Каду самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Бехтарини он ширини берешаи он аст, ки бихуранд. Мизочаш дар дарачаи дувум хунук ва тар аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани он ба мизоч сарди меоварад, бар бадан об медавонад, гиреххои узвхои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исхоли номунтазами меъда ва табхои тезро шифо мебахшад.
Агар инро пухта бихуранд, хамчун гизо камкувват, аз меъда ба зуди мефурояд ва аз он моддаи солими бетаъм пайдо мешавад. Ин камхазмшаванда аст, зеро ки агар худашро танхо бихуранд, дар меъда зуд вайрон мешавад ва ба хар моддае, ки дар бадан бисёр бошад, ба зуди ба он табдил меёбад, инчунин бино бар осон табдилёбанда буданаш баъзан моддаи захрнок аз он ба амал меояд. Чун онро бо мевахои гуногун хамрох намоянд, кайфияти онро дигар месозад, монанди он, ки агар бо бихи ё оби гураи ангур, ё оби анор, ё сирко дар равгани бодом ё равгани софи зайтун пухта бихуранд моддахои солим дар бадан пайдо мекунад, барои одамони сафровимизоч ва гарммизочон, инчунин ба табхои тез фоида дорад.
Лекин хурдани каду барои беморони кулинч (колит) ва онро бисёр хурдан зарар дорад, зеро худи каду пайдокунандаи иллати кулинч аст. Агар бо чизи тези монанди хардал (горчица) бихуранд, дар бадан моддаи тез пайдо менамояд; бо чизи намакин бихуранд, моддахои шур пайдо мекунад; бо кабзиятовар моддаи кабзиятнок ва инчунин бо хар чизе, ки бихуранд, ба моддаи он табдил меёбад.
Оби кадуи хомро фишурда гирифта, бо шири чавонзанон даромехта, дар бини ва гуш бичаконанд ва ба такрори амал биёраи (палаки) бебаргашро куфта, ба сар гузошта банданд, дарди сари аз гарми, варами пардахои майна ва худи майна (менингит), хазаён, девонаги, варамхои гарм ва бехобиро шифо мебахшад.
Кадуро куфта ё тарошида, ба пеши сар гузошта банданд, варами гарми сарро тахлил медихад; инчунин дарди сари гарм ва хушкии майнаю бехобиро дафъ мекунад ва агар ба чашм гузошта банданд, варами гарми онро тахлил медихад.
Шустани сар бо оби каду, ошомидан ва дар бини чаконидани он дарди сари гармро таскин медихад ва хоб меоварад. Бо оби каду гаргара кунанд ё оби онро дар дахон гардонанд, дарди гулу ва дарди дандонро, ки хама аз гарми бошанд, шифо мебахшад.
Оби онро бо равгани гулисурх даромехта, нимгарм дар гуш чаконанд, дарди ин узвро сокин мекунад. Пусти хушки кадуро дар об чушонида, он обро батанхои ё бо равгани гулисурх даромехта, дар бини бирезанд, дарди дандонро таскин медихад.
Найчаи самари кадуро, ки гулаш хануз наафтода бошад, дар хамир печида, дар зери оташ пухта, оби онро ситонида, дар чашм чаконанд, зардии зардпарвинро аз он дафъ мекунад. Оби гулашро батакрор бичаконанд, чашмро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад.
Кадуро дар об чушонида, он обро бо тамри (хурмои) хинди ва шакар биёшоманд, тафси майнаро паст мегардонад, инчунин дарди сари гарм, васвос, девонаги ва дарди чашмро, ки сабабаш аз поён ба чашм баромадани бухороти меъда бошад, дафъ мекунад.
Кадуро бо кашки чав ё бо моши куфтаги пухта ё танхо худашро дар равгани бодом пухта бихуранд, барои дарди узвхои даруни сина ва сурфаи гарм дору мешавад. Кадуро дар об чушонида, он обро бинушанд, ташнаги ва харорати чигари гарммизочонро таскин медихад, инчунин хузнеро, ки аз бисёрии сафро ба судур пайваста бошад ва моддахои бегонаи баданро дафъ мекунад, вале ин боиси сустии меъда ва рудахо мегардад.
Гушти кадуро хушконида, чун орд махин куфта, дар дег бирён карда бихуранд, дарунро мебандад, ташнаги, тезии сафро ва хун, яъне фишори баланди онхоро таскин медихад, инчунин гамро хам дур мекунад.
75 грамм оби кадуро бо асал ва андак натрун (танакори армани) пухта бихуранд, дарунро мулоим мекунад, инчунин дарунро бо мулоимат меравонад; бо тамри хинди ва шакар пухта бихуранд, сафрои сухтаро бо исхол дафъ мекунад, рудахо ва гурдаро аз олоишхо пок месозад, инчунин барои гармии майна, дарди чашм ва табхои гарм даво мешавад.
Кадуро дар хамир печонида ва аз болояш гил молида, дар зери оташ дурустакак пухта, баъд обашро фишурда гирифта, 150 грамм аз он бо 35 грамм шакар ва бо шарбатхои гуногуни гуворои сардмизоч биёшоманд, харорати меъда, чигар, дил ва табхои тези дик (логаркунанда)-ро шифо мебахшад ва аксари беморихои тези гармро таскин медихад ва шифо мебахшад.
Абуали ибни Сино дар хусуси зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина) навиштааст, ки агарчи оби каду ба он фоида дорад, вале аз чихати дигар зарар хам дорад, бинобар он ки пешобро меронад. Кадуро пухта, бо сирко бихуранд, низ барои табхои тези сафрови, шикастани чушиши сафро ва хун, инчунин барои аксари беморихои гарми тез шифо мебахшад, низ зудтар аз меъда мефурояд. Агар инро бо гушт пухта бихуранд, боиси зуд ва хубии хазми он мегардад; бо хуришхои мош, нахуд, инчунин бо равгани бодоми ширин пухта бихуранд, сурфаро дафъ мекунад, низоми феъли майна ва баданро сара мегардонад, харорати чигар ва табхои гармро хомуш мекунад.
Кадуро бо гушти хурусчуча ва ё бо магзи тухми каду шурбо пухта бихуранд, иллати бехушшави ва табхои гарми бехушкунандаро шифо мебахшад, инчунин захри ахлоти захрнокро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои бемисл аст. Гушти кадуро куфта, аз ру бар меъда, чигар, гурда ва дигар узвхои даруни шикам ва сина гузошта банданд, тафс ва сузиши онхоро таскин медихад.
Пусти хушки кадуро куфта бихуранд, барои бавосир ва хунравии узвхои шикам даво мешавад. Хуллас, хамаи навъхои каду барои одамони гарммизоч (сафрови ва хуни), чавонон, мардуми минтакахои гарм фоида дорад. Вале барои одамони сардмизоч (балгами ва савдови), ба пирон ва касони минтакахои хунук зарар дорад; ба иллати кулинч гирифтор мекунад, бодангез аст, ба меъда гарони меоварад, иштихоро мебандад, балгам ва моддахои балгами ва савдови пайдо мекунад.
Кадуро бо кошуки дандонадор тарошида, пухта, бо чургот, хардал, сир (чеснок), мурч, намак ва наъноъ бихуранд, баъд барои сардмизочон мувофик мегардад, вале гармизочонро ба гайр аз бо намак ва камтар наъноъ хурдан раво нест.
Агар каду зарар кунад, илочаш кай фармудан аст ва бо шахдоб, каранфули гардан, зира, пиёзаки саломалек, наъноъ ва чизхои хазмкунандаи гарммизоч ва хушбуй хурдан, инчунин пухтани он бо равган ва дохил кардани мурч, хардал, чизхои гарммизочи дигар ва намак аст барои касони хунукмизоч. Вале барои касони гарммизоч ва сафровимизочон оби гураи ангур, оби анор, сирко ва монанди инхоро дохил намуда хурдан аст.
Кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихуранд, муътадилтарини мураббохост ва лазиз мегардад, майнаро кувват мебахшад, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, моддахои савдови ва беморихои аз бисёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар меъда балгам бисёр набошад, ин зуд хазм мешавад, вале агар балгам мавчуд бошад, худаш ба он мубаддал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукмизочон бехтар ва муносибтар аст назар ба шакарии он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва хазмкунанда мебошад, чушиш ва фишори баланди сафро ва хунро паст мекунад, хусусан таъми майхуш (туршу ширин) гирифтаи он барои гарммизочон мувофик аст, вале инаш барои хунукмизочон зарарнок мебошад.
Пусти хушки кадуро сухта, ос карда бипошанд, рафтани хунро аз чарохатхо манъ мекунад, захмхои хуранда, захми закар ва решхои хушкмизочро дафъ мекунад. Агар ин ордаки пусти сухтаи онро бо равгани нави гов сиришта гузошта банданд, сухтагии оташро ба ибро меоварад ва бо сирко сиришта гузошта банданд, доги сафеди пустро шифо мебахшад.
Тухми кадуро куфта, бо орди чав сиришта, батакрор гузошта банданд, барои сухтагии оташ даво мешавад. Кадуро куфта гузошта банданд, сурхбод ва варамхои гармро ба ибро меоварад.
Аз каду равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Оби гушти кадуи нав расидагиро гирифта, бо чоряк вазни он равгани кунчид ё равгани бунафша ва ё ду баробари от равгани бодоми ширин ва гайри он микдор андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор шуда рафтан мечушонанд — хислатхои тиббии ин монанди равгани бунафша ва равгани нилуфар аст. Мизочи ин равган сард ва тар мебошад.
Хислатхои шифобахши он: агар инро биёшоманд ва дар бини чаконанд, ба баданхои хушк об медавонад, майнаи хушкро рутубат мебахшад ва хушкии онро дафъ месозад, хоб меоварад; барои молихулиё, бехобии шадид, сурфаи гарм, дик (иллати логаркунанда) шифо мебахшад ва агар бимоланд, сахтихои баданро мулоим мекунад.
Чун пусти кадуро чудо карда, хусусан, ки хануз тухмаш норасида ва хом бошад, хамаи кисмхои он — гушт, шахм ва тухмашро бо чарбии гурдаи буз куфта, то хуб мухарро шудан бичушонанд ва баъд бигузоранд, ки хунук шавад, сони равгани дар руяш бударо бигиранд. Ин равган дар хама хислатхои тибби, яъне дар бобати рутубат бахшидан, сард гардонидан ва гайрахо аз равгани каду кавитар аст дар он холат, ки агар инро бо равгани кунчид бисозанд.
Чун сари кадуро бурида, дар чойи холии даруни он рими охани куфтаро пур намуда ва дахани онро бо хамон порчаи буридашуда махкам карда, чил руз бигузоранд, баъд оби онро гирифта, бо хино хамир созанду ба муй бимоланд, ранги хуб мешавад. Мизочи магзи тухми каду дар дарачаи дувум сард ва дар якум тар аст.
Хислатхои шифобахши каду: магзи тухмашро бихуранд, баданро фарбех мегардонад, барои дафъи дагалии узвхои даруни сина, хун рафтан аз шуш, сурфаи гарм, ташнаги, табхои гарм, захми рудахо ва хичак, ки хама аз бисёр гаштани моддахои тез ба амал омада бошанд, логарии гурда, сузиши пешоб (сузок) ва монанди инхо даво мешавад.
Равгани тухмашро бихуранд, бимоланд, бичаконанд ё дар бини бирезанд, ё гузошта банданд, хушкии майна, бехоби, сил, табхои гарм, дарди рудахо, ки аз чамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.
Равгани тухми кадуи ширинро бо чирми тухми он соида, гузошта банданд, захмхои сар ва бадани кудакон, гушаи дахан, баногуш, закар ва дигархоро шифо мебахшад. Микдори як бор хурдан аз тухми каду дар як руз то 32 грамм аст. Ба чойи ин магзи тухми тарбуз, бодиринг ва тарраро истеъмол намоянд, раво мебошад.