Главная / Чамъият / Кабристони Питовник (дехаи Богистон) дар нохияи Шахринав

Кабристони Питовник (дехаи Богистон) дар нохияи Шахринав

Дар ин сахифа коидаи дар кабрисон (кавристон- манзил – оромгох) зиёрат – аёдат кардан, гуронидани мурда ва дигар самтхои дахлдор оварда шудааст.

Ин Оромгох дар теппахои водии Хисор (кишлоки –дехаи) ба номи Мирзо Турсунзодаи чамоати Богистон вокеъ мебошад, ки масохаташ такрибан 2 гектарро ташкил менамояд ва он солхои 1977 кушода шудааст.

КОИДАИ ЗИЁРАТИ КАБРХО

Зиёрати кабр ба хотири панд гирифтан ва ёдоварии охират кардан савоб аст!

Аз Абусаъид «р» ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Ман Шуморо аз зиёрати кабрхо манъ мекардам, вале хозир мегуям, ки аз зиёрати кабрхо биравед зеро, ки дар зиёрати кабрхо панду ибрат аст ва чизе нагуед, ки газаби Худо ояд.

Хангоми дохил шудан ба кабрисон хондани калимоти зерин мустахаб аст.

«Ассалому алайкум ахладдиёри минал муъминин вал муслимин ва инно иншооаллоху бикум лохикун асъалуллоха ланов а лакумул ъофията»;

Салом бар Шумо муъминон ва мусалмонони ин диёр. Мо хам аз хости Худо ба Шумо хохем расид, аз Худованд барои Шумо талаби офият мекунам.

КАБРИСТОНХО             Шахси зиёраткунанда пас аз дохил шудан ба дохили кабрисон ба назди кабри наздикаш рафта, пушт ба тарафи кибла руй ба тарафи кабр истода, 5 ояти аввал ва 3 ояти охири сураи Бакара ё сураи «Мулк» – Таборак, ё ин ки  сураи Ёсин ва 11 маротиба сураи Ихлос, (Кул-хуваллоху ахад)-ро кироат мекунад, пас он савобашро ба рухи фавтидагон хадя мекунад.

  1. МУКАРАРОТИ УМУМИ
  2. Тартиби мазкур шароити нигахдори ва истифодаи кабристонхоро муайян намуда, масъулияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехотро дар ин соха мукаррар менамояд.
  3. Нигохдори ва истифодабарии кабристонхо дар худуди Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, коидахо оид ба нигахдории кабристонхо, анъана, расму оин ва маросимхои мардумии миллату халкиятхои мукими Точикистон ба амал бароварда мешавад.
  4. Нигахдори ва истифодабарии кабристонхо мутобик юа меъёрхо ва стандартхои экологи, санитарию гигиени, меъморию шахрсози, сухторнишони ва дигар ба рох монада мешавад.

КАБРИСТОН

 НИГАХДОРИИ КАБРИСТОНХО

  1. Кабристонхо – китъахои замине, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чудо гардида, барои чойгир намудани кабрхо ва дигар биною иншооти барои дафи таъиншуда пешбини шудаанд.
  2. Фаъолияти бевосита оид ба нигахдории ва истифодаи кабристонхо аз чониби макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва амал бароварда мешавад. Дар шахру нохияхое, ки макомоти худидоракунии шахрак ва дехот надоранд, нигахдории ва истифодабарии кабристонхо бевосита аз чониби макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати амали карда мешавад.
  3. Нигахдори, ободони ва таъмири кабристонхо аз хисоби маблагхои буччети маххалли, бучети шахрак ва дехот, маблагхои хайрия ва дигар маблагхое, ки санадхои меъёри хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад.
  4. Кабристонхо бояд хар руз барои зиёрат ва дафн кушода бошанд;
  5. Дар худуди кабристон вайрон намудани коидахои тартиботи чамъияити, аз чумла хозир шудан дар холати масти, шикастан ва нобут сохтани санги мазор ва нихолу дарахтхо, сухтани растанихои хушк ва дигар мавод, саронидани чорво манъ мебошад.
    1. Аз чониби макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бояд китоби бакайдгирии дафн ва санги мазор инчунин бастаи нигахдории хуччатхо ташкил карда шавад. Хуччатхои барои фафи зарури бояд тибки тартиби мукараршуда духта ва хифз карда шавад.
  6. Макоми худидоракуни шахрак ва дехот:
    1. Имконияти дар худуди кабристонхо тартиботро чори намуда, риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва Тартиби мазкурро таъмин намоянд;
    2. Имконияти дар худуди кабристонхо озодона харакат намуданро тавассути роххо ва гузаргоххои он фарохам меорад;
    3. Тоза нигох доштани худуди кабристонхо ва саривакт буридани нихолу дарахтони хушкшуда ташкил карда шавад;
    4. Таъмири чории панчарахои марзии кабристонхо, роххо гузаргоххо ва дигар биною иншооти барои дафн таъиншударо амали менамояд.

 

Оромгох

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …