Главная / Илм / КУЛОЪ

КУЛОЪ

stomatitКУЛОЪ, афта, ярачахои гирда ё байзашакл, ки дар луобпардаи дахон ва баъзан узвхои дигар падид меоянд. К. бисёр вакт аломати стоматит, кутур, ангинаи табхоли мебошад.
К. асосан дар нуг ва канорхои забон, лаб, луобпардаи лунч, коми сахт, каъри чавфи дахон пайдо мешавад. Дар луобпардаи дахон падид омадани К. боиси дард, ихтилоли ихрочи оби дахон, бо душвори фуру бурдани лукма мегардад; гуддахои лимфавии зери чог калон мешаванд. Дар баъзе холатхо харорати бадан баланд гашта, аломатхои колит ба назар мехуранд.
К. дар чои обилачае пайдо мешавад, ки кафида дард мекунад. Бемори дар тули 7 – 10 руз инкишоф меёбад. Баъди шифо ёфтани К. дар луобпардахо изи он боки намемонад. Дар мавриди суст будани неруи мухофизии организм ярачахо ба хамдигар пайваста, ярахои калонро ба вучуд меоранд.
Муоличаи К. ба рафъи сабаби он равона шудааст. Аз дорухои таквиятбахш ва витаминхо низ истифода мекунанд, ба захмхо каротолин, равгани настаран, ангат ва г. мемоланд. Фарчоми маризи нек аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …