Главная / Илм / Кавар (Камар)

Кавар (Камар)

Кавар (Камар) — ин растаниест, ки хорхо дорад, шоххояш аксар ба руйи замин пахн гаштаанд ва ба русси Каперс мегуянд; баргаш сабзи гирдактар ва монанди фулус гафс, гулаш дар гилофи сабз, бузургиаш кариб ба андозаи нахуд, сабз, баъд калон шуда, гунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш монанди муйхо торхое дорад. Самараш ба ранги тарбузчаи сабз, вале дар хачм ба андозаи зардолуи миёна аст инро ба точики хиёри кавар меноманд. Ин баъди расидан пухта, чун пахта мешукуфад, магзаш сурхранг; тухмаш зард, андак рутубати часпак дорад; таъмаш каме ширини тахирак, яъне ба талхи моил мебошад ва агар инро бихоянд, пусти даханро андак мекашад, тунчи дорад, яъне узвхои даханро каме дархам мекунад. Меваи ин харчанд расидатар шавад, тунчиаш камгар ва ширниаш зиёда мегардад. Решааш сафед, дароз, пусти решааш гафс. Агар ин решаро хушк кунанд, дар аксар вакт пусташ чудо мешавад. Таъми хамаи кисмхои кавар, яъне баргаш хам, шохаш хам, пустлохаш хам, решааш хам хама талханд.

kavar-kamar-kapersГунчаи гул ва самари майдаи норасидаи онро дар намакоб ширин карда ё дар сирко парварда, яъне як шабонаруз дар он тар карда, барои хурдан тайёр низ менамоянд. Куввати решаи ин барои давоги аз кисмхои дигари ин зиёдтар аст.

Кавар дар заминхои сахт, харобахо, даштхо ва дар сантлоххо меруяд. Агар дар заминхои намнок ва дар наздики об руйида бошад, барои давоги намешояд, зеро кувваташ суст ва худаш боднок аст.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, инак, барои одамони мизочи сард ва тар допгга, инчунин барои касоне, ки мизочи муътадил доранд, бисёр форам мебошад. Агар ин гиёх дар сарзаминхои гарм руйида бошад, мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк мебошад.

Хислатхои шифобахши он: хар як кисми онро бихуранд ё дар об чушонида, он обро бинушанд, гиреххо, рагхои хун ва дар чохои дигари бадан бударо мекушояд, узвхоро аз моддахои зарарнок ва нодаркор пок мекунад; моддахоеро, ки дар хар як чойи бадан гафс ва шах шуда бошанд, тахлил медихад, нарм ва ракик мегардонад; балгам ва моддаи савдоро аз дохили бадан чудо мекунад ва инчунин ахлоти часпакро аз хама чохои бадан меронад. Барои беморихои аз хунуки пайдошаванда, ки вобаста ба майна бошанд, монанди: фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), истирхо (нотавон гаштани узвхои бадан), карахти, дарди пайвандхо, иркуннасо (радикулит), никрис (подагра) — барои хамааш нафъ мебахшад.

Хар як кисми каварро куфта гузошта банданд, мушакхои аз кор мондаро ислох ва сихат мекунад. Агар пусти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида берун мекунад ва дарди дандонро таскин медихад. Агар пусти нав ва тозаи он ё барги тарашро бардавом бихоянд ё бо сиркои ангури, ки дар он пусти самар ва тухми он чушонида шуда бошад, даханро чайконанд, гиреххои магзи сарро мекушояд ва майнаро аз моддахои бегона, ки барои саломатии ин узв зарар мерасонанд, пок менамояд. Оби барг, пуст, самар ва решаи тари онро нимгарм дар гуш чаконанд, кирми даруни онро, ки хамеша дарди гуш меоварад, мекушад. Агар хар як кисми каварро дар об чушонида, бо он об сарро бишуянд, реши сарро, ки сарро баъди муддате кал мекунад, сихат мебахшад.

Хох самараш, хох дигар кисми ин растаниро дар об чушонида, он обро бо асал даромехта биёшоманд, балгамхои гуногуни узвхои даруни синаро тахлил медихад ва аз бадан хорич мекунад, инчунин дардхои даруни синаро таскин медихад. Агар самари инро дар намак парварда, яъне намак хуронида бихуранд, иллати дамкутахиро шифо мебахшад.

Хар як кисми каварро дар об чушонида, бо он об гаргара кунанд, яъне гулуро чайконанд, балгамро аз узвхои нафас дафъ мекунад.

Хар як кисми растании мазкурро куфта бихуранд ё дар об чуш дода, он обро бинушанд, узвхои дохили сина ва шикамро кувват мебахшад, бодхоро тахлил дода, аз бадан дур мекунад, гиреххои дар рагхои чигар ва сипурз бударо мекушояд; моддаи бегонаи нопухтаро бо исхол, яъне аз дарун хорич мекунад ва савдоро аз бадан меронад, кирмхои меъда ва рудахоро мекушад, пешоб ва хайзро равон мекунад, куввати бох (пушти камар)-ро зиёда мегардонад. Самари намакхурдаи онро пеш аз таом бихуранду баъд хурок истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад ва ин бехтарин давое мебошад барои сипурз, хусусан дар сирко ва асал як шабонаруз андохта монда бошанду баъд бихуранд; моддаи гафси савдовиро бо куввати тамом аз сипурз бо исхол ва ба воситаи пешоб хорич мекунад, баъд сипурз комилан сихат мегардад. Агар ба меваи кавар мурчи куфтаги пошида бихуранд, гиреххои чигари хунукмизочро мекушояд. Чил руз пайдархам самари дар сирко парвардаи онро бихуранд, даруни сипурзро тамоман пок мекунад, ба дарачае ки ин узвро аз бадан ёфтан амри мухол мегардад. Оби баргашро бинушанд, хамаи хелхои кирми меъда ва рудахоро мекушад.

Баргашро куфта, бо орди чав хамир карда, аз ру ба сипурз гузошта банданд, варами сипурзро тахлил медихад; хусусан бо сирко хамир сохта, аз ру гузошта банданд, пешоб ва хайзро равон мекунад, барои бавосир нафъ мебахшад. Агар инро ширин нокарда, дар вакти талхияш бихуранд, куввати бохро меафзояд.

Хар як кисми каварро сухта, ба дудаш бидоранд, барои бавосир фоида дорад.

Пусти тар ё хушки онро куфта гузошта банданд ё баргашро куфта, бо сирко ва асал хамир карда гузошта банданд, иллати ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад, инчунин варамхои калон ва сахт, варамхои зери багал ва каши ронро мегардонад. Агар куфтаи инро бо сирко хамир карда, ба доги сафеди пуст гузошта банданд, он догро дафъ мекунад ва ба шукуфахои пуст низ гузошта банданд, шифо мебахшад. Барги тарашро куфта, ба решхои хабиса ва римнок гузошта банданд, онхоро хушк намуда сихат мебахшад.

Оби барги тари онро хох бинушанд ва хох бо он хукна (клизма) кунанд, беморихои иркуннасо ва дардхоеро, ки дар сурин (кафал) пайдо шуда бошанд, дафъ мекунад.

Хар як кисми ин гиёхро бихуранд ё гузошта банданд, бар зидди аксари захрхо тарёк мегардад ва агар инро бо шароби ангури истеьмол кунанд, кавитар мегардад.

Мизочи гули кавар пеш аз шукуфтан, яъне дар вакти гунчагиаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Гули каварро истеъмол кунанд, моддахои баданро нарм мекунад ва дар хама хислатхо монанди решааш, вале каме аз он заифтар мебошад. Инро хушк карда чун орд соида, ба носурхои чашм бипошанд, онхоро хушк месозад ва сихат мебахшад. (Носури чашм ин реши кухнаи бехнашавандаи чашм аст, ки гох аз он рим равон мешавад ва гох римаш хушк мегардаду баъди муддате аз нав равон мешавад).

Самари расидаи ин растаниро дар сирко парварда, баъд бихуранд, лазиз мегардад, иштихоро мекушояд, сипурзро ба дарачае пок мегардонад, ки гуё он нест шуда бошад, баданро аз балгам пок месозад, гирехи чигар ва силурзро мекушояд, вале дар одамони гарммизоч дарди сар меоварад.

Хиёри кавар, яъне самари ношукуфтаи он дар мизоч гарм ва тар аст, мизочи тухмаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, яъне барои касони мизочи хунук ва тар дошта мувофик мебошад.

Хиёри расидаи он, яъне гушти самари шукуфтаи онро нахоида фуру баранд ва тухмашро ба дили нахор бихуранд, дарунро мулоим мекунад, вале феъли меъдаро вайрон месозад. Барои хамин худашро хоида ва тухмашро куфта хурдан даркор аст.

Мизочи шохаш аз баргаш дар дарачаи якум гарм ва хушк аст, вале дар манфиат заифтар аз гули он мебошад. Бо вучуди ин агар куфта гузошта банданд, ханозери гулуро тахлил медихад ва дигар варамхои балгамиро мегардонад, инчунин носури чашмро дафъ мекунад. Оби барг ва оби шохи тари онро бинушанд, хамаи навъхои кирми меъдаро, ки кирмхои сурхи дароз мебошанд, мекушад. Шох, барги тар ё хушки онро куфта, бо зифт даромехта гузошта банданд, решхои радди ва бехнашавандаеро, ки рутубаташон ба асал монанд аст, шифо мебахшад, захмхои хабиса (злокачественные язвы)-ро низ дафъ мекунад, варамхои ханозер (хукгардан) ва дигар варамхои балгамиро зуд тахлил медихад. Шохаш, яъне пояаш дар хислатхои тибби аз барги он кавитар аст.

Хамаи кисмхои каварро дар об чушонида, бо он об гаргара кунанд, майнаро аз олоишхо пок мегардонад, гиреххои дар магзи сар ва дар узвхои даруни сина пайдошударо мекушояд.

Микдори як бор нушидан аз оби барги он дар як руз ё аз оби пояаш то 25 грамм аст, ки бояд бо сирко ва бо шакар ё бо асал ширин карда бинушанд, Микдори як бор хурдан аз куфтаи решаи хушки он дар як руз то 10,5 грамм аст ва агар дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, то 25 — 30 граммашро бичушонанд.

Бояд огох кунем, ки истеъмоли ин ба дарун барои меъдахои одамони гарммизоч ва меъдахои табиатан гарм зарар дорад. Дар ин холат асалро бо сирко турш карда бихуранд, ин зиёнаш ислох меёбад. Ба гурдаи гарммизочон низ зарарнок аст, агар ба ин узв зарар расонад, асал бихуранд, зарараш ислох меёбад. Инчунин ба майнаи гарммизочон зарарнок аст дар ин маврид бо оби хунук гаргара кунанд ё оби хунук бинушанд, зиёни мазкурро ислох мекунад.

Дар окибат як хислати начиби каварро бигуем, ки агар бар бухори решаи ин бидоранд, бемори замингирро, яъне одами барчомондаро сихат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …