Главная / Гуногун / Касас-ул-анбиё – Хабари хичрат фармудани Мухааммад /с/

Касас-ул-анбиё – Хабари хичрат фармудани Мухааммад /с/

Овардаанд, ки чун хабари меъроч ба атрофу акнофи Араб интишор ёфту аксари ахли Араб ва гайра имон оварданд, хикду хасад ба дили кудуратманзили мушрикони араб шуълаангез кардан гирифт. Лихозо ба изорасонии он хазрат /с/ мустаъидду омода шуданд. Дар ин асно Чабраил /а/ аз хазрати Раббулиззат даррасида фармуд, ки Худои таъоло баъди салому тухфаи дуруд фармудааст, ки аксари ёрони худро ба суи Мадина бифирист. Он хазрат /с/ чумла ёрон, мисли Мусъаб ва Ибни Умм Мактум ва Ибни Масъуд ва Аммор ва Билол ва Саъд ва гайра сиву шаш кас сахоби разияллоху анхумро ба хузури хеш талабида, хамрохи амирулмуъминин хазрати Хамза ва хазрати Умар разияллоху анхумо ба суи Мадина равона фармуд ва мунтазири вахйи сони мебуд.

Дар ин асно Абуахли лаъин бо кофирони Макка муттафик шуда, барои куштани он хазрат машварат мекард. Дар он хин шайтон алайхиллаъна ба сурати пире воридашон гардид, бонге дурушт ба киёси марди бегонае богаммоз бар заданд. Гуфт: “Ё хочагон, ман марде сокини Начдам, мехохам, ки ба тадбири шумо ёр шавам ва молу касони бештар дорам”. Пас Иблис алайхиллаънаро ба миёни худхо чой дода, шарики машварат карданд. Минбаъд Абучахл пурсид, ки дар хакки, ки Мухаммад /с/ чи гуна тадбире соиб андеши? Гуфт, ки эй Абулхакам, дини падаронатро такзиб карда, дини дуруги худ бо чоду чори кардан мехохад.

Ту хокими Макка хасти ва хешовандон низ бисёр дори. Агар хамаро чамъ карда сари Мухаммад /с/ бибури, чи кабохате лозим ояд? Абучахл ин маъни писандида бигуфт, ки эй ёрон олъон ёрони у ба Мадина рафтанд. Кори у тамом кардан мушкиленахохад буд. Иблиси лаъин гуфт: «Ансаб он аст, ки хар гох ба бистари хеш бахуспад, бояд ки шахсе танхо рафта, сари у бурида биёрад, то фитна бедор нахохад шуд».

Алхосил, чумла ёрон биписандиданд. Абучахл гуфт: «Эй ёрон, имшаб сари у Буридан зарур ва лобудаст». Ин бигуфту бист каси чаррору хушёрро барои он кори сутург мукаррар кард. Дар ин асно Чабраил /а/ даррасиду гуфт: «Ё расулаллох /с/, имруз ба махфили Курайш хамчунон гуфтугу шудааст, ки имшаб ба вакти хоб сари ту чудо созанд. Ва хукми Бори бад-ин гунна чори шудааст, ки Али карамаллоху вачхахуро ба хобгохи хеш хобонида, Абубакри Сиддик разияллоху анхуро хамрох карда, аз Мака хичрат фармуда, ба Мадина ташриф бибари. Албаттта, ахди Мадина хомию мададгори ту хоханд шуд. Ва низ истикомати ту дар он чо карор хохад ёфт ва хама кори ислом ба анчом инсиром хохад гардид».

Пас он мочароро аз Абубакри Сиддик разияллох анху баён фармуд, чун шаб омад, Алии Муртазоро ба бистари худ хобонда, бо Абубакри Сиддик, разияллоху анху аз Мака хичрат фармуд. Ин мочаро ба таърихи гурраи мохи рабиулаввал шаби шанбе, баъди нубуват сездах сол ва баъди меъроч хашт мох вокеъ шуда буд. Дар он хин умри шарифаш панчоху се сол гашта.

Ва он бист касс, ки Абучахли лаъин муайян карда буд, хасби игвову машварати Иблис, ки худро муширу мусохиби Абучахл намуда буд, ба гирди хонаи он хазрат /с/ хуфия мухосира намуданд. Аллох таъоло хобро барояшон чунон мусаллат гардонид, ки ба рафтани он Хазрат /с/ чизе маълу накарданд.

Баъд аз замоне Иблис аз хоб бедор шуда гуфт, ки Мухаммад гурехтааст. Пас он бист кас тег овехта давон-давон ба хобгохи он Хазрат /с/ рафта, Али каррамаллоху вачхахуро хуфта ёфта пурсиданд, ки Мухаммад кучо аст? Фариуд, ки намедонам манн. Пас маъюс шуда, пеши Абучахл омада, баён карданд. Иблис алайхиллаъла гуфта, ки ман ба илми худ кардааст, биёбед.

Пас хама Курайш ба иттифоки якдигар ба хонаи Абубакр /раз/ дархазида бичустанд, наёфта таъокубкунон равон шавед, то ба гори кухи Атхал, ки манзили гурезгохи худ кардааст, биёед. Пас хама Кйрайш ба иттифоки кдигар ба хонаи Абубакр /раз/ дархазида бичустанд, наёфта таъокубкунон ба суи Мадина равон шуданд. Пас Чабраил хозир шуда гуфт: «Ё Мухаммад /с/, карайшиён ба касди ту»

меоянд, бояд ки дар гори Атхал пинхон шави”. Он хазрат /с/ бо Абубакр /раз/ дар гор пинхон шуда, дархол анкабуте луоби дахони худ бар он гор танид ва кабутаре омада, болои он луоби танида байза андохт ва Чабраил /а/ хокистару хошок бар он пошид.

Пас, он бадхохон дар кухи Атхал даррасида талошу тафаххус мекарданд. Иблис хост, ки ба сурати одами баромада нишони он Хазрат /с/ дар он гор дихад. Чабраил /а/ онро аз пари худ кашида, ба дарёи Мухит андохт. Чун муттасили он гор расиданд, кабутаре аз он гор бипарид. Чун кабутаре байзаву луоби танидаи анкабут, ки хошоку хокистар дар он олуда буд, бидиданд, боз мурочиат карданд. Ва он Хазрат /с/ се руз дар он маком ташриф медошт. Ва гуфтанд. ки хар гохе, ки андаруни гор рафтанд, он хазрат /с/ ба сачда дарафтоду Абубакри Сиддик медид, ки аз хар чор тарафи он гор суроххои мору гайра музиёти бисёр аст.

Пас чомаву дастори хешро пора мекард ва дар суроххо мениход, хатто ки сивои шалвар чумла порчахо харч шуд. Магар бинобар набудани порча сурохие масдуд нашуда буд ва казоро море захрдори хунхор хост, ки аз он сурох берун ояд. Ногох назари Сиддик. (р) бар у афтод, Филхол кафи пои мубораки худро ба дахони гор нихода, омаданаш масдуд кард ва он мор пояшро бигазид ва захраш галаба карда ларза-андомаш бар афтод.

Магар пои худро мисли сутун коиму карор медошт. Чун он хазрат /с/ аз намоз фориг шуд ба мушохидаи он хол сабаб пурсид аз Сиддик, (р) он мочароро. Фармуд, ки пои худро аз дахони сурох берун каш. Чун пой баркашиду рохи сурох кушода шуд, он мор аз сурох берун омада гуфт: “Ё расулиллох, Абубакри Сиддик, (р) аз истехсоли саодати кадамбусиат монеъам шуда, бино бар ин ба пояш газидам”. Ин бигуфту имон оварда ва кадамбуси карда ба сурохии худ бозрафт. Пас он Хазрат /с/ се бор он захрро макида бузок барандохт (туф кард).

Хак таъоло филфавр шифои комил бар у арзони кард. Рузи чахорум он Хазрат /с/ аз гор берун омада, ба иттифоки Сиддик (р) ба суи Мадина равон шуд. Дар ин асно Абучахл хатте пеши Сарока Чаъшами Канъони бад-ин мазмун бинавишт, ки Мухаммад ибни Абдуллох аз ин чо гурехта меравад, пеши ман бифиристед. ‘Пас Сарокаи Чаъшам ба талоши бисёру тафаххуси бешумор дарёфта, найзаи худро ба дасти рост бигардонида хост, ки пеши он Хазрат /с/ ояду бигирад. Ба казои илохи замин аспашро фуру гирифт. Сарока донист, ки Мухаммад Мустафо саллоллоху алайхи ва олихи содику рост аст.

Узр бихост ва икрор кард, ки ё Мухаммад саллоллоху алайхи ва олихи ва саллам, маро озод кун, туро нахохад гирифт, балки душманонатро аз рох, навъе ки тавонам, бигардонам. Он Хазрат саллаллоху алайхи ва олихи ва салам фармуд: «Ё замин, бигузор уро!», пас замин уро бигузошт, то равон шуда хар киро аз душманони он Хазрат /с/ меёфт, мегуфт, ки ман аз он тараф талош карда меоям, то ба гуфтаи у мардум бозмегардиданд.

Чун он Хазрат ба Куроъ-ул-амин расид, Баридаи Аслами ном сардор он чо ба фавче касир ба истикбол омада, маъа хамрохиёни худ аз хафтсад касс имон овард. Ва намози магриб он руз бо як касс гузорида буд, ба вакти ишо бо хафтсаду ду касс гузорид. Пас, аз он чо равона шуда, ба таърихи шонздахуми мохи рабиъулаввал , рузи Душанбе ба Карияи Кабо расида, мардумони он чоро даъвати ислом кард, то аксари мардумон бигаравиданд. То чахор руз дар он маком сукунат карда, сипас Саъду Муъоз /раз/ ва сардорони ансори ахли Мадина разияллоху анхум хабари он Хазрат /с/ ёфта ба истикбол даромаданд ва хазрати Умар ва Хамза ва гайра сахоби разияллоху анхум ба хзури пурнур расида ба саодати мулозамат мустафид гардиданд.

Ва ба таърихи бистуми мохи рабиулаввал ба рузи чумъа ба Мадинаи мунаввара дохил шуда, ба хонаи Абуайюб /раз/ тархи байт андохта, вассалам.

Супориш ва саволхо

  1. Муносибати хазрати Мухаммад ба яхудиён чи гунна буд?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …