Главная / Илм / Карами точики ва канзи шифо

Карами точики ва канзи шифо

Карами точики — ин намудхои гуногун: бустони, дашти ва бахри низ дорад. Инчунин навъхои бустониаш хам гуногун аст.

Кисми аз бустониашро бехрешааш монанди лаблабу, пусташ шахшул, сабзранг, баргаш сербари гафстар аз барги лаблабу, рангаш сабзи губорнок аст. Тухмаш резаи кулула ва сурхи тираранг, ки ин аз кисмхои карами набати мебошад. Низ бехрешаи кисми дигараш ба шалгам монанд мебошад, рангаш сафед, пусташ он кадар дурушт нест, чирми магзаш нозуки береша. Баргаш монанди барги кисми якум, вале аз он кучактар. Инчунин кисми дигараш низ мавчуд аст, ки аз бехаш пояе меруяд, ки каме аз замин баланд гашта, бар он монанди шалгам сабзи камранг гирехи басташуда дорад ва бар болои он хам то ба ду вачаб пояе месабзад ва дар нуги хамон сокаш баргхо бармеоварад, ки хуллас, ба кисми дувум шабохат дорад ин хуроки аст ва ана хамин гирехаш ба истеъмол дода мешавад, на бехрешаи он, ки дар замин аст.

karami-tojikiНиз кисми дигар хам дорад, ки аз бехи он баргхояш меруянд, ки ба баргхои кисми аввал монанд мебошанд. Вале баргхои беруни он аз он калонтар хасганд ва баргхои даруниаш майдатар. Дар миёначояш аз бехаш пояхои нозуки кутох ба дарозии ду-се ангушт меруяд. Бар сари он пояхо куббахои сафедранги хамааш бо хам пайваст мебошад. Дар байни хар як кубба як баргчаи бориккуббахои он то 15 адад мешаванд, инро гулкарам меноманд, ки мо медонем ва шох ва куббахои ин низ хурда мешаванд ва дар тиб низ истеъмол меёбанд, на бехрешаи он. Инаш аз хамаи навъхои дигараш нозуктар ва сабуктар мебошад.

Хуллас, навъхои карам дар шакл: шоми (византияги), хамадони, мавсили, андалуси ва гайра мешаванд.

  Максад аз карами точики гуфтан дар ин чо бустони (зироати)-и он ва бехтарин кисмхои он нозуки берешаи тару тозаи он аст.

  Мизочи хамаи навъхои карами точикии бустони дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст, вале тари дар бехрешааш бештар аз барги он аст.

  Хислатхои шифобахши он.  Хусусиятхои умумиаш: пазонанда, нармкунанда ва хушкнамоянда аст, хусусан чун дар об чушонида, он обро пур намоянд, хамчун гизо камтар ва аз наск тармизочтар мегардад. Чун инро бо гушти фарбех ва мурги чавон бипазанд, хамчун гизо сара мегардад.

Ин намуд карамро пухта ва инчунин тухмашро бихуранд, ба магзи сар баромадани бухорро манъ мекунад, дарди сарро таскин медихад, торикии чашмро ислох мекунад ва мастиро дафъ месозад, кабзият меоварад. Агар инро мухарро пухта бихуранд, чараёни моддахоро манъ ва хуморро сокин менамояд, ларзакро дафъ мекунад, хоб меоварад, ба чашми хира кувват мебахшад.

  Усораи он, яъне обашро дар офтоб гафс гардонида, ба даруни бини бирезанд, майнаро аз моддахои бегона пок месозад, хоб меоварад ва забонро хушк мекунад.

  Ин карамро мухарро пухта бихуранд, сурфаи кухна, варами пардахо ва узвхои дохили шикам ва синаро шифо мебахшад.

  Хар руз 25 грамми онро бихуранд, овозро соф ва гирифтагии онро дафъ мекунад, дарди сипурзро шифо мебахшад; инчунин онро бардавом бихоянд ва оби онро бимаканд, барои овози гирифтаги хамчунин таъсирро дорад.

  Бо усораи он ё ки бо равгани кунчиде, ки ин карам дар он чушонида шуда бошад, гаргара кунанд, дарди гулуи шадидро шифо мебахшад.

  Карами точики хамчун гизо дерхазм, бодангез аст, хусусан дар фасли тобистон руйидааш чунин мебошад.

  Ва агар намакхурдаи онро дар об чушонида гизо бипазанд, боз хам бадтар мегардад.

  Барги тару тозаи онро бо сирко бихуранд, варами сипурзро дафъ мекунад. Агар инро дар об чушонида, он обро бинушанд, хайз ва пешобро равон мекунад.

  Усораи инро бо решаи савсани кухи ва натрун (тандкори армани) биёшоманд, дарунро меравонад.

  Тухмашро бихуранд, бохро ба харакат меоварад. Агар инро занхо баъд аз чимоъ кардан аз таг бардоранд, мании дохилшударо вайрон мекунад.

  Гули ин растаниро куфта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бандшударо равон месозад ва бачаро дар шиками занони хомила мекушад, хусусан агар бо орди гандуми девона хамир сохта, ин амалро бачо оваранд, кавитар мегардад.

  Усораи гиёхи онро бо шароб биёшоманд, захри мори афъи ва саги девона газидаро аз бадан дафъ мекунад. Инчунин тухми карами мисри аз хамин чумла тарёкот аст.

  Хар як кисми ин растании се навъи ин карами бустониро куфта гузошта банданд, сахтихоро дар хар чойи бадан, ки бошанд, мепазонад.

  Барги ин карами бустониро бисёр махин куфта, бо орди чав даромехта гузошта банданд, варамхои гарм ва сарди балгамиро тахдил медихад; сурхбод, шаро (аллергия) ва саратонро шифо мебахшад. Агар ин куфтаи барги онро бо намак даромехта гузошта банданд, нори форси ном реши раддитаринро ба тахдил мебарад; агар инро бо зок ва сирко даромехта, гузошта банданд, барои пес ва шукуфаи пуст даво мешавад; бо сафедаи тухми мург сиришта гузошта банданд, барои сухтагии оташ ва кутури решгашта дармон мешавад; бо сирко ва хулба сиришта, ба решхои чукуррафта гузошта банданд, дору мебошад ва онхоро аз пахн гаштан манъ мекунад.

  Барги ин карамхоро сухта гузошта банданд, захмхоро башиддат хушк мекунад ва инчунин захмхои сари тифлонро шифо мебахшад, хатто руйидани муйро хам манъ месозад, агар хамин мурод бошад. Инро бо чарбии хук мархам сохта гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан), чарохатхои сахт ва дубайлахо (курярахо) дору мешавад. Инчунин инро бо сафедии тухми мург мархам намуда гузошта банданд, сухтагии оташро шифо мебахшад.

  Баргашро куфта гузошта банданд, иллати ларзакро ба ибро меоварад; инро бо орди хулба ва сирко хамир карда гузошта банданд, дарди бугумхо ва никрис (подагра)ро дафъ мекунад.

   Барги онро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои иллатхои гуногуни бугумхои бадан давои шоистае мебошад.

  Мизочи тухмаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Агар инро бихуранд, куввати бох мебахшад ва кушандаи кирми меъда аст. Агар инро куфта бимоланд, догхои кунчидак ва дигар догхоро аз пуст дафъ мекунад.

  Микдори як бор хурдан аз тухмаш дар як руз то 9 грамм аст.

Зарархои ин растани: бадбукунанда, баамаловарандаи хилти савдо ва инчунин худаш гизои бад аст. Агар инро аз хад бисёр бихуранд, хобхои бад ва мушавваш мебинанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …