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …