Главная / Чамъият / Кафолати чуброни зарар бо сабаби бад шудани саломати ё фавти корманд

Кафолати чуброни зарар бо сабаби бад шудани саломати ё фавти корманд

Моддаи 343-и Кодекси Мехнат. Кафолати чуброни зарар бо сабаби бад шудани саломати ё фавти корманд

  1. Агар корфармо бинобар таъсири кувваи рафънопазир ё касди чабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зарарро исбот карда натавонад, бояд ин зарарро бо тартиби пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд.
  2. Агар корфармо исбот намояд, ки зарар на бо гунохи у расидааст, хангоми расидани зарар дар шароити одди (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) у аз чуброн кардани зарар озод шуда метавонад.
  3. Музди аз дастрафта, харочоти бад шудани саломати, хамчунин зарари маънави бояд чуброн карда шаванд.
  4. Хангоми таъйин ва пардохти маблаг барои чуброни зарар музди мехнат, стипендия, нафака ва дигар даромади корманд ба хисоб гирифта намешаванд.
  5. Ташкилот ё вориси хукукии он ухдадор аст, ки ба корманде, ки дар натичаи ходисаи нохуш дар истехсолот маъюб шудааст, илова ба маблаги чуброни зарари барои чунин холатхо мукарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздахмохаи чабрдида кумакпулии яквакта пардохт намояд.
  6. Хангоми фавти корманд дар натичаи ходисаи нохуш дар истехсолот, ба оилаи у илова ба маблаге, ки барои шахсони дар таъминоти у буда мукаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди мехнати шастмохаи фавтида кумакпулии яквакта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар мекунанд.
  7. Дар холати фавти чабрдида хукуки гирифтани чуброни зарар ба шахсони гайрикобили мехнат, ки тахти саробонии мархум буданд ё то рузи фавти у ба гирифтани маблаг аз ин корманд хукук доштанд, хамчунин тифли мархум, ки баъд аз марги у таваллуд шудааст, мегузарад.
  8. Нафакае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъйин мегардад, ба хисоби чуброни зарар дохил намешавад.
  9. Корфармо зарари маънавиро дар сурати гунахкор буданаш ба расидани зарар ба андозаи бо ризоияти чабрдида ё шахрванд муайянгардидае, ки ба сабаби фавти чабрдида ба гирифтани чуброни зарар хукук дорад, чуброн мекунад. Хангоми ба миён омадани бахс андозаи зарари маънави ба тарики суди муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …