Главная / Илм / Карвиё дар Канзи Шифо (Китоб)

Карвиё дар Канзи Шифо (Китоб)

karviyo_rastani-660x330Карвиё — Ин зираи сиёх аст, ки зироат мекунанд ва хам сахрои дорад. Баргаш монанди барги шабит, гулаш низ чатри монанди гули шибит аст, сафедранги моил ба кабуди, ки ба гули бустонии он шабохат дорад. Дар тиб навъи бустониашро ба кор мебаранд. Тухмаш дар хачм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. Бехрешааш ба сабзи монанди дорад, низ мехуранд. Куввати зираи сиёхи бустони то се сол боки мемонад. Ба забони русси онро «Тмин» меноманд.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани ин ахлоти баданро нарм ва ракик мегардонад, бодхоро тахлил медихад, дарунро мебандад, вале агар ин зираро хамрох карда бихуранд, гизохои дигари боднокро ислох мегардонад. Агар инро бихуранд, бухорхои зарарноки ба сар барояндаро манъ мекунад.

Инро махин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад ва инчунин ин аз чумлаи давохои чашм ба хисоб меравад. Вале агар инро аз хад зиёда ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад.

karviyo_tuxmХурдани ин барои зик-ун-нафас, дилтапак (дилбози), ки аз хунуки бошад, инчунин барои ислох додани оруги боднок  даво мешавад, меъдаро гарм мекунад, оруг меоварад, иштихоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ месозад; кай ва дарди рудахоро даво мебошад, балгамро тит ва пароканда менамояд, пешобро меронад, дарди меъда ва рудахоро таскин медихад, бодхои гурда ва хичакро пароканда мегардонад, баданро кувват мебахшад ва фарбех мекунад, вале маниро катъ мекунад, кирмхои руда ва меъда, хатто кирми кадудонаро хам мекушад ва дафъ мекунад.

10,5 грамми ин зираро бо 25 грамм хар руз то як хафта бихуранд,   истискоро дармон мешавад. Ин зираро дар сирко парварда, яъне тар карда баъд бихуранд, барои одамони гарммизоч низ мувофик ва форам мегардад.

Гиёх ва тухмашро дар об чушонида, он обро бинушанд, дарди рудахоро таскин медихад, пешобро меронад, маниро катъ мекунад ва кирмхои гуногуни шикамро мекушад.

Дар обе, ки зираи сиёх дар он чушонида шуда бошад, занхо то ноф даромада нишинанд, дардхои бачадонро дафъ мекунад. Тухмашро сухта, ос карда гузошта банданд, бавосири овехташаклро хушк карда меафтонад.

Микдори як бор хурдан аз ин зира дар як руз 17,5 грамм аст. Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба шуш зарарнок аст. Барои ислохи ин зарараш асал ва кокутиро бихуранд, кифоя аст. Ба гурда хам зиён мекунад, барои ин катиро бихуранд, зиёнаш ислох меёбад. Ба чойи зираи сиёх арпабодиён ва зираи расмиро бихуранд, равост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …