Главная / Чамъият / Кабули объектхо барои истифода

Кабули объектхо барои истифода

Моддаи 72-и  Карори шахрсози. Кабули объектхо барои истифода

  1. Кабули объектхои сохташуда барои истифода тибки талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
    2. Дар холатхои алохида, ки дар моддаи 73 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, объекти сохтмониро барои истифода сохибмулк (фармоишгар, сармоягузор ё иморатсоз) мустакилона кабул мекунад.
    3. Санади комиссияи давлатии кабул дар бораи ба истифода кабул кардани объекти сохташуда хангоми бакайдгирии давлатии хукуки моликият ба объекти мазкур асос мебошад.
    4. Санади комиссияи давлатиро дар бораи ба истифода додани объекти сохташуда бояд макоме, ки комиссияи давлатии кабулро таъин намудааст, дар мухлатхои зерин тасдик кунад:
    – барои объектхои таъиноти истехсоли дар мухлати на зиёда аз 5 рузи кори аз рузи ба имзо расонидани санад;
    – барои объектхои таъиноти манзилию шахрванди дар мухлати на зиёда аз 3 рузи кори аз рузи ба имзо расонидани санад.
    5. Санаи ба истифода додани объекти кабулнамудаи комиссияи давлатии кабул санаи тасдик шудани санад дар бораи ба истифода кабул кардани объект аз тарафи макоме, ки комиссияро таъин кардааст, ба хисоб меравад.
    6. Истифодаи объекти сохташуда бе хулосаи мусбии комиссияи давлатии кабул, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 77 Кодекси мазкур, ичозат дода намешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …