Тачхизот: деги манту, тахтачахо, кордхои хархелаи ошхонаги, сатилча, чавли, тарозу. (хачмаш барои 4-5 кас).
Микдори масолех: картошка – 1 кг, намак, кайлаи хулбагин мувофики табъ.
Рафти кор:
Ба деги манту об андохта, картошкаи тоза кардаро ба ланганди сурохдори деги манту бутун ё 2 ё 4 хисса карда мечинанд. Сипас махин намак пошида, сарпушашро пурра пушида, дар алави баланд мегузоранд. Баъд аз ба чушидан сар кардани об, оташро пасттар карда, 25-30 дакика мепазанд.
Картошкаи бугпаз, алалхусус барои тайёр кардани пюреи котлетхо нагз мебошад.