Главная / Гуногун / Китоби таърихи точикон

Китоби таърихи точикон

Дар ин китоб барои дарёфти хакикат бо одамони касбу кори гуногун; аз донишчу сар карда, то рузноманигору академик сухбати доманадоре ба сомон расонидем. Баъзе аз мусохибахои мо руйи чопро дидаанд, ки мо онхоро дар кисми дуюми китоб чой додем. Кисми дигари саволу чавоб бори аввал ба хонанда пешкаш карда мешаванд.

Максади муаллиф баркарор кардани хакикати таърихи аст. Барои чи Г.В.Ф. Гегел барин шахси чахони Форс гуён махз мардуми сарзамини бостонии точиконро тараннум карда, мегуяд: «Форсхо (точикхо – И. У.) нахустин халки таърихи ба шумор мераванд. Онхо инкишофро ба вучуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихи дошт. Дар (сарзамини – И. У.) Форс бори нахуст нур афканданд, равшани доданд, ин нур ба олами маърифат тааллук дошт.

Дар давлати Форс мо ягонагии соф олиро мебинем, ки ба озодии шахс рох мекушояд; нур падидор мегардад, мо вахдатро мебинем, ки ба фард  хукмрони мекунад, факат аз бахри он ки часоратро бедор кунад, хусусиятхои нухуфтаи хешро зохир намояд. Ба шарофати ин – усули фаъолият – хаёт зохир мегардад. Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лихоз, рости гап, таърихи умумичахони махз аз таърихи Форс (точикон – И. У.) огоз меёбад»

Барои чи Гегел  ва садхо олиму муаррихони аврупои нисбати таърихи гузаштаи мо ин кадар  бахои баланд додаанду вале мо бошем таърихи чандхазорсолаи худро то кунун аврок назадаем?! Баъзе империяхои точикон, ки зиёда аз 500 сол хукмрони карда, юнониву макдуни ва Рими хавобаландро таслим намудаанду мо бошем дар бораи онхо лаб во накардаем?

Аврупоиён дар тули солхои 1621 то охири асри XIX, яъне то деформатсияи тафаккури инсони аз тарафи ленинизм, шахрхои таърихии дунёи кадимро гирбол намуданд, гуё, ки ба сари онхо чанги чахон барафрухта шуда бошад, пулхои хеле зиёдеро сарф намуданд. Вале, билохира, маълум шуд, ки баромади халкхои мутамаддини  аврупои муосир – аз ин диёри кухан – диёри точикон иборат будааст. Дар ин хусус авропоиён садхо китобу навиштачоти илмиро ба табъ расонидаанд. Мо бошем хатто дар бораи даврони Сомониён маълумоти кофи надорем.

Хулоса, (баъзе аз) зиёиёни  точик, то кунун аз доираи скептитсизм берун нарафтаанд Хак ба чониби Президенти Точикистон Эмомали Рахмон аст, ки «Халки точикро, халки «кучак» нагуед» мегуяд. Ба шарофати Президенти Точикистон таърихи тамаддуни Ориён ва баромади халкхои ориёинажот аз ватани бобогии точикони муосир исбот карда шуданд. Ин зарбаи сахтарин ба баъзе аз авомфиребони бесаводу бефарханги унвондор буд, ки худро олим тарошида дар бораи тамаддуни ориёи ба забони шевагии эрони китоб менависанд ва баромади Ориёнро аз ватани бобогии точикон рад карда, даъво кардани мешаванд, ки гуё Ориён аз Уралиё баромада бошанд.

Хизмати аз хама бузурги Президенти Чумхурии Точикистон дар катори нобигахои маданияти бойи точиконро чашн гирифтан, кайд кардани 1310 солагии бузургдошти Имоми Аъзам буд. Ин чашне гардид, ки дар чодаи тамаддун миллати точиконро ба сахнаи чахони баровард. Олами Ислом дуогуи халки точик ва Президенти он Эмомали Рахмон гардиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …