Главная / Илм / КУЛУН

КУЛУН

kulunКУЛУН (Intestinum crassum), рудаи гафс. Аз кунчи илиосекали (мансуб ба рудаи тихигох ва курруда) ибтидо ёфта, то сурохи макъад давом мекунад. Дарозии К. ба хисоби миёна 150 см, кутраш 7 – 14 (дар аввал) ва 4 – 6 (дар охир) см аст. Девораи К. мисли девораи рудаи борик аз 3 кабат иборат мебошад: (серози, мушаки, луоби). Луобпардаи К. якчоя бо диг. кабатхои девораи он чинхои хилолшаклро ба вучуд меорад (муяк надорад). К. аз 6 кисм иборат аст: курруда, кулуни болорав, кулуни арзи, кулуни поёнрав, кулуни сигмашакл ва рудаи рост. Махалли ба рудаи арзи гузаштани рудаи болорав ва ба рудаи поёнрав гузаштани рудаи арзиро мувофикан хамихои чигар ва испурч меноманд.
КЛ
Кулун (рудахои нахиф ва тихигох бурида, рудаи арзии боло бардошта шудаанд). 1 – курруда; 2 – кулуни болорав; 3 – хами рости кулун; 4 – гуррихои кулун; 5 – кулуни арзи; 6 – хами чапи кулун; 7 – кулуни поёнрав; 8 – чарбу; 9 – кулуни сигмашакл; 10 – навори озод.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …