Главная / Гуногун / Китоби дарсии Ботаника барои синфи 5-ум

Китоби дарсии Ботаника барои синфи 5-ум

ИСТИФОДАБАРИ АЗ КИТОБИ ДАРСИ

Шумо дар синфи 5 аз ин китоби дарсии Ботаника таълим мегиред. Тавассути мундаричаи китоб шумо бо номгуи фаслу бобхои алохида шинос гардида, мавзуъхои лозимаро бо осони дарёфта метавонед.

Дар охири хар як мавзуъ бо максади санчиши дарачаи фахмишу дониши хонандагон саволхои ба мавзуъ дахлдор дода шудаанд. Пеш аз саволхо аломати гузошта шудааст.

Киотоби БотаникаРаками расмхо дар матни мавзуъ ва дар зерраками расмхо бо аломати | ишора карда шудааст. Расмхо интихобан оварда шудаанд ва онхо барои осонтар аз худ кардани мавзуъхо ба шумо кумак мерасонанд.

Дар пушти муковаи аввал ва охири китоб расми растанихои доруги ва нодир, ки ба «Китоби Сурхи Точикистон» дохил шудаанд, гирд оварда шудааст.

Пас аз итмоми фаслу бобхои китоб равиши гузарондани тачрибахои лаборатори дода шудааст, ки аз руи онхо муаллим бо шумоён дарсхои лаборатори мегузаронад. Ин машгулиятхои амали ба шумо имкон медиханд, ки ба таври аёни ба гуногунхели ва чабхахои гуногуни фаъолияти хаётии растанихо аз наздик шинос шуда, дар омузишу хифзи онхо малакаю махорати зарури хосил намоед.

Аз шумоён бисёр хохиш мекунем, ки китобро тоза нигох доред ва бо он эхтиёткорона муносибат кунед. Чунки дар оянда аз ин китоб хохарон ва бародарони хурдсоли шумо метавонанд истифода баранд.

Бо хисси миннатдори таъкид мекунем, ки ба чуз адабиётхои дахлдори дар барномаи таълими нишондодашуда, инчунин баъзе расмхо ва маводхо аз китоби дарсии “Биология: растани, бактерия, занбуруг, гулсанг”, М., 1992 (нашри 23-юми руси, барои синфхои 6—7), муаллифаш В.А. Корчагина, китоби номбурда, тарчума аз нашри 20-уми руси, Душанбе, «Маориф», 1992, мутарчим М. Хочиматов ва “Биология: бактерия, занбуруг, растани”. М., 1995 (барои синфи 6), муаллифаш В.В. Пасечник мавриди истифода карор доштанд.

МУКАДДИМА

Хангоми омухтани фанни табиатшиноси ба шумоён маълум шуд, ки табиати зинда аз олами наботот ва хайвонот иборат аст. Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро хаматара- фа меомузад, биология ё хаётшиноси меноманд. Биология аз ду ка- лимаи юнони: “биос” — хаёт ва “логос” — таълимот иборат аст.

Ба чуз хайвонот ва растанихо дар табиат боз организмхое (ё мав- чудотхое) низ хастанд, ки харчанд аломат ва хусусиятхои ба рас- танихо монанд дошта бошанд хам, лекин рангашон сабз нест. Инхо занбуругхо мебошанд, ки гуруххои алохидаи организмхоро ташкил медиханд. Чунончи, баъзе намудхои занбуругхои хурданибоб, зан- буругхои магори ва гайрахо.

Инчунин, гурухи махсусеро бактерияхо ташкил медиханд, ки нихоят андозаи хурд дошта, онхоро факат бо туфайли асбобхои калоннишондиханда, масалан микроскоп, метавонед бубинед.

Хамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология меомузад, аз 4 олам ё гурух иборат аст: бактерияхо, занбуругхо, растанихо ва хайвонот.

Пахншавии растанихо дар руи Замин. Тавассути кито- би мазкур мо омузиши табиати зиндаро аз олами растанихо огоз мекунем. Растанихо дар олами беканор васеъ пахн шудаанд. Онхо- ро дар хама гушаю канори Замин дидан мумкин аст: дар дашту во- дихо, талу теппахо, куххои сарбарфалак, даштхои беоб ва бот- локхои касногузар, дар бахру укёнусхо, кулхо, хавзу дарёхо ва хатто дар кутбхои саросар яхпуш.

Дар богу гулзорхо, гулгаштхо, заминхои барои киштукор муво- фик ва хочагихои дехкони растанихо ба таври васеъ парвариш кар- да мешаванд.

Растанихо дар табиат мавкеи хосро доро буда, аксари кулли онхо ранги сабз доранд. Вале чи тавре, ки каблан кайд кардем, дар таби- ат растанихое низ хастанд, ки рангашон сабз нест. Ба ин кабил рас- танихо занбуругхо дохил мешаванд. Ахамияти растанихо дар та- биат аз он иборат аст, ки онхо хаворо аз гарду губор покиза кар- да, бо гази оксиген, ки барои нафасгирии хамаи мавчудоти зинда багоят зарур аст, бой мегардонанд.

Растанихо хуроки хайвонот мебошанд. Хатто он хайвоноти дар- рандаи гуштхур дар навбати худ хайвонотеро сайд мекунанд, ки алафхуранд.

Хусусан, растани дар хаёти инсон ахамияти фавкулодда калон дорад. Зеро асоси хуроки инсонро махсулоти растаниги, аз кабили орд, ярма, сабзавот ва мевахо, ташкил медиханд. Мо агарчанде мах- сулоти хайвоноти — гушт, шир, мохи, тухм, равган (чарбу), панир ва гайрахоро истифода барем хам, лекин хайвоноти калону хурди шохдор, паррандагон аксаран ба сифати гизо растанихоро исти- фода мебаранд. Бинобар он, дар он маконе, ки растани намеруяд, хайвонот низ хаёт гузаронида наметавонад ва он чойхо бо муру- ри вакту замон ба дашту биёбонхои бехаёт табдил меёбанд.

Инчунин, растанихо ба сифати масолехи бинокори, сузишвори, хамчун ашёи хом дар саноати дорусози ва дигар сохахои хочагии халк васеъ истифода бурда мешаванд. Аз баъзе намудхои онхо — пах- та, загир, канаб (кенаф) ва гайрахо нахи хушсифат гирифта мешавад, ки барои духтану тайёр кардани либос бехад заруранд. Хол он ки набототи худруй ин талаботи инсонро конеъ гардонида наметавонад.

Дар руи Замин такрибан 350-400 хазор намуди растанихо мав- чуданд. Аз ин микдор 1500 намудашон ба растанихои мазруъ дохил мешаванд. Инсоният дар даврахои аввали инкишофи таърихиаш тухми зироатхоро на факат барои гизо, балки барои киштукор низ чамъ мекард. Аз хамон даврахо сар карда, одамон ба парваришу кишту кори зироатхо пардохтанд. Дар ин муддати на он кадар тулонии таърихи кишоварзи бисёр намуди растанйхои мазкур чу- нон тагйир ёфтанд, ки дарёфт кардани баъзе хусусиятхои авлодии онхо дар авлодони кадимаи ёбоиашон басо душвор аст. Дар вата- ни офтобруяи мо — Точикистон бошад, зиёда аз 4513 намуди рас- танихо месабзад. Дар байни онхо микдори зиёди растанихое мав- чуданд, ки хусусияти табобати дошта, дар тиб мавриди истифо- даи хамачониба карор доранд.

Илмеро, ки растанихо, фаъолияти хаёти, сохти беруни ва дарунии онхоро меомузад, ботаника меноманд. Номи ин фан аз калимаи юнонии «ботане» ба вучуд омадааст, ки маънои тахтуллафзиаш сабза, алаф, растани мебошад.

Аммо растанихоро факат омухтан кифоя нест. Ба растанихо бо эхтиёт ва гамхорона муносибат карда, онхоро хаматарафа мухофи- зат кардан лозим аст. Мутаассифона, дар минтакахои кухи ва бисёр нохияхои чумхуриамон бепарвоёна буридану то ба дарачаи несги овар- дани дарахту буттахои чангалзор, беинсофона чамъовари кардани нозу неъматхои табиат, гиёххои дорувори ва гайрахо давом дорад. Аз ин ру. шумоён бо кушишхои начиби худ дар хифзи растанихои нодир сахмгузор бошед.

  1. Растанихои сабз дар табиат чи ахамият доранд?
  2. Ахамияти растанихо дар хаёти одам чй гуна аст?
  3. Биология чи хел фан аст ва кадом гурухи организмхои зиндаро меомузед?
  4. Ботаника чиро меомузад?
  5. Чаро растанихои сабзро мухофизат кардан зарур аст?

МУНДАРИЧА

МУХАДДИМА………………………………………………………………………………….. 7

ШИНОСОИИ УМУМИ БО РАСТАНИХОИ ГУЛДОР

  • 1. Узвхои растани………………………………………………………………………. 9
  • 2. Мева ва тухм………………………………………………………………………… 12
  • 3. Пахншавии мева ва тухм………………………………………………………. 14
  • 4. Давомнокии хаёти растанихо………………………………………………… 16
  • 5. Дарахт, бутта, нимбутта…………………………………………………………………………….. 18

СОХТИ ХУЧАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

  • 6. Шиносои бо асбобхои калоннишондиханда……………………………. 20
  • 7. Сохти хучайраи растани……………………………………………………….. 22
  • 8. Гуногуншаклии хучайраи растани…………………………………………. 24
  • 9. Харакати ситоплазма. Ба хучайра дохилшавии моддахо………… 25
  • 10. Сабзиш ва таксимшавии хучайра…………………………………………. 27

ТУХМ

  • 11. Сохти тухми растанихои дупалла ва якпалла…………………………………………. 29
  • 12. Таркиби тухм……………………………………………………………………… 31
  • 13. Сабзиши тухм…………………………………………………………………….. 33
  • 14. Нафасгирии тухм………………………………………………………………… 36
  • 15. Гизогири ва сабзиши майса. Мухдати кишт……………………… 37

РЕША

  • 16. Хелхои реша. Типи системаи реша. Хок. Ахамияги он барои хаёти растанихо. Мухофизати хок …………………………………………………..
  • 17. Сабзиши реша, кисмхои реша ………………………………………………..
  • 18. Обро чаббидани ………………………………………………………………………………………….
  • 19. Харакати об ва моддахои маъдани дар растанихо………………… 48

МУНДАРИЧА_________________________________________________________________ 5

  • 20. Нури…………………………………………………………………………………… 50
  • 21. Нафаскашии реша……………………………………………………………….. 51
  • 22. Тагйири шакли реша…………………………………………………………… 53

НАВДА

  • 23. Навда ва мугча……………………………………………………………………. 54
  • 24. Аз мугча инкишоф ёфтани навда………………………………………….. 57
  • 25. Сохти берунии барг…………………………………………………………….. 59
  • 26. Сохти хучайравии пахнаки барг…………………………………………… 61
  • 27. Фотосинтез. Дар баргхо хосил шудани охар…………………………. 63
  • 28. Дар рушнои гази карбонатро фуру бурда, оксигенро хорич кардани баргхо………………………………………………………………………….. 65
  • 29. Нафасгирии баргхо. Обро бухор кардани баргхо…………………. 67
  • 30. Мутобикшавии растанихо дар хокхои нисбатан хушк…………… 71
  • 31. Тагйири шакли барг. Хазонрез…………………………………………….. 73
  • 32. Ахамияти растании сабз дар табиат ва хаёти инсон……………….. 75
  • 33. Поя. Гуногунии поя. Кадкашии поя, шохаронй……………………… 76
  • 34. Сохти дарунии пояи дарахт…………………………………………………. 78
  • 35. Гафс шудани поя. Хосил шудани солхалка……………………………. 80
  • 36. Харакати об, модцахои маъдани ва органики

дар тана (поя)……………………………………………………………………… 81

  • 37. Тагйири шакли навда, решапоя, лунда, пиёзак………………………. 84

АФЗОИШИ НАШВИИ РАСТАНИХОИ ГУЛДОР

  • 38. Афзоиши нашвии растанихо ба воситаи навда………………………. 86
  • 39. Афзоиши нашви ба воситаи реша ва барг……………………………… 90

ГУЛ ВА МЕВА

  • 40. Гул. Ахамияти гул барои хаёти растанихо. Сохти гул…………… 92
  • 41. Тудагул (хушагул)………………………………………………………………. 95
  • 42. Гулро гардолуд кардани хашарот, шамол……………………………. 96
  • 43. Сунъи гардолуд кардани гул……………………………………………… 100
  • 44. Бордоршавии растанихои гулдор……………………………………….. 101
  • 45. Хосил шудани тухм ва мева……………………………………………….. 103

РАСТАНИ – ОРГАНИЗМИ ЗИНДА

  • 46. Функсияхои (вазифахои) асосии хаёти растанихо…………………. 105
  • 47. Мубодилаи моддахо ва табдили энергия…………………………….. 106
  • 48. Алокаи мутакобилаи узвхои растани………………………………….. 108
  • 49. Роххои харакати моддахо дар растани……………………………….. 110
  • 50. Захирашави ва истифодабарии моддахо……………………………… 111
  • 51. Сабзиши растанихо. Танзими сабзиш. Нуктаи сабзиш.

Моддахои зарурй барои сабзиш …. ………………………………….. 11 2

  • 52. Харакати растанихо………………………………………………………… 114
  • 53. Даврахои хаёти растанихо: чанини, чавони, камолот,

пиронсоли…………….. …………………………………………………………. П6

ТАЧРИБАХОИ ЛАБОРАТОРЙ……………………………………………………. 118

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …