Главная / Гуногун / Калиди хамаи дарвозахои бихишт

Калиди хамаи дарвозахои бихишт

Аз Хазрати Умар ибни Хаттоб (раз) ривоят шудааст, ки Расулуллох (с) дар зимни каломи тулоние фармуд: «Хар касе аз шумоён ба таври комил тахорат бинамояд ва баъд аз тахорат кардан ин калимотро бигуяд, хар хашт дарвозаи бихишт барояш кушода хоханд шуд ва аз хар дарвозае, ки бихохад, метавонад вориди бихишт шавад». Калимот ин аст:

bihshat

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Ашхаду ал-ло илоха иллаллоху ва ашхаду анна Мухаммадан абдуху ва расулух.

 Фариштахо хангоми хоб дар ивази хар неки

дах-дах гунох аз инсонро пок мегардонанд

Расулуллох (с) мефармояд: «Вакте инсон мехобад, фаришта ба шайтон мегуяд, ки: «Номаи аъмоли уро бидех». У номаи аъмолашро ба фаришта медихад. Баъдан дар ивази хар некие, ки анчом додааст, дах-дах бади аз вай махв гардонида мешавад ва онхоро табдил ба неки мекунанд. Бинобар ин хар яке аз шумо вакте касди хобиданро мекунад, 33-маротиба «Субхоналлох» ва 33-маротиба «Алхамду лиллох» ва 34-маротиба «Аллоху акбар» бигуяд, ки инхо бо хам сад маротиба мешаванд».

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

naqliyot

Наклиёти Точикистон

Дар моххои январ-сентябри соли чори тавассути хамагуна наклиёт 58,8 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки …