Главная / Маданият ва санъат / Киссаи Зулкарнайн

Киссаи Зулкарнайн

Зулкарнайн марде буд шучоъ, ки дар майдони чанг аз сармову гармо ва душворихои мухталиф харгиз намехаросид ва хамчунин самти Гарб пеш мерафт ва тамоми сарзаминхоеро, ки аз онхо убур менамуд, ба тасарруф даровард. Лашкариёнашро дуст медошт, ба онхо бо мехрубони рафтор менамуд.

Зулкарнайн ба футухоти худ идома медод ва шабу руз пеш мерафт, то ба чашмае расид, ки обу гилаш махлут буд. Пас чунин фикр кард, ки офтоб дар ин чо гуруб мекунад ва дигар сарзамин нест, ки фатх бинамоям. Дар ин чо кавме зиндаги мекарданд, ки кофир будандва хунхои якдигарро мерехтанд.

zulqarnaynЗулкарнайн ба онхо гуфт: «Хар кадом аз шумо, ки даст аз аъмоли зишташон барнадорад, бо ин шамшер ба хисобаш мерасам. Он гох шумо дар рузи киёмат низ дучори азоб, азоби дардноке мешавед. Вале хар кадом, ки рохи хакро пеш бигиред, подоши наку дарёфт хохед намуд ва дар назди Худо низ азизу кироми хастед».

Мардуми сарзамин бо кумаки Зулкарнайн афроди шоистае шуданд. Сипас лашкари худро ба суи Машрик пеш бурд ва тамоми сарзаминхои вокеъ дар рохи худро фатх кард, ки то ба чое расид мардумаш, ки дарахт надоштанд, то аз сояаш истифода бикунанд ва дар нодониву бадбахти зиндаги мекарданд. Муддате дар он чо монданд ва онхоро аз чахду бехиради рахои бахшид. Пас аз он чо ба самти шимол харакат кард то ба чое расид, ки дар ду самти он ду кухи баланд вучуд дошт ва кавме дар он чо зиндаги мекарданд, ки забонашонро намефахмид ва бо кавми Яъчучу Маъчуч хамсоя буданд.

Яъчучу Маъчуч мардуме фосиду ситамкор буданд ва зиёнхои фаровон ба мардуммерасонданд. Он кавм вакте чалолу шукухи Зулкарнайнро диданд, аз у хохиш карданд, ки садде миёни онхо ва Яъчучу Маъчуч барпо бикунад, то эшон аз тарафи онхо дар амон бошанд.

Зулкарнайн хохиши онхоро пазируфт ва ба онхо гуфт, ки абзори корро барояш мухайё кунанд.

Кавм микдоре бисёр охану мису чубу ангиш фарохам карданд ва алвохи оханро дар миёни кух карор доранд ва ангишту чуб атрофии он рехтанд то ба шакли садде махкам даромад, дигар Яъчучу Маъчуч кудрати онхо надоштанд, ки аз онхо садд бигузаранд ва кавмро азият бикунанд. Пас аз итмоми садд Зулкарнайн хушхол шуджу гуфт: «Ин рахмати бахшишест, ки парвардигор насиби шумо намуда буд, ки хар гох худо ирода бикунад, ин садд вайрон хохад шуд. Пас худоро шукргузор бошеду дастуроташро итоат кунед!»

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …