Главная / Гуногун / Кишовари дар Точикистон

Кишовари дар Точикистон

 Хачми умумии махсулоти кишоварзи дар нух мохи соли 2018 аз хисоби хамаи шаклхои хочагидории чумхури 17755,8 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши вокеии он нисбат ба хамин давраи соли 2017 ба андозаи 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Хачми махсулоти растанипарвари ба маблаги 13251,2 млн. сомони ё 104,0 фоиз нисбат ба хамин давраи соли 2017 ва махсулоти чорводори ба маблаги 4504,6 млн. сомони ё 103,7 фоиз истехсол шудааст.

Хачми истехсоли махсулоти кишоварзи ва рушди он дар нух мохи солхои 2014-2018

Таъмини фаровони хачми истехсоли махсулоти кишоварзи бо дарназардошти махсулоти растанипарвари (ба чуз галла ва пахта) нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба маблаги 960,3 млн. сомони ва махсулоти чорводори (ба чуз пилла) ба маблаги 221,6 млн. сомони афзоиш ёфтааст.

kishovarzi-tj

 Бо максади таъмин гардидани амнияти озукавори дар кишвар дар хочагихои чамъияти ва дехкони ба 1 октябри соли чори аз майдони 5887,3 гектар кишти барвактии зироатхои бахори, аз он 5340,3 гектар кишти зироатхои сабзавот, аз чумла пиёз 3976,7 гектар, 19 гектар сабзавоти тухми ва 528 гектар зироатхои хуроки чорво гузаронида шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта кишти зироатхои сабзавот 3314,7 гектар, аз он пиёз 3589,3 гектар, зироатхои сабзавоти тухми 4 гектар ва кишти зироатхои хуроки чорво 115 гектар зироатхои бахори кам чамъовари гардид.

Тавозуни (баланси) кишти барвактии зироатхои бахори дар хочагихои чамъияти ва дехкони ба холати 1 октябри соли 2018 (гектар)

р/т

Номгуи зироатхо Дар чумхури Фаркият           бо % Фаркият                    бо гектар
соли 2017 соли 2018
1. Зироатхои кишоварзи, (хамаги) 9321 5887,3 63,2 -3433,7
аз чумла:        
2.  Сабзавот 8655 5340,3 61,7 -3314,7
аз чумла:
пиёз 7269 3976,7 54,7 -3292,3
сабзи 812 806 99,3 -6
3. Сабзавоти тухми 23 19 82,6 -4
4. Зироатхои хуроки чорво 643 528 82,1 -115

Кайд кардан ба маврид аст, ки майдони кишти барвактии зироатхои бахори дар хочагихои мазкур нисбат ба хамин давраи соли гузашта бо назардошти кохишёбии назаррас дар майдони кишти пиёзи барвакти дар масохати 3292,3 гектар ё 36,8 фоиз кам гардид.
Сабаби кам гардидани майдони кишти барвактии зироатхои бахори асосан аз хисоби зиёд гаридани майдони кишти пахта дар масохати 11,8 хазор гектар, инчунин номусоид омадани боду ховои соли чори барои парвариши пахта арзёби мегардад.

Аз ин лихоз Вазорати кишоварзи якчо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон вазорату идорахои дахлдор ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо бо максади истифодаи самараноки захирахо оид ба гузаронидани кишти зироатхои барвакти ба тагйирёбии иклим тобовар чорахои зарури андешанд.

kishovarzi-tj

Майдони кишти зироатхои бахори дар хочагихои чамъияти ва дехкони ба 1 октябри солхои  2017-2018  (гектар)      Соли 2017  – Соли 2018

Дар нух мохи соли чори дар чумхури истехсоли картошка – 693,0 хазор тонна ё 126,7 фоиз (нисбат ба хамин давраи соли гузашта 145,8 хазор тонна ё 49,5 банди фоиз), сабзавот 1706,6 хазор тонна ё 119,3 фоиз (276,3 хазор тонна ё 12,2 банди фоиз), мевачот 325,0 хазор тонна ё 111,0 фоиз (32,2 хазор тонна ё 2,2 банди фоиз) ва ангур 175,0 хазор тонна ё 110,7 фоиз (16,9 хазор тонна ё 4,8 банди фоиз) зиёд гардида, чамъоварии галладона – 1086,7 хазор тонна ё 90,2 фоиз (118,1 хазор тонна ё 8,8 банди фоиз) ва пахта 125,4 хазор тонна ё 54,4 фоиз (105,0 хазор тонна ё 95,6 банди фоиз) ва полизи 528,6 хазор тонна ё 98,9 фоиз (5,8 хазор тонна ё 9,5 банди фоиз) кам гардидааст.

Хачми истехсоли махсулоти растанипарвари дар нух мохи солхои 2014-2018 (хазор. тонна)

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …