Главная / Илм / Каллакарам ва Канзи Шифо

Каллакарам ва Канзи Шифо

Каллакарам —  Ин ба хама маълум аст, ки инро дар китобхои тибби кадим карами руми низ меноманд. Гиёхи расидаи ин монанди кала кулула мешавад. Бехтарини он хуб печида ва ранги сафедтобандаи он аст.

Head of cabbage with drops of water on it, close-up
Head of cabbage with drops of water on it, close-up

Мизочаш мураккаб-ул-кувват, яъне дар гарми ва сарди муътадил мебошад, вале рутубат дар он мавчуд аст.

Хислатхои шифобахши он: ин карамро хатман бо равганхо ё бо гушти фарбех мухарро пухта бихуранд, баъд безарар мегардад ва ин тавраш гиреххоро мекушояд, моддахои гализро дар бадан мулоим мекунад, боднок аст, пешобро меронад, аз хурдани он хуни савдови пайдо мешавад, майнаро суст мегардонад, дар бадан бухор хосил мешавад, хамчун гизо носара, боднок, дар  узвхо гиреххо пайдо мекунад. Яке аз хосиятхояш онаст, ки хуморро пароканда месозад ва онро сокин мекунад, моддахои савдови ва беморихои савдовиро ба амал меоварад, ба фикрхои носара мебарад, хиёлхои нописандро ба амал меоваад, хобхои мушавваш мебинонад, магзи сарро заиф мегардонад, чашмро хира мекунад ин хосияташ бинобар бухор доштани таркиби он аст.

Оби ин карамро бинушанд, мастиро манъ мекунад. Каллакарамро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди пайвандхои баданро таскин медихад.

Вале агар онро дар об бо гушти фарбех мухарро пухта, бо чизхои гарммизоч бихуранд, хамаи зарархояш дафъ мегарданд.

Каллакарами сафед боднок, оруг меоварад, вале маниро зиёд мекунад, шахвати чимоъро бармеангезад, хусусан агар онро бо равган бирён карда бихуранд, ин хислаташ зиёда зохир мегардад.

Мизочи тухмаш гарм ва хушк аст.

Агар инро бо шароб ё пеш аз шароб нушидан истеъмол намоянд, мастиро манъ мекунад, хуморро пароканда месозад ва маниро зиёда мегадонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …