Главная / Илм / Каламфур

Каламфур

qalamfur-2-610x330Каламфур — Ин растании машхур аст. Самараш дарозаки иборат аз пусти дарунхоли, дар аввал сабз ва баъди расидан сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо камтар талхист. Инро дар баъзе махалхои точикон иштибохан «занчабил» меноманд, вале дар хакикат занчабил чизи тамоман дигар аст ва занчабил дар шароити сарзаминхои мо намеруяд. Дар хусуси занчабил мо дар боло зикр намудем.

Мизочи каламфур дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, бодхои гализ ва балгами часпакро тахлил медихад, гиреххои узвхои даруни баданро мекушояд; агар инро бо асал бихуранд, бохро (пушти камарро) ба харакат меоварад, барои дарди дандон дору мебошад; кулинчро, ки варами рудахои гафс ва иловусро, ки варами рудахои борик аст, шифо мебахшад.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба халк зарар дорад — давои ин зиёнаш челон хурдан аст. Хурдани каламфур мизочи сарди одамонро ба эътидол меоварад. Микдори хурдан аз он дар як руз то 7 грамм аст.

red chilli peppers isolated on white background
red chilli peppers isolated on white background

Хотираеро оид ба хислати каламфур муаллифи ин китоб гуфтани хастам, ки соли 1952 рудахои ман башиддат варам карданд, хатто боди шикам хам намегузашт. Дар илочи ин ба хайрат мондам. Вале баъди муддате иродае ба сарам расид, ки чунин кардам. 15 адад каламфурро ду-ду даронида, дар як коса чургот як шаб тар карда, он чурготро хурдам — багоят тез гашта буд. Бо як косаи дигар чургот хам он каламфурро дубора тар кардаму чурготро ошомидам — аз азияти шадид начот ёфтам.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …