Главная / Илм / КУТБУДДИНИ ШЕРОЗи

КУТБУДДИНИ ШЕРОЗи

nophoto-manКУТБУДДИНИ ШЕРОЗи (1236. Шероз – 1311, Чаранбоди Табрез), Абуссано Кутбиддин Махмуд ибни Масъуд ибни Муслихи Форсии Козарунии Шерози. Аз донишмандони маъруф ва ба кавле хохарзодаи Саъдии Шерози буда, ба Багдод, Димишк ва Миср сафархо кардааст. К. Ш. улуми аввалия, махсусан тибро дар назди падараш Зиёуддин Масъуди Козируни (ваф. 1250) омухт. Аз 14-солаги дар бемористон ба табобати маризон пардохт. Дар назди табибони машхури замонаш дониши тиббии худро такмил дод. Дар Табрез дар кори расадхона бо хоча Насируддини Туси хамкори мекард. Дар аксари илмхои диг. замонааш, монанди тиб, нучум, хикмат ва мусики низ забардаст буда, завки адаби ва карихаи шеъргуи низ доштааст. Дар риштахои гуногуни илм, аз чумла дар тиб таълифотхо дорад. «Рисола дар марази барас», «Рисолаи тибби», «Тухфату-с-саъдия» ва г. «Тухфату-с-саъдия» дар панч чилд буда, тафсири пурраи «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино мебошад. Муалиф дар мукаддимаи ин китоб мухтасари тарчумаи холи худро накл кардааст.
Ад.: Мухаммад Муъин, «Фарханги форси», ч. 6, Техрон, 1379, х. ш. Хочихалифа, Кашфу-з-зунун ан асомии –л-кутуби ва-л-фунун», ч. 6, Лубнон, 2007.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …