Главная / Чамъият / Кафолатхои давлатии бакортаъминкуни

Кафолатхои давлатии бакортаъминкуни

Моддаи 128-и Кодекси Мехнат. Кафолатхои давлатии бакортаъминкуни

Давлат ба шахрвандон дар сохаи шугли ахоли кафолатхои зерин медихад:

– хифз намудан аз тамоми шаклхои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор;

– тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигохубини кудакони то 3 сола машгуланд, инчунин ташкили корхои чамъияти барои бекорон;

– тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос, ташкили корхои чамъияти барои кормандоне, ки низоми нопурраи вакти кориро бо назардошти тагйир ёфтани истехсолот дар ташкилот доранд, инчунин хангоми азнавташкилдихи ва (ё) кам шудани хачми кор аз чониби корфармо;

– мусоидат барои рушди фаъолияти сохибкории хурду миёна;

– ташкили миёнарави дар сохаи мехнат ва шугл;

– пешниходи хизматрасонии касби ва рохнамои, маълумот оид ба чойхои кории холи;

– рохнамоии низоми тахсилоти касби барои тайёр намудани мутахассисон мувофики талаботи бозори мехнат;

– тахия ва татбики чорабинихо чихати ошкор ва конунигардонии муносибатхои мехнати;

– дар созишномахои сармоягузори мукаррар намудани ухдадории сармоягузор оид ба тайёркунии касби, таъсиси чойхои нави кори ва нигох доштани чойхои кории мавчуда;

– ташкили шароит барои рушди тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос бевосита дар ташкилот;

– хамкории мутакобилаи макомоти ваколатдор бо корфармоён оид ба масъалахои шугл;

– таъмини шароит барои бакортаъминкунии шахсоне, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …