Главная / Илм / Каранфули гардан дар Канзи Шифо (Китоб)

Каранфули гардан дар Канзи Шифо (Китоб)

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: ин аз хама пеш хусусияти тарёки дорад, хангоми хурдан фарах меоварад. Агар инро бихуранд, руххои нафсони, хайвони ва табииро кувват мебахшад: узвхои раисаро, ки иборат аз дил, майна, чигар, меъда, гурда ва хояхо мебошанд, мустахкам мекунад ва онхоро дар холати сараги нигох медорад; барои кувват бахшидани магзи сар, тез кардани зехн, равшан ва кави гардонидани фикр дармон ва воситаи хубест: дарди сари аз сарди ва тари, фолич, кач шудани руй (барои ин агар дар бини бирезанд), назлахои пай дар пай (агар дар бини кашанд) ва сакта (мурда барин бехаракат мондан)-ро дафъ мекунад; гиреххои магзи сарро мекушояд (агар дар бини кашанд) ва дигар беморихои сардмизоч ва тари савдовии вобаста ба майна ва асабхо бошанд, шифо мебахшад. Барои касони савдовимзоч ва одамоне, ки дар мизочи онхо савдо бисёр гашта бошад, хеле давои хуб ва бебадалест.

Каранфули гарданро бихоянд, милки дандонро мустахкам мекунад; дарди дандонро, ки аз хунуки бошад, таскин медихад; бадбуйии даханро дафъ мекунад ва боиси хушбуйии ин узв мегардад. Онро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро кувват мебахшад ва биноии онро зиёда мегардонад; сурхи ва пардаи афтодаеро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Инчунин хурдани он хам барои ин беморихо чунин хосиятро дорад.

Инро куфта бихуранд, сурфаи тари аз хунуки, зик-ун- нафас (астма)-и кухнаи тар, дилтапак (дилбози)-и аз сарди, тарс, хавф, васвос, девонаги ва гайраро шифо мебахшад, хар хурандааш шучоат пайдо мекунад. Низ агар инро бихуранд, меъдаро кувват мебахшад; узвхои хозимаро, ки иборат аз меъда, рудахо, чигар ва сипурз мебошанд, гурдаи сард, бачадон ва бохро кави мегардонад, барои бадан гарми медихад ва беморихои аз сарди ходисшудаи узвхои номбурдаро дафъ мекунад; оруг ва хиккакро таскин мебахшад, бодхои гализи аз гизохои бадхазми часпак пайдошударо тахлил медихад, истискои (водянкаи) гуштиро шифо мебахшад; чакмезак ва беихтиёр равон шудани пешоб, иллатхои балгами, савдови ва исхоли рутубиро ба ибро меоварад. Агар инро занхо аз таг бардоранд хамаи беморихои ходис аз сардии бачадонро шифо мебахшад.

qaranfuri_gardan-2-768x5231,75 грамми онро куфта, бо шири навдушида бо мудовамат, яъне хар руз хамин микдор бихуранд, бохро багоят ба харакат меоварад; агар 3,5 грамми онро куфта, занхо дар рузхои поки аз хайз бихуранду мубошарат кунанд, боиси хомила шудани онхо мегардад, бачадонро гарм мекунад.

Каранфули гарданро куфта, бар пеши сар гузошта банданд, беморихои вобаста ба майнаро хар навъ, ки бошанд, яъне хавф, тарсончаки, васвос ва девонагихои гуногунро шифо мебахшад; ва агар ба узвхое, ки аз сарди дард мекарда бошанд, гузошта банданд, дарди онхоро таскин медихад; ба варамхои хунук бибанданд, онхоро мегардонад. Каранфули гарданро хоида, бо оби дахан якчо пеш аз мучомаат бар закар гузошта банданду баъд аз муддате кушода, онро дур карда, бо зан мучомаат кунанд, лаззати хар ду чонибро меафзояд.

Хурдани каранфули гардан ба гурда ва рудахо зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодомхоро бихуранд, ислохи зарари он менамояд. Микдори як бор хурдан аз ин дар як руз то 4,5 грамм аст. Ба чойи каранфули гардан ба хамин вазн дорчиниро истеъмол фармоянд, равост. Агар каранфули гарданро бо шакар кивом карда шарбат тартиб диханд, ошомидани ин хамаи беморихои шадид ва душворилочро шифо мебахшад, дар табобат ба худ назир надорад.

Аз каранфули гардан равган хам тартиб медиханд ба ин усул. Микдореро аз каранфули гардан, яъне мувофики хохиш бигиранд, ба 300 грамми он 25 грамм намак дохил намоянд, дар шаш баробари вазни каранфул оби гарм тар карда, муддате дар чойи гарм гузоранд, то ки ба чуш ояд ё дар саргини асп гур кунанд, то бичушад. Баъди он, ки ба чуш омад, дар анбик мукаттар намоянд. Дар вакти тактир кардан оби мукаттар (дистилляция шудан) равган хам аз анбик фуруд меояд. Ин равганро аз руйи об бардошта, дар шиша нигох доранду вакти хочат истеъмол намоянд.

Мизочи равгани каранфули гардан дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Агар аз ин микдор камакак биёшоманд, хамаи беморихои аз сарди баамаломада, иллатхои чигар, меъда, дил ва рудахоро , ки аз сарди бошанд, шифо мебахшад; рухи нафсониро, ки манбааш майна аст, рухи хайвониро, ки марказаш дил мебошад, рухи табии, ки макомаш чигар аст — хамаашро кави мегардонад ва барои тамоми иллатхои савдови, ки иборат аз тарс, хавф, васвос, тарсончаки, серфикри, девонаги ва гайраанд, шифо мебахшад. Куввати ин равган аз равгани баласон ками надорад. Нушидани ин барои хамаи беморихои майна ва камкувватии чашм дору мебошад. Инро ба чашм бимоланд, зардоби дар гавхараки чашм фуромадаро, ки кухна шуда, хатто чашмро нобино гардонида бошад, низ шифо мебахшад ва инчунин ба хамаи дард ва иллатхое, ки каранфули гардан дору мешавад, равганаш боз хам аз ин афзалтар шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …