Главная / Илм / КУРБОНОВ Саид Сафарович

КУРБОНОВ Саид Сафарович

kurbonov-saidКУРБОНОВ Саид Сафарович (тав. 11. 02. 1950, дехаи Хонабачаи нох. Восеъи вил. Хатлон), духтури кудакон, доктори илми тиб (2002), проф. (2006), Аълочии тандурустии ЧТ (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1974). Ассистент (1974 – 76), аспирант (1976 – 79), ассистент (1972 – 92) ва дотсенти (1992 – 2003) кафедраи анатомияи одами ДДТТ, мудири кафедраи гистология (2003 – 06), мудири кафедраи анатомияи одам (2006 – 08). Аз с. 2005 ноиби ректор оид ба корхои таълими ДДТТ. Хамзамон аз с. 1994 чонишини декани фак-ти муоличави ва аз с. 1997 то 2005 декани фак-ти фармасевти буд. Дар мавзуи «Тавсифи морфологии гадудхо ва хосилахои лимфоидии узвхои даруни дар онтогенези баъди таваллуд» тадкикот мебарад. Дар мавзуи «Мачрои хунгарди дохилиузвии гурда мувофики меъёр ва хангоми перитонити тачрибави дар шароити води ва баландкух» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Тавсифи морфологии гадудхои кисми ректо-сигмоидии рудаи одам дар онтогенези баъди таваллуд» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 15 макола, 50 тезис, 5 дастури таълимию методист. Дар Ин-ти тиббии педиатрии Ленинград (холо Санкт-Петербург) аз курси такмили ихтисос гузаштааст (1983, 1988). Тахти рохбарии у 2 наф. рисолахои номзади ва 1 наф. рисолаи доктори дифоъ намудаанд. Бо ордени «Шараф» (дарачаи 2) мукофотонида шудааст.
Ос.: Динамика изменения площади почечных телец при перитонитах. «Медицина и здоровье», Д., 1997; Тибби давраи Сомониён. Конференсияи 46-уми солонаи ДДТТ, Д., 1998; Морфологические особенности адаптации железистого аппарата толстой кишки млекопитающих при разных типах питания. Дар кит. «Х-й международный симпозиум эколого-физиологические проблеммы адаптации, М., 2001; Методические разработки для проведения практических занятий по нормальной анатомии (спланхнология), Д., 2005; Сборник тестовых вопросов по анатомии. Центральная нервная система, Д., 2006.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …