Главная / Гуногун / Китоби «Таърихи тамаддуни ориён»

Китоби «Таърихи тамаддуни ориён»

Савол: Ман зиди ин акидахои Шумо нестам. Вале он чи ки шумо дар бораи тадкикотхои илмии дар Аврупо, дар асрхои 17-19 шуда гузашта мегуед, ин шахсан барои ман хам чандон равшан нест.

Чавоб: Ба китоби «Таърихи тамаддуни ориён»-и банда ру меорем. Дар он чунин гуфта шудааст: «Инкилоб барои баркарор кардани таърихи тамаддуни ориён асосан аз соли 1621 милоди огоз ёфт. Ин соле буд, ки бори аввал сайёхи итолиёни Петро Делле Валле аз шахри Истахр катибахои мехиро ёфта, онхоро ба Аврупо бурд. У якчанд нишонаи хати мехиро кашида, ба чунин хулоса омад, ки ин хат аз чап ба рост хонда мешавад. Кардин соли 1674 аз шахрхои форснишин навиштачоти бисёри хати мехиро ёфта, ба Аврупо бурд. Сайёхони гуногун дар ин давра тавонистанд чандин нусхаи хати мехиро ба даст оварда, нусхабардори кунанд.

Вале нусхаи аслиро бардоштан соли 1765 ба Кастрен Нибур муяссар гардид ва дар айни хол у дар матни хати мехи мавчуд будани се намуди услубро дарк кард, ки оддитарини онхо 42 намуди накши хурофот будааст. Соли 1802 академики данияг­и Мюнтер хусусияти хичоги доштани услуби дуюми хати мехиро муайан кард ва хуруфоти сеюмро идеографи номид. Хар се хуруфот дар як навиштачот чой дошта, як матнро ба се забон хондан мумкин аст. Дар чои аввал мувофики гуфтаи академик Мюнтер, забони халки хукмрон меистад. Ин забон – забони Форсии Кадим буд» ки ватанаш Осиёи Миёна аст.

Мо метавонем дар радифи олимони забардаст Гротефенду Бюрнуф боз даххо мухаккиконро, ки то ибтидои асри 20 барои баркарор намудани таърихи гузаштаи инсоният чонбозихо кардаанд, номбар кунем, вале дар ин чо, ба фикрам, лозим нест.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …