Главная / Илм / Кашниз (Гашнич) ва хусусияти табобатии он

Кашниз (Гашнич) ва хусусияти табобатии он

Кашниз (ба русс. Кинза) ва онро инчунин «Гашнич» меноманд.  Ин растании машхур аст, ки онро дар богхо ва хавлихо зироат мекунанд, инчунин намуди сахрои хам меруядаш, вале инаш барои давоги заифтар аст.

kashniz-gashnich

  Мизочаш мураккаб-ул-кувват аст, вале ба кавли Букрот, сард ва хушк мебошад дар дарачаи дувум, инчунин сард то охири дарачаи аввал ва то севум, аммо хушк дар дарачаи дувум, гуфтаанд. Ба кавли Абучарих, дар дарачаи севум хушк ва ба кавли Шайхурраис, хушкии он моил ба андак гарми ва ба кавли Чолинус, хамаи он моил ба гарми бо чавхари гарми сабук, ки ба зуди ба тахлил меравад ва то ба меъда намерасад, ки гармии он зохир гардад.

  Хислатхои шифобахши он: кашнизи тару тозаашро бихуранд, каме тези дорад. 35 грамм оби кашнизи тарро бинушанд, хоб меоварад ва бухорхои бадро, ки аз кисми поёни бадан боло мехеста бошанд, намегузорад, ки онхо ба майна бароянд ва дохили он гарданд. Агар ба он сирко пошида бихуранд, ин хислаташ кавитар мегардад. Оби инро дар чашм чаконанд, намегузорад, ки дар он обила дамад ё сурхакон барояд, инчунин зардии чашмро дафъ мекунад. Кашнизро куфта, бо шири чавонзанон сиришта, яъне хамир карда, ба чашм гузошта банданд, дарди луккосии онро рафъ месозад; ва агар бо нони хушк якчо куфта,ба чашм гузошта банданд, шилпукии чашмро, ки аз он чашм обрав гашта, моддахои тези он мижахоро бирезонанд, низ дармон мешавад ва инчунин дарди чашмро хам сихат мекунад.

  Оби кашнизро дар дахан гардонанд, дард ва чушишхои (пухтани) гуногуни даруни даханро дур мекунад ва дарди дандони кирмхурдаро таскин медихад. Кашнизро бихоянд, буйи шаробро аз нафас ва аз дахан нест мегардонад ва суръати мастшавиро аз нушидани шароб паст менамояд.

  Кашнизро нимкуфта, ба дандон ва милкхои он бимоланд, онхоро мустахкам мекунад ва аз милки дандон рафтани хунро манъ менамояд.

  Аз кашниз шароб тартиб дода, яъне оби онро бо шакар ё бо асал ширин карда бинушанд, ё онро дар об чуш дода, он обро бо канд ширин сохта бинушанд, хоб меоварад, барои иллатхои сиёх задани чашм ва чарх задани сар, инчунин барои маст нашудан аз шаробнуши даво мебошад; барои беморихои сурфа, зик-ун-нафас, ки хама аз гармиву тари бошанд, инчунин барои иллати дилбози (дилтапак) фоида дорад.

  35 грамм оби онро бо шакар ширин карда биёшоманд, иштихоро мекушояд, хоб меоварад, иллати тухама, яъне бемории хазм нашуда фуромадани гизоро аз меъда, инчунин бо хамон холат ба кай дафъ шудани онро шифо мебахшад.

  Худи кашнизро хох тар ва хох хушк бихуранд, хуруши моддаи сафроро дар бадан, ки даханро талх ва касро бехол мегардонад, тах менишинонад, тафси меъдаро таскин медихад, шиддати ташнагиро мешиканад, иллати кайкуниро катъ мекунад, вале куввати бох, яъне иктидори пушти камарро суст мегардонад ва агар бардавом бихуранд, он кувватро хатго бархам медихад.

  Кашнизро куфта гузошта банданд, ба он чо аз мавзеъи дигари бадан рехта шудан ва фуромадани моддахои гарммизочи зарарнокро манъ мекунад; ба варамхои гуногун гузошта банданд, онхоро ба зуди тахлил медихад; ба сурхбод гузошта банданд, онро аз пусти бадан дар хар чое, ки бошад, дафъ менамояд. Агар инро бо нони кок якчо куфта, ба решхои даванда ва пахншаванда, ба кутури пуст ва хоришхои бадан гузошта банданд, хамаи ин иллатхоро шифо мебахшад. Кашнизи тарро куфта, бо орди чав хамир карда, ба ханозер (хукгардан) гузошта банданд, даво мешавад ва хамчунин варамхои сахти бадфиолро низ тахлил медихад. Агар ин кашнизи тари куфтаро бо орди бокило хамир карда гузошта банданд, низ ханозер ва хамин гуна варамхоро дафъ мекунад.

  Ду пора сурб (кургошим)-ро бо оби кашниз ва равгани гули сурх ба якдигар бисоянд ва моддаеро, ки аз ин соиш хосил гардад, ба саратони решгашта ва гайри решгашта батакрори амал бимоланд, онро дафъ мегардонанд, ки ин озмуда шудааст.

  Микдори як бор нушидан аз оби кашниз дар як руз то 25 грамм аст ва аз худи кашниз микдори хурданаш то 50 грамм мебошад.

  Ба чойи кашниз барги кукнор ва кохуро истеъмол намоянд, равост.

  Мизочи тухмаш то дарачаи дувум сард ва хушк аст.

  Тухми кашнизро куфта бихуранд, ба дил фарах мебахшад, яъне табъро чок мекунад: дил ва магзи сарро кави мегардонад ва намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд; дилтапак (дилбози) ва васвосро, ки сабабашон афзудани моддахои гарммизоч дар бадан бошад, рафъ мекунад, меъдаро кувват мебахшад, исхолро мебандад, беихтиёр равон гаштани маниро ислох мекунад ва захмхои роххои пешобро, ки сузок низ меноманд, шифо мебахшад.

  Аз тухми кашниз шира кашида, он шира ё онро як шабонаруз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, исхоли хунин ва дигар намуд исхолхоро даво мешавад. Инчунин тухми кашнизро то буяш баромадан битафсонанду баъд бихуранд, аз гарми тапидани дилро дафъ мекунад. Агар инро бо майи пухтаги бихуранд, маниро пайдо мекунад, кирмхои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки дигар бор дар меъда кирм пайдо шавад.

  Тухми инро бихоянд, буйи шаробро аз дахан дафъ мегардонад ва намегузорад, ки аз шароб нушидан ба зуди маст шаванд.

  Аз тухми кашниз шарбат тайёр карда биёшоманд, иллатхои сиёх задани чашм ва чарх задани сарро дафъ мекунад ва нушандаи ин шарбат аз майнуши маст намегардад. Ва агар ин тухмро як шабонаруз дар сирко тар карда, баъд куфта, каф зада бихуранд, низ хислатхои боло номбаршударо дорад.

  Агар ин тухмро куфта гузошта банданд, дарди сарро, ки аз гарми бошад, зуд таскин медихад. Инро куфта, бо майи пухтаги бихуранд, мани тавлид мекунад, кирмхои меъдаро мерезонад ва намегузорад, ки онхо дигар пайдо шаванд. Агар инро бо асал ва равгани зайтун даромехта бихуранд, чушишхои дар пусти бадан ба амаломадаро шифо мебахшад, реши бадтаринро, ки нори форси меноманд, инчунин монанди ин решхоро дафъ менамояд.

  Дар омади гап бифахмонем, ки майи пухтаги он аст, ки оби ангурро чушонида, баъд дар зарфе нигох медоранд, то он ки худ ба худ ба чуш ояд, яъне май гардад хамин майи пухтаги ном дорад.

  Тухми кашнизро куфта бипошанд, хуни чарохатро, ки равон бошад, мебандад, яъне манъ мекунад.

  Микдори як бор хурдан аз тухми кашниз дар як руз аз 12,5 то 25 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба чояш тухми кохуро метавон истифода намуд. Агар аз ин зиёд то 100 грамм аз худи кашниз ва оби онро ин микдор биёшоманд, зарар дорад, яъне фаромушхотир мекунад, зехнро кунд мегардонад, иллатхои хоболуди ва сиёхзании чашмро пабдо мекунад, овозро мегирад, маниро кам мегардонад, пушти камарро суст месозад, олати мардиро аз харакат бозмедорад, хайзи занхоро низ кам мегардонад ва аз бадани ошоманда буйи кашниз меояд. Илочи хамаи ин зарархояш: баъди он ки кай мекунанд ва дарунро меронанд, зардии тухми мурги нимпухтаро бо мурчу намак ва шурбои мурги фарбех, ки бо нахуду лубиё пухта бошанд, хурдан аст.

  Инчунин кашниз ба одамони иллати дамкутахи ва зик-ун-нафас дошта зиён мекунад. Инро бо хурдани тухми мурги нимпухта, шарбатхо ва сиркои бихиро бо асал ё бо шакар ширин карда биёшоманд, ислох мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …