Главная / Гуногун / Касамхурии дарвеши хомила

Касамхурии дарвеши хомила

Факираи дарвеше хомила буд, муддати хамл ба сар оварда ва мар ин дарвешро хама умр фарзанд наёмада буд.
Гуфт:
– Агар худои азза ва чалла маро писаре дихад, чуз ин хирка, ки пушида дорам, харчи милки ман аст, эсори дарвешон кунам.
Ба мучиби шарт иттифокан писар оварду суфраи дарвешон ба мучиби шарт биниход. Пас аз чанд соле, ки аз сафари Шом бозомадам, ба махаллати он дуст баргузаштам ва аз чигунагии холаш хабар пурсидам.
modarГуфтанд:
– Ба зиндони шахна-дар даст.
Сабаб пурсидам, касе гуфт:
– Писараш хамр хурдааст ва арбада карда ва хуни касе рехта ва худ аз миён гурехта. Падарро бо иллати у силсила дар ной асту банди гарон бар пой.
Гуфтам:
– Ин балоро ба хочат аз худо хостааст!

Замони бордор, эй марди хушёр,
Агар вакти валодат мор зоянд,
Аз он бехтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони нохамвор зоянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …