Главная / Гуногун / Карзи интрадей чист?

Карзи интрадей чист?

Маънои калимаи интрадей аз англиси буда  маънояш “дар давоми руз” мебошад. Ин карзест, ки як бонк ба  бонки дигар карзи кутохмуддат ва одатан 1-руза медихад, ба шарте ки агар бонки карзгиранда дар бонки у суратхисоби муросилоти дорад ва кисми бакияи онро ба гарав мегузорад. Масалан бонки Алиф мехохад пули сомони гирад вале дар хисоби муросилотиаш доллари ИМА дорад. Дар хамин холат кисме аз асъори хоричии худро ба гарав гузошта метонад пули сомони гирад. Одатан чунин карз бефоиз мебошад ва барои нигох доштани пардохтпазирии бонк лозим аст.

Намунаи Созишномаи карзии кулл дар бораи карзи рузона (интрадей) № ______

аз “___”______________ соли 2018                                                                  ш. Душанбе

Бонки миллии Точикистон дар симои Раиси Бонки миллии Точикистон Нурмахмадзода Ч., ки минбаъд “БМТ” номида шуда, дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Бонки миллии Точикистон” амал мекунад, аз як тараф ва Чамъияти сахомии пушидаи “Точбонк” дар симои Раиси Бонк Сафаров Сафар Сафарович, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва минбаъд “Бонк” номида мешавад, ва минбаъд дар якчояги “Тарафхо”, дар асоси Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кутохмухлати бозтамвил” (минбаъд – Дастурамал) бо шартхои зерин дар бораи карзи рузона (интрадей) Созишномаи карзии кулл (минбаъд – Созишнома) ба имзо расониданд:

  1. Мавзуи Созишнома

1.1. Мавзуи Созишномаи мазкур муайян намудани шартхо ва тартиби аз чониби БМТ пешниход намудани карзи рузона (интрадей) ба Бонк тарики Низоми автоматишудаи савдо (минбаъд – “НАС”) ва танзими муносибатхои хукукии аз он бароянда мебошад.

  1. Шартхои пешниходи карзи рузона (интрадей)

2.1. Тартиби гирифтан, пардохт ва тамдид намудани карзи рузона (интрадей) бо Дастурамал, талаботи кор бо НАС ва Созишномаи мазкур ба танзим дароварда мешавад.

2.2. Карзи рузона (интрадей) бо максади саривакт ва мунтазам анчом додани пардохтхо дар низоми пардохти Чумхурии Точикистон дода мешавад.

2.3. Карзи рузона (интрадей) бо пули милли, бе фоиз ва тахти таъминот бо максади зиёд намудани самаранокии кори низоми пардохти Чумхурии Точикистон, дар хар рузи кори дода мешавад.

2.4. Барои гирифтани карзи рузона (интрадей) Бонк бояд ба талаботи банди 6 Дастурамал мувофикат намояд.

2.5. Барои гирифтани карзи рузона (интрадей) тибки Созишномаи мазкур, Бонк бояд ба БМТ тарики НАС аз соати 09:00 то 15:00 рузи кори дархост пешниход кунад.

2.6. Захирахои карзи баъди аз чониби БМТ банд (блокировка) кардани когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонк, ки ба сифати таъминоти карз пешниход мегарданд, ба суратхисоби муросилотии Бонк дар БМТ интикол дода мешаванд.

  1. Таъминоти карз

3.1. Таъмини ичрои ухдадорихои ба худ гирифтаи Бонк оиди баргардонидани карзи рузона (интрадей) аз руи дархости пешниходшуда, дороихои Бонк мебошанд, ки дар боби 3 Дастурамал мукаррар шудааст. Номгуи мушаххаси дороихо (воситахо), барои таъминоти ухдадорихои Бонк аз руи хар як карзи гирифташуда дар дархости Бонк мукаррар карда мешаванд.

3.2. Дороихои (воситахои) Бонк, ки таъминоти карзи рузона (интрадей) мебошанд бо назардошти коэффитсиенти ислохии аз чониби БМТ мукарраршуда пешниход гардида, дар беруннавис (ticket) кайд карда мешавад.

3.4. Дороихое (воситахое), ки таъминоти карзи нопардохтаи рузона (интрадей) мебошанд, хангоми тамдид ва аз нав ба расмият даровардани он ба карзи шабонарузи (овернайт) ба таъминоти карзи шабонарузи (овернайт) табдил меёбанд.

  1. Шартхои пардохти карзи рузона (интрадей)

4.1. Пардохти карзи рузона (интрадей) дар рузи додани он то соати 16:00 амали мегардад.

4.2. Дар сурати саривакт ва пурра аз чониби Бонк ичро гардидани ухдадорихо оид ба карзи рузона (интрадей), БМТ когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонкро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод менамояд.

4.3. Хангоми дар мухлати мукарраршуда ичро нагардидани ухдадорихои Бонк барои бозгардонии карзи рузона (интрадей), бо дархости Бонк ин карз бо таъминоти дахлдор то рузи ояндаи кори бо рохи аз нав хамчун карзи шабонарузи (овернайт) ба расмият даровардани он бо меъёри фоизие, ки барои истифода аз карзи шабонарузи (овернайт) мукаррар мегардад, дар рузи аз нав ба расмият даровардан тамдид карда мешавад.

4.4. Муносибатхои хукукие, ки байни БМТ ва Бонк баъди аз нав ба расмият даровардани карзи пардохтнашудаи рузона (интрадей) ба карзи шабонарузи (овернайт) ба миён меоянд, минбаъд дар асоси боби 5 Дастурамал ва Созишномаи кулл барои карзи шабонарузи (овернайт) ба танзим дароварда мешаванд.

  1. Ухдадори ва хукукхои тарафхо

5.1. Тарафхо ухдадори ва хукукхоро тибки Дастурамал, Созишномаи мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

5.2. Тарафхо барои дурусти, саривакти ва махфияти амалхое, ки кормандонашон вобаста ба гузаронидани амалиёти гирифтан ва пардохт кардани карзи рузонаи (интрадей) БМТ анчом медиханд, тибки Дастурамал ва Созишномаи мазкур пурра масъулият ба зимма доранд.

5.3. БМТ ухдадор мешавад:

5.3.1. Маблаги карзи рузонаро (интрадей) ба суратхисоби муросилоти бо пули милли ба Бонк бо назардошти таъминоти пешниходшудаи он гузаронад.

5.3.2. Дар сурати пешниход намудани карзи рузона (интрадей) тахти таъмини Векселхои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон, маблагхои пулие, ки дар суратхисобхои он дар БМТ мавчуданд, бо тартиби мукарраршуда дороихои мазкурро банд (блокировка) намояд. Ба бакияи маблагхои пули дар суратхисобхои Бонк, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) фоиз хисоб карда намешавад.

5.3.3. Дар сурати саривакт ва пурра ичро шудани ухдадорихои Бонк, когазхои киматнок, маблагхои пулии Бонкро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод намояд.

5.4. БМТ хукук дорад:

5.4.1. Дар сурати нокифоя будани маблаги умумии таъминоти карз ё бо сабаби гуногун паст шудани арзиши он, аз Бонк пурра намудани он ё иваз кардани онро ба гарави хамарзиш талаб намояд.

5.5. Бонк ухдадор аст:

5.5.1. Барои гирифтани карзи рузона (интрадей) дар рузи амалиёти (савдо) аз соати 09:00 то 15:00 бо тартиби мукарраршуда тарики НАС тибки талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкур дархост пешниход намояд.

5.5.2. Ба БМТ тибки боби 3 Дастурамал барои таъминоти карз дороихои (воситахои) худро пешниход кунад.

5.5.3. Барои банд кардани Векселхои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон, маблагхои пулии дар суратхисобхои Бонк дар БМТ мавчудбуда, ки аз чониби Бонк ба сифати таъмини карз пешниход мегарданд, розиги дихад.

5.5.4. Ба БМТ карзи рузона (интрадей)-ро бо рохи гузаронидани маблаг ба суратхисоби дахлдор дар мухлати мукарраршуда баргардонад.

5.5.5. Хамаи шартхо ва талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкурро риоя намояд.

5.6. Бонк хукук дорад:

5.6.1. Дар сурати риояи шартхои Дастурамал ва Созишномаи мазкур аз БМТ карзи рузона (интрадей) гирад.

5.6.2. Дар сурати саривакт пардохт кардани карзи рузона (интрадей) аз БМТ озод намудани когазхои киматнок, маблагхои пулиро, ки барои таъмини карз пешниход гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) талаб намояд.

  1. Шартхои махсус

6.1. Дар сурати ба миён омадани холатхои кувваи рафънашаванда (холатхои фавкулода), ки ба он ба таври мустаким ё гайримустаким холатхои дорои хусусияти фавкулода, аз чумла заминчунби ва дигар офатхои табии, амалу карорхои макомоти давлати, амалиёти харби ва бетартибихои оммави сабаб мегардад ва Тарафхои Созишномаи мазкур барои назорати онхо имконият надоранд ва ин холатхо ба ичро шудани ухдадорихои онхо аз руи Созишномаи мазкур монеъ мегардад, мухлати ичрои ин ухдадорихо мутаносибан ба вакти амали ин холатхои фавкулода мавкуф гузошта мешавад, вале танхо ба он андозае, ки онхо барои дар мухлат ичро шудани Созишномаи мазкур ё он кисмати он, ки бояд баъди ба миён омадани ин холатхои фавкулода ичро мегардид, таъсир расонанд.

6.2. Тарафхои Созишномаи мазкур бояд бетаъхир дар давоми рузи кори якдигарро дар бораи огози холатхои фавкулодае, ки ба ичро гардидани ухдадорихои онхо аз руи Созишномаи мазкур монеъ мегарданд ва дар бораи анчомёбии онхо дар оянда дар шакли шифохи ва хатти хабар диханд.

6.3. Аз чониби яке аз Тарафхо ичро нагардидани ухдадорихо аз руи Созишномаи мазкур вайрон кардани Созишномаи мазкур ба хисоб намеравад, агар ба ин холатхои фавкулода сабаб шаванд, ба шарте ки Тарафи ба холати фавкулода дучоршуда саривакт хамаи чорахои заруриро барои рафъи ин гуна окибатхо андешад.

  1. Нуксони техники

7.1. Дар холати ба миён омадани нуксони техники дар чойи кории Бонк ва омода карда натавонистани хуччатхои электрони, Бонк бояд саривакт ба БМТ дар бораи он хабар дихад ва фаъолияти бенуксони чойи кориро бо нусхаи эхтиётии таъминоти барномави баркарор намояд.

7.2. Дар холати сар задани нуксони техникии НАС дар БМТ, ки дар натичаи он коркарди хуччатхои электрони гайриимкон мегардад, БМТ метавонад бо фармоиши рохбарияти БМТ додани карзи рузонаро (интрадей) то баркароршавии фаъолияти НАС дар БМТ боздорад ё додани карзи рузонаро (интрадей) дар асоси дархости гирифтани карзи рузона (интрадей), ки Бонк дар шакли когази пешниход кардааст, амали намояд (Замимаи 1).

  1. Ихтилофот ва бахси тарафхо

8.1. Ихтилофот ва бахсхоеро, ки дар рафти ичрои шартхои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, Тарафхо пешаки бо максади пайдо кардани халли кобили кабули онхо халлу фасл менамоянд.

8.2. Дар сурати бо рохи созиш ба мувофика наомадан, ихтилофот ва бахси Тарафхо бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад.

  1. Дигар шартхо

9.1. Бо розигии Тарафхо ба шартхои Созишномаи мазкур тагйиру иловахо ворид кардан мумкин аст.

9.2. Хамаи тагйиру иловахо ба Созишномаи мазкур он вакт эътибор доранд, ки агар дар шакли хатти сурат гирифта, аз чониби Тарафхо имзо шуда бошанд.

9.3. Созишномаи мазкур дар ду нусха, ки хар кадом эътибори ягонаи хукуки доранд, тахия гардидааст ва як нусхаи он дар БМТ монда, нусхаи дигар ба Бонк дода мешавад.

  1. 10. Мухлати амали Созишнома ва тартиби бекор кардани он

10.1. Созишномаи мазкур аз лахзае, ки онро Тарафхо имзо мекунанд,  амал мекунад. Катъ гардидани амали Созишномаи мазкур ухдадорихои Бонкро оид ба баргардонидани карзи каблан гирифтаи вай ва риояи шартхои предмети гарав, ки Созишномаи мазкур пешбини кардааст, инчунин ухдадорихои БМТ-ро оид ба озод кардани предмети гарав бо тартиби муайянкардаи Созишномаи мазкур катъ намесозад.

10.2. БМТ хукук дорад яктарафа бидуни пешаки огох кардани Бонк Созишномаи мазкурро дар холатхои зерин бекор намояд:

– ичро накардани талаботи Дастурамал ва шартхои Созишномаи мазкур аз чониби Бонк;

– бозхонди ичозатномаи Бонк барои гузаронидани амалиёти бонки, ки БМТ додааст;

– катъ гардидани фаъолияти Бонк хамчун шахси хукуки тибки конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон;

– муфлис эълон шудани Бонк.

  1. Нишонии хукуки ва мушаххасоти Тарафхо

 

 

 

Намуна

Замима ба

Созишномаи карзии кулл

дар барои карзи рузона (интрадей) №_____

 

Дархости №____

ба Созишномаи карзии кулл

дар барои гирифтани карзи рузона (интрадей) №_____

 

аз “___”______________ соли 2018                                                                  ш. Душанбе

 

Бонк: __________

 

  1. Хохиш менамояд, ки дар хачми __________ (бо хуруф) сомони карзи рузона (интрадей) дода шавад.
  2. Таърихи додани карз: “___”______________ соли 2018.
  3. Таърихи пардохти карз: “___”______________ соли 2018.
  4. Барои таъминнокии карз дороихои (воситахои ) зерин пешниход карда мешаванд:

а) Когазхои киматнок:

 

Навъи

ВХД ВМЧТ

ё

КК БМТ

Раками

кайд

Таърихи

барориш

Таърихи

пардохт

Микдор

(адад)

Маблаг

аз руи

номинал

(бо сомони)

1 ВХД ВМЧТ 0,00
2 КК БМТ 0,00
Х Хамаги Х Х Х Х 0,00

 

б) Асъори хоричи:

Суратхисобхои муросилоти

№20602840__________

№20602978__________

№20602826__________

№20602810__________

 

Навъи асъор Маблаг
1 Доллари ИМА 0,00
2 ЕВРО 0,00
3 Фунт стерлинги Инглистон 0,00
4 Рубли Русия 0,00
Х Хамаги (хамарзиш бо сомони) 0,00

 

в) Амонат бо пули милли:

Суратхисобхо

№_______________

№_______________

 

  1. Дар сурати ичро нагардидани ухдадорихои бозгардонии карзи рузона (интрадей) то соати 16:00 рузи амалиётии (савдои) додани карзи рузона (интрадей) Бонк хохиш менамояд, ки маблаги карзи рузона (интрадей) то рузи ояндаи кори аз лахзаи додани он бо аз нав ба расмият даровардани он ба карзи шабонарузи (овернайт) тамдид карда шавад.
  2. Меъёри карзи шабонарузи (овернайт) ___ фоизи солона.
  3. Таърихи додани карз: “___”______________ соли 2018.
  4. Таърихи пардохти карз: “___”______________ соли 2018.
  5. Бонк хохиш менамояд, ки барои таъминнокии карзи тамдидшудаи рузона (интрадей), ки хамчун карзи шабонарузи (овернайт) аз нав ба расмият дароварда шудааст, таъминоти гараве хисоб карда шавад, ки дар банди 4 дархости мазкур зикршуда пешниход шудааст.
  6. Бонк хохиш менамояд, ки амалхои минбаъдаи БМТ аз лахзаи хамчун карзи шабонарузи (овернайт) аз нав ба расмият даровардани маблаги карзи рузона (интрадей) то пурра пардохт шудани он тибки Дастурамал анчом дода шавад.
  7. Хангоми нокифоя будани маблаг дар суратхисоби муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк ба БМТ хукук медихад, ки маблаги дахлдорро аз хисоби таъминоти дар банди 4 дархости мазкур зикршуда бо тартиби мукарраркардаи конун дар лахзаи расидани мухлати ичрои ухдадорихо руёнад.

 

 

 

______________ (вазифа) ____________ (ному насаб) ______ (имзо)

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …