Главная / Гуногун / Касбу хунар

Касбу хунар

Дар давлати Чониён шароит барои тараккиёти касбу хунар номусоид буд. Вале косибон хунари худро фаромуш намекарданд. Шохиди замон, шоири ширинкалом Сайидои Насафи дар як худи Бухоро дусад намуди хунарро ном бурдааст. Касбу хунар, ки махсулоти он ба хорич содир мешуд, як дарача вазъи бехтаре дошт. Талаботи беруни дар чунин шароити сахт ба пешрафти истехсолот мусоидат мекард.

Косибон матоъхои хархеларо бештар дар хонахояшон истехсол мекарданд. Хунари бофандаги хело ривочу равнак ёфта, газворхои пахтаги бартари доштанд ва онхоро ба бозорхои беруни мебароварданд. Харидорони чунин матоъхо бештар кабилахои бодиянишин ва давлати Рус буд. Бинобар он муносибатхои тичоратии вусъатёбанда бо Русия ахамияти махсусе дошт.

8-mavzolej-pahlavan-mahmuda

Мисли асрхои гузашта сохтани асбобхои оханин ва мисин афзалият пайдо кард. Устохо аз сузан cap карда то югу сипор ва асбобхои рузгор истехсол мекарданд. Чун пештара устохои сохибхунари силохсоз аслихаи гуногун камон, найза, шамшер, ханчар, чавшан, зирех, сипар месохтанд. Дар шахрхои маркази, махсусан дар Бухоро, истехсоли гиру туп ва боруз ба рох монда шуд. Истехсоли махсулоти фулузи бо сабаби кам будани истехсоли охан дар Осиёи Миёна нисбатан махдуд буд. Хукумати подшохии рус ба ин сарзамин овардани мис, охан ва фулодро манъ кард. Микдори ночизи фулузот дар вилоятхои Бухоро ва Самарканд истeхcoл мешуд. Дар вилоятхо мутахассисоне буданд, ки ба истехсоли санги мармар ва гач шугл доштанд.

Истехсоли намудхои гуногуни сангхои кимматбахо ва нимкимматбахо бештар дар Бадахшон мушохида мешуд. Лаъли Балахшон дар аксари мамлакатхо маъруф буд.

Ба нисбатан чоннок шудани касбу косиби васеъ шудани савдои дохили ва хоричи сабаб гашт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …