Главная / Илм / КВАС

КВАС

kvasКВАС, як навъ нушокии ташнашикан. К.-ро дар хона низ тайёр мекунанд. Порахои нони чавдорро дар тафдон то сурх шудан мехушконанд. Ба нони хушк оби чуш рехта, 3 – 4 соат болояшро пушонда мемонанд. Зарф бояд шишагин ё сирдор бошад. К.-ро бо максади пешгирии оксидшави дар зарфи алюмини тайёр намекунанд. Киёми хосилшударо полида, ба он хамиртуруш, шакар, наъно меандозанд, бо сачакча мепушонанд ва барои расидан 10 – 12 соат мемонанд. Пас аз кафк кардан онро такроран меполанд ва ба шишахо гирифта, ба хар кадом шиша каме мавиз меандозанд. Шишахоро бо пуке, ки дар оби чушидаистода тар карда шудааст, махкам намуда, бо ресмон мебанданд ва 2 – 3 соат дар харорати хона нигох медоранд, баъд ба чои серун мемонанд. Пас аз се руз К. тайёр мешавад. Ба 500 г нони хушки чавдор 4 – 5 л об, 10 – 12 г хамиртуруш, 100 г шакар, 10 г наъно, 25 г мавиз лозим аст.
К. дар баробари хуштаъм будан, хосияти шифобахши низ дорад. К. нушокии хеле сергизо аст. Он яке аз давохои асосии халки барои табобати авитаминоз мебошад. Дар таркиби К. ба микдори зиёд микроэлементу витаминхо, мас., кислотаи шир, витаминхои гурухи В, калтсий, магний, фосфор ва аминокислотахо мавчуданд. К. ба фаъолияти аъзои меъдаю руда таъсири мусоид расонда, афзоиши микробхои бемориоварро пешгири мекунад, мубодилаи моддахоро ба сомон меорад. Барои одамони гирифтори гастрит, ки туршии меъдаашон паст аст, пеш аз хурок нушидани К. ахамияти калон дорад; ашхоси гирифтори нукси дил, галаёни хун, заъфи асаб ва табъашон хира бояд К.-ро бештар истеъмол намоянд.
К. сири дандонро мустахкам карда, ба захмхо шифо мебахшад, хастагиро рафъ месозад, ба одам нерую тавон ато мекунад. Мукаррар шудааст, ки К. рагхои хунро тоза карда, дар дили нахор ошомидани он ихрочи шираи меъдаро меафзояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …