Главная / Гуногун / Кай фарзанди дуюмро таваллуд намоям?

Кай фарзанди дуюмро таваллуд намоям?

На хамаи волидон омодаанд бо як  хавас ва неруи созанда фарзанди дуввумро ба дунё оваранд. Зеро тифли аввал, фарзанди нахусте, ки холо 3 сола нашудааст вакт ва тарбияту таваччухи махсусро талаб менамояд. Бештаре аз модарон талош меварзанд,  касби хешро сайкал дода, аз хонашин буданашон пархез намоянд. Махз хамин сабаб аст, ки дар бархе  аз оилахо фарзандон бо 5 сол ва зиёда аз хам бартарият доранд.

kudaki-duvum

Тахлилхо зиёданд. Нафароне хастанд, ки баьд аз издивочи бархамхурда намехоханд боз як фарзанди дигаро бе падар ба воя расонанд. Аммо хушбахтона шумораи волидоне, ки озодона ва бо як мехру завки беинтихо мехоханд фарзандор шаванд,  кам нест. Занони бештар фарзандро баъд аз 2-3 сол пайи хам тавваллуд карда, сипас касби хешро шуруъ ё давом медиханд.

Аксарияти оилахои чавон тасмим мегиранд фарзанди дуввумро пас аз фарзанди аввал, ки синнаш  ба дабистон рафтан мерасад  ба дунё оранд. Чунки тифли 7 сола аллакай сохиби акл мешавад ва бар замми ин ба модари хеш боз як ёрдамчии дигар. Дар оянда хам вакти ба донишгох рафтани фарзандон ва ё оиладору хонадор кардани онхо ба мушкилии иктисоди вазнин дучор намешавад.  Ба хар хол тавллиди фарзанди дуввум дар оила масьулияти беандозаро такозо мекунад. Тачрибахо нишон медихад, ки занони бештар нимашаб хестан, ба тифл гизо додан ва уро ниёиш кардан ба хангоми хастагиву камкуввати ба душворихо дучор мегарданд.

Хотири чамь, болидаги, хоби дуруст — ин кафолати хаёти солим, хаёти солими модар аст, ки дар бисёр маврид ба у намерасад. Агар зан  аз он дур бошад, наметавонад  тифлро саломат ба воя расонад, зеро худ ниёз дорад ба истирохату рухболидагиянд.

Бо мурури замон пас аз тавллиди фарзанди нахустин зан боз эътикод мегирад хамон тифли кучаки бегунохро канор гирад. Дар у боз хиссиёти ишки модарона чуш мезанад, ки он хохищи тавллиди фарзанди дуввумро меорад.

Аз эхтимол дур нест, ки ин хиссиёт муддати 3 ё 5 сол баъди тавллиди фарзанди якум пайдо шавад. Хама аз он вобаста аст, ки ин механизм чи тавр сипари шуд ва оё у омода аст аз нав онро паси сар кунад? Тавллиди фарзанди дуввум бо хохишу маслихатхои шавхар низ вобаста  аст ва занон ба андешаи сутуни хонадон низ таваччух зохир менамоянд.

Тавофути хуби синну соли миёни фарзандон бояд 3 ё 5 сол бошад. Дар ин хангом кудакон  бо хам муносибати хуб пайдо карда, дустиро ба рох мемонанд. Иловатан дар ин муддат  организми модар низ пурра баркарор ва мустахкам мегардад. Мутахассисони низ иброз медоранд, ки занон пас аз тавваллуд бояд лоакал 3 сол танаффус кунанд.

Ба хамагон маълум аст, ки як мархилаи тавваллуд дандону, муй, нохун ва ба дигар узвхои зан таьсири манфи мерасонад. Аз ин лихоз табибон тавсия медиханд, ки дар давраи хомиладори бояд аз витаминхо истифода бурд.

Мухим ин аст, ки хаёти солимро бояд нигох дошт ва онро мебояд пас аз хомиладори низ мустахкам намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …