Главная / Илм / КУНОК

КУНОК

qunok-448x330Кунок — ин растании зироатист ва донхои он дар сараш, ки гулашакл ва бо гафсии калтаки чупонон, дарозиаш то 20 сантиметр аст. Майсааш гуё ба килхои кутохак мемонад, ранги хушаи сараш сурхи чигари, пусти донхояш хам бо чунин ранг аст. Андозаи донхояш аз арзан майдатар, ялаккоси ва сахт мебошад. Хамчун гизо ин назар ба арзан бехтар аст, низ некуст барои даво истеъмол намоянд.

Мизочаш дар охири дарачаи якум хунук ва дар дувум хушк, хушкиаш аз арзан камтар аст. Хислатхои шифобахши он: ин хамчун гизо камкувват, вале хушккунандаи рутубатхои бадан аст, дарунро мебандад, пешобро меронад, аз меъда дер мефурояд. Агар мукашшари инро бо шири навдушида ва бо равгани тоза пухта бихуранд, гизои солим мешавад; узвхои даруни синаро мулоим мегардонад, мани пайдо мекунад. Вале дар узвхои бадан гиреххо ва дар хичак санг пайдо менамояд. Агар аз болои он асал ё шакар бихуранд ё бо яке аз ин хар ду истеъмол намоянд, ду зарари мазкураш ислох мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …