Главная / Маданият ва санъат / Кахру газаб ва бисёр хурдан

Кахру газаб ва бисёр хурдан

Кахру газаб ва бисёр хурдан

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: – Пахлавони ба гуштин гирифтан нест ва

марди бокувват он нест, ки касеро бияндозад, балки марди мардона касе аст, ки

дар холи газаб  худро нигох дорад.

Мард дар вакти газаб дар дасти шайтон чунон асир аст, ки хатари он бошад, ки уро на танхо дар маъсияту гунох, балки дар куфр андозаду вай хабар нашавад. Марде назди Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) омада гуфт: – Ё Расуллаллох, маро васияте кун  кореро, ки чун он кор кунам, аз оташи дузах халос ёбам.

Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) гуфтанд, ки дар газаб машав.

Он мард борхо мегуфт: – ё Расулаллох, маро васият кун, Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) хамин мегуфт, ки газаб макун.

Дар хадис омада аст, ки хар касе фуру хурад хашмро ва хол он ки кодир бошад бар рондани он хашм Худованди таъоло дили уро пурамн ва имон гардонад. Хар кадоме аз шуморо кахру газаб ояд, худро ба пахлу андозед, газаби шумо паст мешавад.

Дар бисёр хурдан дах офат аст: Аввал сахтдил шудан. Дувум берахм шудан. Сеюм кундфахми. Чахорум бехифзи. Панчум кохили. Шашум бехудаги.  Хафтум гурусна шудан ба гунох, яъне ба гунох рагбат кардан. Хаштум киёматро фаромуш кардан. Нухум мухточ шудан. Дахум хуриши кирмон шудан дар гур. Дар китоби тиб гуфта шуда аст, ки хама донишмандон ва табибон бар он акидаанд, ки асли хамаи касалихову беморихо дар хурдани бисёр аст.

Дар чимоъ харис будан низ хатари бузург дорад, ки шояд ба харом дар афтад ва мустахики расвои ва азоб гардад дар дунё ва дар охират. Чимоъ кардани бисёр магзро заиф кунад ва чашмро торик гардонад ва заъфи дил орад ва руйро зард ва кунад ва дигар зиёнхои бисёр дорад.

Илохо, шахвот ва лаззати нафсоние, ки мухолифи ризои ту бошад, бар дилхои мо сард гардон, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …