Главная / Гуногун / Карзи шабонарузи (овернайт) чист?

Карзи шабонарузи (овернайт) чист?

Карзи овернайт- ин якнамуди карз аст, ки як ташкилоти  карзи, яъне Бонк дар муддати шаб ба дигар Бонк кисме аз он маблагхое, ки дар суртхисоби муросилотиаш дорад то огози рузи дигари кори барои истифода ичозат медихад.

Масалан:  АлифБонк дар бегохии санаи 1-уми октябр маблаги 2 млн доллар дар суратхисоби муросилотиаш ки дар Бонки Амрикои мебошад сохиб буд. Аз сабабе, ки Алифбонк ин маблагхояшро шабона истифода намебарад аз он 300 000 долларашро ба бонки амрикои ичозатмедихад, ки то  субхидамисанаи 2-юми  октябр (соати 7:40) истифода барад.    Бо ин рох   Бонки амрикои сохиби захирахои иловагиипули гайринакди мешавад ва метавонад амалиёти иловаги гузаронида даромадашро зиёд кунад. Алифбонк бошад аз карзи овернайти додааш даромади фоизии ночизи кам бошад хам ба даст меорад.

Намунаи  Созишномаи карзии кулл дар бораи карзи шабонарузи (овернайт) №______

аз “___”______________ соли 2018                                                                  ш. Душанбе

 Бонки миллии Точикистон дар симои Раиси Бонки миллии Точикистон Нурмахмадзода Ч., ки минбаъд “БМТ” номида шуда, дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Бонки миллии Точикистон” амал мекунад, аз як тараф ва Чамъияти сахомии пушидаи “ТочикБонк” дар симои Раиси Бонк Сафаров Сафар Сафарович, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва минбаъд “Бонк” номида мешавад, ва минбаъд дар якчояги “Тарафхо”, дар асоси Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кутохмухлати бозтамвил” (минбаъд – Дастурамал) бо шартхои зерин дар бораи карзи шабонарузи (овернайт) Созишномаи карзии кулл (минбаъд – Созишнома) ба имзо расониданд:

  1. Мавзуи Созишнома

1.1. Мавзуи Созишномаи мазкур муайян намудани шартхо ва тартиби аз чониби БМТ пешниход намудани карзи шабонарузи (овернайт) ба Бонк тарики Низоми автоматишудаи савдо (минбаъд – “НАС”) ва танзими муносибатхои хукукии аз он бароянда мебошад.

  1. Шартхои пешниходи карзи шабонарузи (овернайт)

2.1. Тартиби гирифтан ва пардохт намудани карзи шабонарузи (овернайт) бо Дастурамал, талаботи кор бо НАС ва Созишномаи мазкур ба танзим дароварда мешавад.

2.2. Карзи шабонарузи (овернайт) бо максади дастгирии пардохтпазирии кутохмухлати (фаврии) Бонк бо пули милли дода мешавад.

2.3. Карзи шабонарузи (овернайт) бо пули милли бо фоизи устувор ва тахти таъминот бо максади нигахдории пардохтпазирии кутохмухлати Бонк бо мухлати пардохт на дертар аз рузе, ки баъд аз рузи додани карз меояд, дар хар рузи кори дода мешавад.

2.4. Барои гирифтани карзи шабонарузи (овернайт) Бонк бояд ба талаботи банди 6 Дастурамал мувофикат намояд.

2.5. Барои гирифтани карзи шабонарузи (овернайт) тибки Созишномаи мазкур, Бонк бояд ба БМТ тарики НАС то 16:30 рузи кори дархост пешниход кунад.

2.6. Андозаи меъёри фоиз барои карзи шабонарузи (овернайт) аз чониби БМТ ба маълумоти Бонк тарики НАС расонида мешавад.

2.7. Барои гирифтани карзи шабонарузи (овернайт) тибки Созишномаи мазкур, Бонк бояд ба БМТ тарики НАС дар давоми рузи амалиёти (савдо) дархост пешниход кунад.

2.8. Захирахои карзи баъди аз чониби БМТ банд (блокировка) кардани когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонк, ки ба сифати таъминоти карз пешниход мегарданд, ба суратхисоби муросилотии Бонк дар БМТ интикол дода мешаванд.

  1. Таъминоти карз

3.1. Таъмини ичрои ухдадорихои ба худ гирифтаи Бонк оиди баргардонидани карзи шабонарузи (овернайт) (карзи асоси, фоиз, чарима) аз руи дархости пешниходшуда, дороихои Бонк мебошанд, ки дар боби 3 Дастурамал мукаррар шудааст. Номгуи мушаххаси дороихо (воситахо), барои таъминоти ухдадорихои Бонк аз руи хар як карзи гирифташуда дар дархости Бонк мукаррар карда мешаванд.

3.2. Дороихои (воситахои) Бонк, ки таъминоти карзи шабонарузи (овернайт) мебошанд бо назардошти коэффитсиенти ислохии аз чониби БМТ мукарраршуда пешниход гардида, дар беруннавис (ticket) кайд карда мешавад.

  1. Шартхои пардохти карзи шабонарузи (овернайт)

4.1. Пардохти маблаги карзи асоси ва фоизи он аз чониби Бонк дар рузи ояндаи кори, ки баъди додани он меояд, то охири рузи амалиёти бо рохи гузаронидани маблагхои пули аз суратхисоби муросилотии Бонк бо пули милли ба хисоби дахлдори БМТ амали мегардад.

4.2. Агар таърихи пардохти маблаги карзи асоси ва фоизхои хисобшудаи он ба рузи ид, гайрикори ё истирохат рост ояд, он гох пардохти маблаги карзи асоси ва фоизхои хисобшудаи он (барои тамоми давраи истифода шудани он) дар рузи ояндаи кори амали мегардад.

4.3. Дар холати саривакт ичро нагардидани ухдадорихо аз руи карзи шабонарузи (овернайт), Бонк ба андозаи 0,1 фоиз аз маблаги карзи шабонарузи (овернайт) чаримаи яквакта пардохт мекунад.

4.4. Дар сурати саривакт ва пурра аз чониби Бонк ичро гардидани ухдадорихо оид ба маблаги карзи асоси ва фоизхои хисобшудаи он, БМТ когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонкро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод менамояд.

4.5. Хангоми дар мухлати мукарраршуда ичро нагардидани ухдадорихои Бонк барои бозгардонии маблаги карзи асоси ва фоизхои хисобшудаи он, Бонк ба БМТ хукук медихад, ки шуруъ аз лахзаи аз чониби Бонк ичро нашудани ухдадорихо, аз суратхисоби муросилотии Бонк дар БМТ бо пули милли ва асъори хоричи маблагхоро дар хачме, ки барои пардохти маблаги карзи асоси ва фоизхои хисобшудаи он ё чарима зарур аст, ба таври бечунучаро руёнад.

4.6. Дар холати пардохт нагардидани ухдадорихо (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) бинобар нокифоя будани маблаг дар суратхисобхои муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк розиги медихад, ки БМТ пардохти ухдадорихои нопардохтаи Бонкро (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) аз хисоби маблагхои пулии Бонк дар суратхисобхои он, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд ба таври бечунучаро руёнад.

4.7. Дар холати пардохт нагардидани ухдадорихо (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) бинобар нокифоя будани маблаг дар суратхисобхои муросилотии Бонк дар БМТ аз чумла дигар суратхисобхои он, БМТ пардохти ухдадорихои нопардохтаи Бонкро (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) аз хисоби когазхои киматноке, ки хамчун таъмини гарав барои карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд бо тартиби гайрисуди меруёнад.

  1. Ухдадори ва хукукхои тарафхо

5.1. Тарафхо ухдадори ва хукукхоро тибки Дастурамал, Созишномаи мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

5.2. Тарафхо барои дурусти, саривакти ва махфияти амалхое, ки кормандонашон вобаста ба гузаронидани амалиёти гирифтан ва пардохт кардани карзи шабонарузии (овернайт) БМТ анчом медиханд, тибки Дастурамал ва Созишномаи мазкур пурра масъулият ба зимма доранд.

5.3. БМТ ухдадор мешавад:

5.3.1. Маблаги карзи шабонарузиро (овернайт) ба суратхисоби муросилоти бо пули милли ба Бонк бо назардошти таъминоти пешниходшудаи он гузаронад.

5.3.2. Дар сурати пешниход намудани карзи шабонарузи (овернайт) тахти таъмини Векселхои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон, маблагхои пулие, ки дар суратхисобхои он дар БМТ мавчуданд, бо тартиби мукарраршуда дороихои мазкурро банд (блокировка) намояд. Ба бакияи маблагхои пули дар суратхисобхои Бонк, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) фоиз хисоб карда намешавад.

5.3.3. Дар сурати саривакт ва пурра ичро шудани ухдадорихои Бонк, когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонкро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод намояд.

5.4. БМТ хукук дорад:

5.4.1. Дар сурати нокифоя будани маблаги умумии таъминоти карз ё бо сабаби гуногун паст шудани арзиши он, аз Бонк пурра намудани он ё иваз кардани онро ба таъминоти хамарзиш талаб намояд.

5.4.2. Хангоми аз чониби Бонк дар мухлати мукарраршуда пардохт нашудани карзи шабонарузи (овернайт), маблаги ухдадориро (карзи асоси, фоиз, чарима) бе огохии пешаки аз хамаи суратхисобхои муросилотии дар БМТ мавчудбудаи Бонк ситонад.

5.4.3. Дар сурати пардохт нашудани ухдадорихои Бонк тибки банди 5.4.2. маблаги ухдадорихои Бонкро (карзи асоси, фоиз, чарима) аз хисоби маблагхои пулии Бонк дар суратхисобхои он, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) ба таври бечунучаро руёнад.

5.4.4. Дар холати пардохт нагардидани ухдадорихо бинобар нокифоя будани маблаг дар суратхисобхои муросилотии Бонк дар БМТ аз чумла дигар суратхисобхои он, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) пардохти ухдадорихои нопардохтаи Бонкро (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) аз хисоби когазхои киматноке, ки хамчун гарав барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) бо тартиби гайрисуди руёнад.

5.5. Бонк ухдадор аст:

5.5.1. Барои гирифтани карзи шабонарузи (овернайт) дар давоми рузи амалиёти (савдо) бо тартиби мукарраршуда тарики НАС тибки талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкур дархост пешниход намояд.

5.5.2. Ба БМТ тибки боби 3 Дастурамал барои таъминоти карз дороихои (воситахои) худро пешниход кунад.

5.5.3. Барои банд кардани Векселхои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон, маблагхои пулии дар суратхисобхои Бонк дар БМТ мавчудбуда, ки аз чониби Бонк ба сифати таъмини карз пешниход мегарданд, розиги дихад.

5.5.4. Ба БМТ карзи шабонарузи (овернайт) ва фоизи истифодаи онро бо рохи гузаронидани маблаг ба суратхисоби дахлдор дар мухлати мукарраршуда баргардонад.

5.5.5. Хамаи шартхо ва талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкурро риоя намояд.

5.6. Бонк хукук дорад:

5.6.1. Дар сурати риояи шартхои Дастурамал ва Созишномаи мазкур аз БМТ карзи шабонарузи (овернайт) гирад.

5.6.2. Дар сурати саривакт пардохт кардани карзи шабонарузи (овернайт) ва фоизи истифодаи он, аз БМТ озод намудани когазхои киматнок, маблагхои пулиро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) талаб намояд.

  1. Шартхои махсус

6.1. Дар сурати ба миён омадани холатхои кувваи рафънашаванда (холатхои фавкулода), ки ба он ба таври мустаким ё гайримустаким холатхои дорои хусусияти фавкулода, аз чумла заминчунби ва дигар офатхои табии, амалу карорхои макомоти давлати, амалиёти харби ва бетартибихои оммави сабаб мегардад ва Тарафхои Созишномаи мазкур барои назорати онхо имконият надоранд ва ин холатхо ба ичро шудани ухдадорихои онхо аз руи Созишномаи мазкур монеъ мегардад, мухлати ичрои ин ухдадорихо мутаносибан ба вакти амали ин холатхои фавкулода мавкуф гузошта мешавад, вале танхо ба он андозае, ки онхо барои дар мухлат ичро шудани Созишномаи мазкур ё он кисмати он, ки бояд баъди ба миён омадани ин холатхои фавкулода ичро мегардид, таъсир расонанд.

6.2. Тарафхои Созишномаи мазкур бояд бетаъхир дар давоми рузи кори якдигарро дар бораи огози холатхои фавкулодае, ки ба ичро гардидани ухдадорихои онхо аз руи Созишномаи мазкур монеъ мегарданд ва дар бораи анчомёбии онхо дар оянда дар шакли шифохи ва хатти хабар диханд.

6.3. Аз чониби яке аз Тарафхо ичро нагардидани ухдадорихо аз руи Созишномаи мазкур вайрон кардани Созишномаи мазкур ба хисоб намеравад, агар ба ин холатхои фавкулода сабаб шаванд, ба шарте ки Тарафи ба холати фавкулода дучоршуда саривакт хамаи чорахои заруриро барои рафъи ин гуна окибатхо андешад.

  1. Нуксони техники

7.1. Дар холати ба миён омадани нуксони техники дар чойи кории Бонк ва омода карда натавонистани хуччатхои электрони, Бонк бояд саривакт ба БМТ дар бораи он хабар дихад ва фаъолияти бенуксони чойи кориро бо нусхаи эхтиётии таъминоти барномави баркарор намояд.

7.2. Дар холати сар задани нуксони техникии НАС дар БМТ, ки дар натичаи он коркарди хуччатхои электрони гайриимкон мегардад, БМТ метавонад бо фармоиши рохбарияти БМТ додани карзи шабонарузиро (овернайт) то баркароршавии фаъолияти НАС дар БМТ боздорад ё додани карзи шабонарузиро (овернайт) дар асоси дархости гирифтани карзи шабонарузи (овернайт), ки Бонк дар шакли когази пешниход кардааст, амали намояд (Замимаи 1).

  1. Ихтилофот ва бахси тарафхо

8.1. Ихтилофот ва бахсхоеро, ки дар рафти ичрои шартхои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, Тарафхо пешаки бо максади пайдо кардани халли кобили кабули онхо халлу фасл менамоянд.

8.2. Дар сурати бо рохи созиш ба мувофика наомадан, ихтилофот ва бахси Тарафхо бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад.

  1. Дигар шартхо

9.1. Бо розигии Тарафхо ба шартхои Созишномаи мазкур тагйиру иловахо ворид кардан мумкин аст.

9.2. Хамаи тагйиру иловахо ба Созишномаи мазкур он вакт эътибор доранд, ки агар дар шакли хатти сурат гирифта, аз чониби Тарафхо имзо шуда бошанд.

9.3. Созишномаи мазкур дар ду нусха, ки хар кадом эътибори ягонаи хукуки доранд, тахия гардидааст ва як нусхаи он дар БМТ монда, нусхаи дигар ба Бонк дода мешавад.

  1. 10. Мухлати амали Созишнома ва тартиби бекор кардани он

10.1. Созишномаи мазкур аз лахзае, ки онро Тарафхо имзо мекунанд,  амал мекунад. Катъ гардидани амали Созишномаи мазкур ухдадорихои Бонкро оид ба баргардонидани карзи каблан гирифтаи вай ва риояи шартхои таъмини он, ки Созишномаи мазкур пешбини кардааст, инчунин ухдадорихои БМТ-ро оид ба озод кардани дороихои Бонк, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд бо тартиби муайянкардаи Созишномаи мазкур катъ намесозад.

10.2. БМТ хукук дорад яктарафа бидуни пешаки огох кардани Бонк Созишномаи мазкурро дар холатхои зерин бекор намояд:

– ичро накардани талаботи Дастурамал ва шартхои Созишномаи мазкур аз чониби Бонк;

– бозхонди ичозатномаи Бонк барои гузаронидани амалиёти бонки, ки БМТ додааст;

– катъ гардидани фаъолияти Бонк хамчун шахси хукуки тибки конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон;

– муфлис эълон шудани Бонк.

  1. Нишонии хукуки ва мушаххасоти Тарафхо

Намуна

Замима ба

Созишномаи карзии кулл

дар барои карзи шабонарузи (овернайт) №_____

Дархости №____

ба Созишномаи карзии кулл

дар барои гирифтани карзи шабонарузи (овернайт) №_____

аз “___”______________ соли 2017                                                                  ш. Душанбе

Бонк: __________

  1. Хохиш менамояд, ки дар хачми __________ (бо хуруф) сомони карзи шабонарузи (овернайт) дода шавад.
  2. Таърихи додани карз: “___”______________ соли 2017.
  3. Таърихи пардохти карз: “___”______________ соли 2017.
  4. Меъёри фоизи карзи шабонарузи (овернайт): __ фоизи солона.
  5. Маблаги фоизи карзи шабонарузи (овернайт): _____ (бо хуруф) сомони.
  6. Барои таъминнокии карз дороихои (воситахои) зерин пешниход карда мешаванд:

а) Когазхои киматнок:

Навъи

ВХД ВМЧТ

ё

КК БМТ

Раками

кайд

Таърихи

барориш

Таърихи

пардохт

Микдор

(адад)

Маблаг

аз руи

номинал

(бо сомони)

1 ВХД ВМЧТ         0,00
2 КК БМТ         0,00
Х Хамаги Х Х Х Х 0,00

б) Асъори хоричи:

Суратхисобхои муросилоти

№20602840__________

№20602978__________

№20602826__________

№20602810__________

Навъи асъор Маблаг
1 Доллари ИМА 0,00
2 ЕВРО 0,00
3 Фунт стерлинги Инглистон 0,00
4 Рубли Русия 0,00
Х Хамаги (хамарзиш бо сомони) 0,00

в) Амонат бо пули милли:

Суратхисобхо

№_______________

№_______________

  1. Хангоми нокифоя будани маблаг дар суратхисоби муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк ба БМТ хукук медихад, ки пардохти ухдадорихои нопардохтаи Бонкро (карзи асоси, фоизхои хисобшудаи он ва чарима) аз хисоби маблагхои пулии Бонк дар суратхисобхои дар банди 6 дархости мазкур зикршуда, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) ба таври бечунучаро руёнад.
  2. Дар холати пурра пардохт нагардидани ухдадорихои Бонк бинобар нокифоя будани маблаг дар суратхисобхои он дар БМТ аз чумла суратхисобхои он, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд, пардохти карзро аз хисоби когазхои киматноке, ки дар банди 6 дархости мазкур зикршуда бо тартиби гайрисуди руёнад.

            ______________ (вазифа) ____________ (ному насаб) ______ (имзо)

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои …