Главная / Илм / КУНЧИД

КУНЧИД

kunjit_-640x330Кунчид  — ин тухми растании зироати аст, ки аз ин равган мекашанд, онро ба руйи нон мемоланд, аз он халво мепазанд ва гайра. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дарачаи дувум гарм ва тар низ гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: хислати часпонандаги ва кушояндагии гиреххо дорад. Агарчи хангоми хурдан гизои кам аст, вале моддахои аз он хазмгашта дар чигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбех мекунад, овозро мулоим ва дуруштии халкро нарм мегардонад, ахлоти сухта, яъне балгам, хун, сафро ва савдои сухтаро ба ислох меоварад, рудахо ва макъадро мулоим мекунад, варамхои гармро тахлил медихад.

Кунчидро бо шароб биёшоманд, барои газидани каждум ва мори афьи даво мебошад. Як микдор кунчид, бо хамвазни он шакар ва кукнор, нисф вазни он магзи бодоми ширини куфта, дахяк микдори он банги сафед (яъне кирмрезонаки гулаш сафед) — хамаро куфта, хар руз аз ин таркиби чамъомада 25 грамм тановул намоянд, барои фарбех кардани бадан, кувват бахшидани бох давои бисёр хубест, чарбии гурдаро пайдо ва зиёд мекунад.

Аз куфтаи кунчид шира кашида, бо набот биёшоманд, сузиши меъда ва сурхруда, турш шудани рутубати савдовии меъда, сузонидани моддахои нушидашуда ва моддаи тезро аз бадан дафъ мекунад.Аз он шароб тайёр намуда, онро бо мудовамат бинушанд, меъда ва рудахоро мулоим мегардонад, санги гурдаро майда карда мерезонад.

7 грамм кунчидро бо 3,5 грамм чормагзи сухтаги бихуранд, хуни равони бавосирро катъ мекунад. Оберо, ки дар он кунчид чушонида шуда бошад, бо нахуд биёшоманд, хайзро равон мекунад, бачаи занони хомиларо аз шикам меафтонад.

Чун 50 грамм оберо, ки дар он кунчид чушонида шудааст, бо шароб ва обе, ки мавиз дар он тар карда шуда бошад, 38 грамм равгани кунчид, 12,5 грамм арпабодиён — хамаашро ба дили нахор бинушанд, хориши баданро, ки сабабаш чамъ шудани хун ва балгам бошад, дагалии пуст ва кафидани онро дафъ мекунад; агар инро бо канди сафед бинушанд хам, нафъи зиёдтар дорад. Кунчидро бо оби тариди сабир ва мавиз даромехта, бардавом лесида бихуранд, барои сурфа ва беморихои узвхои даруни сина, инчунин барои захми шуш даво мебошад.

Кунчидро бо тухми загир бихуранд, бохро кувват мебахшад, маниро зиёд мекунад. Кунчидро куфта, бо шароб биёшоманд, кулинчро, ки дард ва варами рудаи гафс аст, дафъ мекунад ва захри мори шохдорро аз бадан рафъ месозад.

Вале кунчид хангоми хурдан дерхазм асг. Ва агар инро бирён намуда, бо асал бихуранд, зуд аз меъда фуруд меояд. Кунчидро бардавом ва бо пусташ бихуранд, боиси бадбу гаштани дахан мешавад, хусусан, ки хангоми хоидан дар байни дандонхо бимонад, ин хам бад аст; низ дарди сар меоварад. Дар ин маврид асал бояд бихуранд, ки ислохи зарари он намояд.

Микдори як бор хурдан аз кунчид дар як руз 17,5 грамм аст. Инро барои давоги тухми загир иваз карда метавонад. Кунчидро куфта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад, пусти баданро мулоим мекунад, догхои сиёх, накши кабуди холкуби, дагалии асаб, кулинч (дард ва варами рудахои гафс), газидани мори шохдор, сухтагии оташро шифо мебахшад; баъди сухтани оташ ба зуди обила шуданро манъ мекунад ва дарди онро таскин медихад.

Баргашро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, муйро дароз ва сиёх мекунад, чушишхои сарро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад. Баргашро пухта гузошта банданд, варами чашмро тахлил медихад ва дарди луккосии онро таскин мебахшад.

Решаашро дар об чушонида, бо он об сар ва муйро бишуянд, муйро дароз ва сиёх мекунад, инчунин хушки ва сабусаки сарро дафъ менамояд. Равгани онро, ки аз тухми кунчиди пустдори бирёнкарда бигиранд, духн-ул-халл, яъне равгани кунчид меноманд, часпандагии ин зиёда мебошад ва агар аз кунчиди мукашшар равган бикашанд, часпандагии он камтар мебошад.

Кунчидро махин куфта, дар об бо даст то гарм шуданаш бимоланд, яьне мачак кунанд ва равган аз он чудо гардад, рутубат дар он зиёдтар аст. Он чи инро куфта, дар об чушонанд, то он ки равган дар руйи об чудо шавад, онро равгани кунчиди пухта меноманд.

kunjitМизочи равгани кунчид дар дарачаи дувум гарм ва тар аст. Кувваташ то хафт сол боки мемонад. Хислатхои шифобахши он: инро бо давохои муносиби хамин беморихои номбаршаванда бихуранд, гиреххоро мекушояд, дарун ва сахтихоро мулоим мекунад, дар чохои хушкмондаи аъзо рутубат пайдо месозад, баданро фарбех мекунад, сузишхои аз моддахои тез ходисшударо дафъ менамояд; барои зик-ун-нафас, сурфаи хушк, захми шуш, аз хушки чингак шудани аъзо кавитар аз худи кунчид дору мешавад, вале дар табобати сузиши пешоб монанди кунчид мебошад.

Агар инро бо мурчи сафед, яъне бо мурчи аз пусти сиёхаш чудо кардашуда дар об бичушонанд ва баъд нимгарм онро дар гуш чаконанд, гирехи даруни гушро мекушояд. Ин равганро бо сафедаи тухми мург даромехта бимоланд, сахтихо ва варамхои чашм ва гайричашмро тахлил медихад; бо равгани зайтун ва зардии тухми мург даромехта бимоланд, варами чашмро дафъ мекунад.

Аз ин равган ва муми занбури асал мумравган тайёр карда, ба руй бимоланд, ранги чехраро соф, неку, равшан ва мулоим мекунад. Агар батакрори амал бимоланд, чингак шудани узв ва дигар беморихоро, ки аз хушки бошанд, шифо мебахшад.

Агар ин равганро бардавом, яъне батакрор бимоланд, захми нагзак ва сухтагии оташро шифо мебахшад. Ба дарун истеъмол намудани ин равган барои одамони савдовимизоч зарар дорад, дерхазм аст, меъдаро суст мегардонад, инчунин, ба майнаи заиф таъсири бад дорад. Агар ин равганро бо пиёз ё бо андак хамиртуруш бичушонанд ва ё бо оби лиму ва дигар туршихо биёшоманд, зарари он ислох меёбад.

Микдори як бор ошомидан аз ин равган дар як руз то 7 грамм аст. Агар равгани кунчид дарёфт нагардад, равгани бодоми ширинро ба чойи он истеъмол намоянд, равост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …