Главная / Чамъият / Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи

Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи

Моддаи 312-и Кодекси Мехнат. Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи

  1. Агар ичрои шартномаи коллективи мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдихии (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тагйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он гайриимкон бошад, сохибмулк бояд хамаи имтиёзхои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигох дорад.
  2. Дар муддати се мох аз рузи гузаштани хукуки сохибмулкии ташкилот ба сохибмулки нав, дар байни у ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он хамаи мукарраротхои шартномаи коллективии каблан амалкунанда риоя карда мешаванд.
  3. Дар холати бархамдихии ташкилот то ба охир расидани мухлати амали шартномаи коллективи сохибмулк ё макомоти ваколатдори таъсисдихандаи ташкилот ухдадоранд, ки ба кормандон дар давоми мухлати бархамдихи маблаги барои халли масъалахои инкишофи ичтимоии коллектив, имтиёзхои инфиродии дар шартномаи коллективи пешбинишударо пардохт намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …