Главная / Чамъият / Кафолатхо ва чубронхо ба кормандоне, ки корпартои мекунанд

Кафолатхо ва чубронхо ба кормандоне, ки корпартои мекунанд

Моддаи 324-и Кодекси Мехнат. Кафолатхо ва чубронхо ба кормандоне, ки корпартои мекунанд

  1. Ширкат дар корпартои ихтиёрист. Хеч касро барои ширкат кардан ё накардан дар корпартои мачбуран чалб кардан мумкин нест.
  2. Ширкати корманд дар корпартои (ба истиснои ширкат дар корпартоихои гайриконуни) хамчун вайрон кардани интизоми мехнат ё асос барои бекор кардани шартномаи мехнати барраси шуда наметавонад.
  3. Музди мехнати кормандоне, ки дар корпартои ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти ичрои кори худро надоштанд, на камтар аз маблаги барои бекористи, ки ба он корманд гунахгор нест, дода мешавад.
  4. Барои давраи корпартои музди мехнати кормандони дар он ширкаткарда нигох дошта намешавад, агар дар шартнома оид ба халли бахс тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
  5. Кумитаи иттифоки касаба ва дигар намояндагони кормандон хукук доранд, ки аз хисоби пардохтхои ихтиёри ва хайрияхо фонди корпартои, фонди махсуси сугурта таъсис диханд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …