Главная / Чамъият / Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон

Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон

Моддаи 141-и Кодекси Мехнат. Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон

  1. Низоми кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнати кормандон инхоро дар бар мегирад:

1) Низоми тарифи, ки он аз унсурхои зерин иборат мебошад:

– меъёрхои тарифи (музди мехнат);

– чадвали тарифи;

– коэффитсиентхои тарифи;

– андозаи хадди акали музди мехнат дар Чумхурии Точикистон;

– андозаи меъёрхои тарифии дарачаи якуми Чадвали ягонаи тарифии кормандони сохаи бучетии Чумхурии Точикистон;

– тарифхои чумхуриявии музди мехнат – меъёрхои соатбайъ ё мохонаи тарифи (маошхо), ки сатхи музди мехнатро барои гуруххои мушаххаси кормандони касбию дарачадори ташкилотхое, ки аз бучети давлати маблаггузори карда мешаванд ва дотатсияхои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

– микдори зиёд намудани музди мехнат барои кор дар шароитхое, ки аз шароитхои меъёри фарк мекунанд, аз чумла барои корхои шабона, кор дар рузхои истирохати ва ид, зиёда аз вакти мукаррари кор кардан, махалхое, ки шароити номусоиди табиию иклими доранд, кор дар шароитхои зарарноку вазнини мехнат;

– чорахо барои нигохдории сатхи вокеии таъмини музди мехнат дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон;

– махдуд кардани нигохдории андозаи музди мехнат, аз чумла хачми андозбанди аз даромад;

– назорати давлатии пардохти пурраи саривактии музди мехнат ва амали намудани кафолатхои давлати оид ба кисмати андозаи он;

– чавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи оид ба музди мехнат.

  1. Мушкилоти ичрои кор дар асоси тарифкунонии онхо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дарачахои тарифи аз руи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабхои рохбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлати сурат мегиранд, ки онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  2. Кафолати давлати оид ба пардохти музди мехнат ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатхои мехнати мебошанд, тааллук дорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …