Главная / Маданият ва санъат / Кашидадузи: Маълумоти мухтасар ва таърихи он

Кашидадузи: Маълумоти мухтасар ва таърихи он

Санъати кашидадузи (гулдузи) таърихи бисёрасра дорад. Дар асри IХ- ХII кофтуковхои давраи руси кадим мавчуд будани кашидадузи далолат медихад. Ин маснуоти ёфташуда аз гулхои базеб, зебо ва нафис аз ресмонхои зардузи, порчахои сару либос иборат аст. Дар замонхои кадим либосхои одамони номдор, шохон либосхои подшох, одамони мансабдор, шахсони дар масчиду ибодатхонахо буда. Аз ресмонхои зардузи оро медоданд.

Анъанахои санъати кашидадузи мунтазам таракки мекунад. Дар асрхои ХIV- ХVII либосхои харрузаро аз кашидадузи оро додан васеъ пахн шуд. Санъати кашидадузи охиста-охиста, дар хама чойхо пахн шуд. Аз асри ХVIII сар карда кашидадузи дар сачокчахо, дастархон, сачокхои гуногунхачм, чойнакпушхо, пешдоман, сарпушу, сарбандхо, румолу сузани, чойнамоз, ва дигар лавозимоти рузгор расм шуд.

Кашидадузи

Усулхои кашидадузи аз гул ва рангхои он мучассамкардашуда аз авлод ба авлод гузашта, аз нав коркард шуда намунахои такрорнашаванда пайдо мекард.

Кашидадузи то имруз мавкеи худро гум накарда расида омадааст. Кашидадузи намуди хунари халкист, ки дасти бо сузан, ё чангаки махсус ва ё ба воситаи мошини махсуси гулдузи дар руи матоъхои гуногун, пуст ва гайра бо ресмонхои пахтаги, абрешими, пашми, наххои зархалию нукрагин, инчунин бо марчону сангхои кимматбахо,

пулакчахои рахшон, марворид, танга ва гайра ба ичро мерасад. Дар матоъхои дурушт низ гул духта мешавад. Кашидадузиро барои ороиши сарулибос, чихози хона ва дигар васоити зиндаги истифода мебаранд.

Асбобхои асоси кашидадузи-ин сузанхои гуногун, ресмонхои абрешимин, кайчи, ангуштпона, чанбарак, каскон ва чорчуба. Кашидадузиро пеш аз сар кардан сузан, ресмон ва гафсии матоъро ба назар гиред.

Барои осонии кор ресмон набояд аз 50-60 см дароз бошад кайчичаи нугтези дарозиаш 10-12 см истифода бурдан лозим аст.

Дар бисёр навъхои кашидадузи чанбарак истифода намебаранд. Кашидаро бо ангуштони дасти чап таранг дошта меистанд. Сузанро ба матоъ халонида ба ангушти миёнаи ангуштпонадори дасти рост тела медиханд.

Чихози ороиши: сузани, руймол, хамён, дастархону сачокча ва гайра ороиши ба худ хос дошта, ба тарзи махсус духта мешаванд.

Дар мавриди набудани андоза аз кашида тайёр нусха бардоштан мумкин аст. Дар вакти кашидадузи ва гулдузихои гуногун пеш аз огози кор ресмонро бо чунин усул дар матоъ махкам мекунанд.

1.Чоеро, ки оянда бо гулдузи пушида хохад шуд, як чанд гирехи майда мекунанд.

2.Гиёхи дуюм мепушонанд, минбаъд ба охир расонида, ресмонро бо кукхои майда намудхоро ба вучуд медоранд.

Кашидадузии точикон ба ду навъ чудо кардан мумкин:

  1. Кашидадузии точикони кухистон ва кашидадузии точикони водинишин.
  2. Кашидадузони води бештар ба ороиши чихози сарулибос ахамият медиханд.

Аз кадим зиёда аз 700 навъи накши кашида маълум аст. Махсусан накшу нигори куртахои занони Кулоб, Каротегин, Бадахшон, Дарвоз, Хучанд, Истаравшан кимати баланди бадеи доранд.

Асосан бари домон, гиребон, остин, тахтапушти куртахои милли ва пешдоман, домон, шим, нимтана, кофточкахо ва гайра оро дода мешавад.

Самарканду Бухоро, Хучанд, Истаравшан, Исфара, Ашт, Мастчох, Кулоб, Каротегин марказхои кашидадузии чихози хонаанд.

Умуман, ду намуди кашидадузи маълум аст:

  1. Тору пуди матоъро хисоб карда духтани кашида.
  2. Ба матоъ накши кашида бо куки озод кашидадузи кардани он.

Кашидадхои озод хамеша аз руи расми дар матоъ, инчунин чарму картон, духта мешаванд махсусан гулдузии яктарафа маълум аст. Он аз тарафи рост ба чап духта мешавад.

Гулро кукхо дар тарафи роста кариб пурра мепушанд, дар тарафи чаппа факат тархи накш мемонанду халос, онро бо мулина (ресмони гафси 3-6 тора) ё ресмонхои муйинаи сурх, кабуд, сабз зард медузанд, ки ба туфайли он хеле чозибадор мебарояд.

Кашидаи барчаста барои ороиши либоси тагпуш, либоси миллии занон, мардон, руйчо, чилди курпа, даструймолча, рупушакхои нафис ва гайра истифода бурда мешавад.

Оё шумо медонед, ки Кашидадузи машхури Чумхуриии Точикистон Зулфия Бахридинова

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …