Главная / Маданият ва санъат / Кислотаи рибонуклеинат – КРН.

Кислотаи рибонуклеинат – КРН.

Кислотаи рибонуклеинат монанди КДН полимер буда, мономерхои он нуклеотидхоянд. Асосхои нитрогении се нуклеотид низ монанди нуклео тидхои таркиби КДН (аденин, гуанин, ситозин) мебошанд:

асоси нитрогении чахорум дар КРН ба чои тимин уратсил иштирок менамояд. Нуклеотидхои КРН аз нуклеотидхои КДН бо сохти ангиштобхои таркибашон низ фарк мекунанд; онхо дар худ пентозаи дигар – ба чои дезоксирибоза-рибоза доранд. Дар занчири КРН нуклеотидхо бо рохи ба вучуд омадани бандхо байни рибозаи як нуклеотид ва бокимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди дигар пайваст мешаванд.

3-10

КРН ахборро оид ба пайдархамии аминокислотахо дар сафедахо, яъне оид ба структураи сафедахо, аз хромосома ба мавзеи синтези онхо гузаронида, дар хосилшавии сафедахо иштирок менамояд. Аз руи структура КРН-а дусилси-

ла (дузанчира) ва яксилсила (якзанчира) мешавад. КРН-а дусилсила дар баъзе вирусхо хамчун нигохдорандаи ахбори генетики хизмат менамояд (нигаред ба боби 5), яъне дар онхо функсияи хромосомаро ичро менамояд.

Чанд навъи КРН-а яксилсила мавчуданд. Онхо аз руи функсия ё мавкеи худ дар хучайра ном гирифтаанд. Кисми зиёди ситоплазмаро (то 80-90%) КРН-и рибосоми (КРН-р), ки дар рибосомахо мавчуд аст, ташкил менамояд. Молеку-

лаи КРН-р калон нест ва такрибан аз 3-5 хазор нуклеотидхо иборат мебошад. Кислотахои рибонуклеинат аз дарозии  кисми кислотахои дезоксирибонуклеинат, ки дар хамон кисм онхо синтез мешаванд, вобастаги доранд. Молекулаи КРН-а метавонад аз 3000–30000 нуклеотидхо иборат бошад.

КРН–и наклиёти (КРН-н) 76–85 нуклеотид- хоро дохил карда, якчанд функсияро ичро менамояд (расми 3.10). Он аминокислотахоро ба чои (нуктаи) синтези сафеда расонда, мавкеи аники аминокислотахоро дар рибосома муайян мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

surai-niso

Баёни мухтасари мазмуни баъзе сурахои Куръони карим аз руи тафсирхо /сураи ан – Нисо/

Бисмиллохи -р – Рахмони – р – Рахим. Даъват мешавад, ки «эй мардумон аз он …