Главная / Чамъият / Кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон

Кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо

    (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2005, №3, мод. 129)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 15-уми декабри соли 2004, № 1277 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 12 (кисми 3), соли 2004, моддаи 712) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 603 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 79) чонибдори гардидааст.

mardu-zan

Конуни мазкур муносибатхои оид ба таъмини кафолатхои конститутсионии баробархукукии мардону занонро дар сохаи ичтимои, сиёси, фарханги ва дигар сохахо ба танзим медарорад, хукукпоймолкуниро аз руи аломати чинси пешгири мекунад ва амалигардонии имкониятхои баробархукукии онхоро мукаррар менамояд.

БОБИ 1. КОИДАХОИ  УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конунимазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:

гендер, гендери –муносибатхои ичтимоии байни мардону занон, ки дар хаёти чамъияти, аз чумла хукук, идеология, фарханг зохир мегардад;

сиёсати гендери – фаъолияти давлати ва чамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатхои мутакобилаи мардон ва занон равона шудааст;

баробархукуки – хукук, ухдадори ва масъулияти баробари  мардон ва занон дар назди конун;

баробарии гендери – баробарии вазъи хукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо, ки ба харду чинс озодона инкишоф додани кобилияти тавонои, махорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёси, иктисоди, ичтимои, фарханги ва азхудкунии натичаи он имконият медихад;

– имконияти баробар – таъмини шароити якхела барои амалигардонии хукуки мардону занон мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, хамчунин аз руи принсипхои умумии эътирофшуда ва меъёрхои хукукии байналмилали;

– поймолкунии хукук (дискриминатсия) – хар гуна тафовут, истисно ё махдудгардони аз руи аломати чинси, ки ба паст кардан ё эътироф накардани хукуку озодихои мардону занон дар сохаи сиёси, иктисоди, ичтимои, фарханг ва дигар сохахо равона карда шудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини кафолатхои давлатии баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукуки ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон иборат аст.

Моддаи 3. Манъи поймолкунии хукук

Поймол кардани хукуки мардону занон манъ аст.

Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендери асос ёфтааст, (гузаронидани сиёсати давлати ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз руи чинс дар мавкеи нобаробар карор медихад), поймолкунии хукук  шуморида мешавад ва бояд бо тартиби мукарраркардаи Конуни мазкур бартараф карда шавад.

Чорахои зерин поймолкунии хукук намебошанд;

– чорахои махсуси хифзи саломатии мардону занон;

– мухофизати махсуси занон вобаста ба хомиладори ва таваллуди кудак;

– чорахои амали гардонидани нуктахои Конуни мазкур.

Моддаи 4. Вазифаи макомоти хокимияти давлати дар таъмини имкониятхои баробари мардону занон (баробарии гендери)

Макомоти хокимияти давлати дар доираи салохияти худ вазифадоранд:

– омузиши гендерии хизматчиёни давлатии хамаи макомотро тавассути системаи тайёркуни ва азнавтайёркунии кадрхои дастгохи идорахои давлати мунтазам ба рох монанд;

– барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он чумла ба воситаи кабули санадхои меъёрии хукуки, эхё ва эчод кардани расму оин ва гузаронидани чорабинихои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартхои ба баробархукукии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;

– барномахои махсуси рафъи поймолкунии хукуки шахрвандонро аз руи чинс тахия ва дар хаёт чори намоянд;

– ба барномахои давлати оид ба таъмини хукукхои конститутсионии шахрвандон, мустахкам кардани пойдории чомеа ва накшахои минтакавии амалиёт оид ба инкишофи сохаи ичтимои, дар баробари дигар чорахо, инчунин чорахои таъмини баробарии гендериро хамрох кунанд.

Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлати

Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлати кафолат медихад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохахои конунгузори, ичроия ва судии хокимияти давлати бо тарзу воситахои хукуки, ташкили ва гайра таъмин менамояд.

Моддаи 6. Кафолатхои давлатии таъмини имкониятхои баробари мардону занон дар сохаи маориф ва илм

Муассисахои маориф ва илмии хамаи шаклхои моликият вазифадоранд:

– ба мардону занон барои тахсилоти асосии умуми, миёнаи касби ва оли, хамаи намудхои таълими касби ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълими ва илми шароити баробар фарохам оваранд;

– курсхои махсуси таълими гендери чори намуда, ба инкишофи тахкикот барои масъалахои баробархукукии мардону занон, маърифатнокии гендерии шахрвандон мусоидат кунанд;

– барномахои таълими ва китобхои дарсиеро, ки таргиби поймолкунии хукукро аз руи чинс истисно менамоянд, истифода баранд;

– барои духтарони нохияхои кухистон, дехот хангоми дохил шудан ва давом додани тахсил дар муассисахои таълимии оли ва миёнаи касби шароити имтиёзнок мухайё намоянд.

Амали ин модда чараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисахои таълимии харбиро низ фаро мегирад.

Моддаи 7. Бахисобгирии вазъияти оилавии мардону занон хангоми ичрои вазифахои хизмати ва мехнати

Хангоми кабул ба кор, болорави дар хизмат, таълими касби, мукаррар намудани низоми мехнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз чумла хизматчиёни давлати, талаботи конунгузори оид ба хукук ва кафолатхои мардону занон ва вазъияти оилави бояд ба назар гирифта шавад.

Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он чумла вобаста ба танаффуси ичозатдодаи конунгузори дар фаъолияти мехнати, рухсатии хомиладори, таваллуд ва нигохубини тифл, адои хизмати харби тибки даъват, ичрои дигар вазифахои давлати системаи бозомузи ва такмили ихтисос дошта бошад.

БОБИ 2. КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТХОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ХАНГОМИ АМАЛИ ГАРДОНИДАНИ ХУКУКИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 8. Таъмини имкониятхои баробари иштироки мардону занон дар интихобот

Системаи интихобот дар Чумхурии Точикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёси хукукхои баробари интихобот ва кафолатхои онро таъмин менамояд.

Моддаи 9. Таъмини имкониятхои баробари мардону занон хангоми ташкили комиссияхои интихобот

Хангоми ташкили хайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон, комиссияхои вилояти, шахри, нохияви, хавзави ва участкавии интихоботи принсипи конститутсионии баробарии хукук ва баробарии имкониятхои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.

БОБИ 3. КАФОЛАТХОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТХОИ БАРОБАРИ

МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОХАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 10. Таъмини имкониятхои баробари мардону занон хангоми кабул ба хизмати давлати ва адои хизмат

Хангоми кабул ба  хизмати давлати, инчунин адои  он ба мукаррар кардани ягон хел махдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба чинс рох дода намешавад.

Рохбарони макомоти давлати, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд кабули баробари шахрвандонро ба хизмати давлати мувофики кобилият ва тайёрии касби новобаста ба чинсияти довталаб таъмин намоянд.

Барои ишголи вазифахои холи дар макомоти давлати, ки бо рохи гузаронидани озмунхо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартхои баробар таъмин карда мешавад.

Ба эълон кардани озмунхо танхо барои намояндагони як чинс рох дода намешавад.

Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон  дар озмунхо барои ишголи вазифахо дар хизмати давлати

Озмунхо барои ишголи вазифахои холи дар хизмати давлати аз чониби макомоти давлати гузаронида мешаванд.

Ба зиммаи хадамоти кадрхои макомоти давлати вазифаи ба комиссияхои озмунхо ба гайр аз хуччатхо дар бораи тахсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниход намудани дигар маълумоте, ки конун талаб мекунад, инчунин далелхо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифахои дахлдори макомоти давлати гузошта мешавад.

Чунин маълумот аз чониби хадамоти кадрхои макомоти давлати хангоми халли масъалахои аттестатсияи  хизматчиёни давлати, болорави дар хизмат, зиёд кардани маош пешниход карда мешаванд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТХОИ БАРОБАР БАРОИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОХАИ ИЧТИМОИ – ИКТИСОДИ

Моддаи 12. Вазифаи макомоти хокимияти давлати, худидоракунии махалли оид ба таъмини баробархукукии мардону занон дар сохаи ичтимои – иктисоди

Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли ва рохбарони ташкилотхо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захирахои иктисодии чамъиятро барои мардону занон, аз чумла дастрас будани амволи манкул ва гайриманкул, замин, дороии молияви, кредитхо, хамчунин фаъолияти сохибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадхои конунгузори манънашударо таъмин намоянд.

Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендери дар муносибатхои мехнати

Бо максади мусоидат кардан ба баробарии гендери дар муносибатхои мехнати корфармо (рохбари макоми давлати, ташкилотхои хамаи шаклхои моликият) корхои зайлро ба чо меоварад:

– барои мардону занон хангоми бастани шартномахои мехнати имкониятхои баробар мухайё менамояд;

– ба мардону занон чойхои (вазифахои) холии корро баробар дастрас мегардонад;

– барои мардону занон  хангоми ичрои кори якхела ё коре, ки киматаш баробар аст, музди мехнати (мукофоти) баробар медихад;

– барои такмили ихтисос, бозомузи, болорави дар хизмат имконияти баробар мухайё менамояд;

– шароити якхелаи бехатарии мехнатро, ки барои хаёт ва саломатии хам мардон ва хам занон зарур аст, таъмин менамояд.

Моддаи 14. Исботи касдан поймолкунии хукук аз руи чинсият

Дар сурати баррасии бахси  мехнати бинобар поймолкунии эхтимолии хукук аз руи чинс дар суд ё макоми дигар тибки даъвои корманд ё иттифоки касаба ва иттиходияи дигари чамъияти, ки манфиати кормандро химоя мекунад, гаронии исботи набудани касди поймолкунии хукук ба зиммаи корфармо меафтад.

Моддаи 15. Кафолати баробарии гендери дар мавриди ба таври оммави аз кор озодкунии кормандон

Дар сурати ба таври оммави аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисахо аз руи чинсхо риоя карда шавад.

Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномахои коллективи ворид кардани чорахои таъмини имкониятхои баробари мардону занон

Хангоми танзими муносибатхои ичтимоию мехнати тавассути шартнома ва созишномахои коллективи ба онхо ворид кардани нуктахое хатмист, ки баробархукуки ва имкониятхои баробари мардону занон, бехтар намудани шароитро барои мутобик гардондани ухдадорихои касби ва оилавии онхо таъмин намояд.

Макомоти иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиходияхои онхо, макомоти ваколатдори давлати вазифадоранд рафти ичрои ин шартномаю созишномахоро назорат намоянд.

Моддаи 17. Мушохидахои назорати  (мониторинг) оид ба риояи  баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо дар сохаи ичтимои – иктисоди

Макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади тахлили системаноки вазъи таъмини баробархукуки ва имкониятхои баробари мардону занон дар сохаи ичтимои -иктисоди, пешгуии  тагйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои тахияи чорахои пешгири ва рафъи далелхои поймолкунии хукук аз руи чинс, инчунин барои тайёр намудани таклифхо оид ба ташкили барномахои ичтимоии давлати ба таъмини имкониятхои баробари мардону занон дар ин соха мушохидаи (мониторинги) доими ташкил менамояд.

Натичаи мушохидахои назорати дар воситахои ахбори омма инъикос карда мешавад.

БОБИ 5. МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТХОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРХУКУКИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТХОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНХО

Моддаи 18. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар таъмини баробархукукии  мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо

Хукумати Чумхурии Точикистон дар таъмини баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо дар доираи салохияти худ:

– макомоти ваколатдори давлатии таъмини тараккиёти гендериро дар Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

– сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати ноил шудан ба баробарии ичтимоии мардону занон дар хамаи сохахои хаёти чамъияти муайян мекунад ва ичрои онро таъмин менамояд;

– барномахои максадноки (сохавии) чумхуриявиро дар бобати таъмини баробархукукии чинсхо тартиб медихад ва ичрои онхоро таъмин мекунад;

– фаъолияти макомоти ичроияи хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли дар бобати химоя ва таъмини баробархукукии мардону занон, масъалахои интихоб кардан ва ба мансабхои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрхои рохбарикунандаро, аз чумлаи занону духтарон ба рох мемонад ва назорат мекунад.

Моддаи 19. Салохияти макоми ваколатдори давлатии таъмини тараккиёти гендери  дар Чумхурии Точикистон

Макоми ваколатдори давлатии таъмини тараккиёти гендери дар Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ риояи Конунимазкурро мушохида менамояд ва хисоботи харсоларо оид ба риояи Конуни мазкур дар воситахои ахбори омма нашр мекунад.

Моддаи 20. Иштироки иттиходияхои чамъияти дар таъмини баробархукукии мардону занон  ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо

Иттифокхои касаба ва дигар иттиходияхои чамъияти, аз чумла иттиходияхои чамъиятие, ки бо максади амалигардонии принсипи конститутсионии баробархукуки ва имкониятхои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, хукук доранд:

– дар тахияи карорхои макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли оид ба масъалахои таъмини имкониятхои баробарии мардону занон дар сохаи ичтимои – иктисоди иштирок намоянд;

– дар судхо ва дигар макомоти давлати аз номи мардону занон намояндаги ва хукукхояшонро химоя кунанд.

Моддаи 21. Назорати давлатии риояи конунгузори оид ба баробархукукии мардону занон  ва имкониятхои баробари   амалигардонии  онхо

Назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукуки, ки барои таъмини баробархукукии мардону занон ва имкониятхои баробари амалигардонии онхо равона гардидаанд, аз чониби Прокурори генерали ва прокурорхои тобеи он ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 22. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                          Э.Рахмонов

            ш. Душанбе  1 марти соли 2005

            № 89_____________________

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …